Главная / Илм / АҚОҚИЁ

АҚОҚИЁ

akokiyoАҚОҚИЁ (Robinia pseudoacacia), як навъ дарахти ороишист. Қариб дар ҳама ноҳияҳои Точикистон мерӯяд. To 16 м қад мекашад. Решааш устувор; қутри шоху навдааш 9,5 м; пӯстлохи шоху навдаҳояш дорчинии тира, навдаҳои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, да роз (12 – 24 см), думчааш кӯтоҳ (1,5 – 3,5 см), то ох. тирамоҳ намерезад. Ниҳолаш баъди 4 – 7 соли шинондан гул мекунад. Хӯшагулаш сафед, хушбӯй (дарозиаш 7 – 10 см). Мевааш ғилофакмонанд, 4 – 10 дона тухм дорад; тухмаш сабз ё дорчинӣ. А. да- рахти рушноипарвард аст; ба камобӣ тоб меоварад. Дар замини нарм ва ҳосилхез нағз рушду инкишоф меёбад (ниҳолаш то 7 – 10-солагӣ хеле тез месабзад). Аз гули А. глюкозиди робинин, равғани эфир, аз баргу гулаш ранг, аз тухмаш равған ва аз пӯстлоху чӯбаш моддаҳои даббоғӣ меги- ранд. Гули А. хеле сершаҳд буда, барои занбӯрпарварӣ аҳамияти калон дорад. Бо мақсади табобат гул, барг ва пӯстлохи А. истифода мегардад. Гули А.-ро дар ҳолати пурра нашукуфтан меғундоранд (дар ҷойи шамолрас дар ҳарор. 40 – 50°С хушк мекунанд). Пӯстлох ва барги онро метавон дар давоми давраи нашв ғундошт. Дар тибби қадим А. барои муолиҷаи бисёр бемориҳо истифода мешуд. Абӯалии Сино А.-ро барои муолиҷаи таб, гулмижа ва хирашавии чашм, ҷароҳати милки дан- дон, хунбалғамӣ, захми рӯда, боди фатқ (дабба), фаромадани бачадон, ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ва ғ. давои хуб ҳисобидааст.
Дар тибби муосир гули А. барои табобати бемориҳои пешобдон, гурда, дарди санги гурда ва шошадон, амрози меъдаю рӯдаҳо, тромбофлебит, радикулит, миозит, остеохондроз, тарбод, невралгия, грипп, сулфа ва илоҷи захмҳо кор фармуда мешавад. Истеъмоли ҷӯшоби пӯстлохи шохаҳои наврустаи А. барои рафъи туршии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, қабзияти шикам нофеъ аст. Алкалоиди робинин, ки дар таркиби узвҳои гуногуни А. вуҷуд дорад, заҳрнок мебошад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи давоҳои аз А. таҳиягашта эҳтиёт бояд шуд.
Ад.: Колесников А.И., Декоративная ден- дрология, М., 1960; Качалов A^., Деревья и кустарники, М., 1970; Бухарев Г.Ф., Куйиков Н.С., Альбом пчеловода, М., 1971; Флора Таджик- ской ССР, т. 5, Л., 1978.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …