Главная / Гуногун / Ҳаёти мадании Ҷопон (охири асри XIX ва аввали асри XX)

Ҳаёти мадании Ҷопон (охири асри XIX ва аввали асри XX)

Баъди воқеаҳои инқилобии солҳои 1867 – 1868 ҳукумати нав дар мамлакат ба татбиқи васеъи музаффариятҳои фарҳангии европавӣ ва америкавӣ шурӯъ кард. Чопи матбуоти даврӣ оғоз ёфт. Дар Нагасаки матбааи аввалин кушода шуд. Рӯзномаҳои “Токио нити – нити”, “Иоимурӣ” ва “Хаймин симбуп” нашр шудан гирифтанд.

Яке аз вазифаҳои дигаргунсозиҳои буржуазӣ азнавсозии маориф буд. Соли 1872 дар Ҷопон системаи намунавии маориф ҷорӣ карда шуд. Мамлакат ба 8 ҳавзаи маориф тақсим гардид.

7

Дар онҳо донишгохҳо кушода шуданд. Ин ҳавзаҳо ба 32 ноҳияи ҳар кадоми онҳо дорои мактабҳои миёна тақсим шуданд. Соли 1877 донишгоҳи Токио кушода шуд. Соли 1872 дар Ҷопон ба ҷои тақвими моҳтобӣ тақвими европавӣ ҷорӣ гардид. Амалдорони Идораҳои давлатӣ ба пӯшидани сару либос ва тарзи европавии ороиши мӯи cap гузаштанд. Баъдтар ин навгониҳои тарзи зиндагиро мардуми оддӣ низ қабул кард.

Ормонҳои знёиёни тараққихоҳ дар адабиёти романтиз солҳои 90-уми Ҷопон инъикос ёфтаанд. *Симои нисбатан маш ин равняӣ алабӣ Исикава Такубоку (1886 – 1912) мебошад. *На: нави Ҷопон бо номи Китемура Тококу (1868 – 1894) алоқаманд аст.

Даҳсолаҳои охирини асри XIX ва аввали асри XX фаъолияти нависандагони машҳури ҳамонвақтаи Ҷопон меояд. Дар байни онҳо Симадзаки Тессон (1872 – 1943), Кунию Деппо (1881   1908), Фатабатэй Хасагава (1864 – 1909), Токутб Рока (1868 – 1927) ва Нутсума Сосаки (1867 – 1916) буданд.

Ҷорӣ гардидани баъзе унсурҳои озодиҳои демократӣ ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоӣ ба ташаккули истеҳсолӣ, техникӣ ва маънавии ҷопониҳо ва пеш умумии Ҷопон таъсири мусбат расониданд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …