Главная / Ҷамъият / Аҳолии Тоҷикистон

Аҳолии Тоҷикистон

Аҳолии Тоҷикистон соли 2019 –ум ба 9,3 млн нафар омад расид.

Ном Аҳолӣ
(2018)
ҳазор тан
Паҳноварӣ,
ҳазор км²
Зичии аҳолӣ,
кас/дар 1 км²
Шумораи
ноҳияҳо
Марказ
Душанбе 938.3 0,12 7 758,0 4
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 262.2 64,1 3,3 7 Хоруғ
Вилояти Суғд 2425.3 25,2 95,3 14 Хуҷанд
Вилояти Хатлон 3054.3 24,6 117,8 24 Қурғонтеппа
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1907.2 28,6 56,2 13 Душанбе

Маълумоти иловагӣ  оиди аҳолии Тоҷикистон:

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тибқи таҳлилҳои ахир ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва боқимонда — 43 дарсад ва ё тақрибан нисфи аҳолии кишвар аз оби ошомиданӣ маҳрум ҳастанд. Тағоймурод Исломзода, раҳбари корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзили коммуналӣ”-и Тоҷикистон рӯзи 23-юми май дар як ҳамоиш, ки бо ширкати мақомоти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмилӣ дар Душанбе оғоз шуд, гуфт, ки бинобар таҳлилҳои ахир, барои пурра таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби ошомиданӣ, 2 миллиард доллар зарур аст.

Аммо вай гуфт, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони пайдо кардани ин маблағро надорад ва аз ин рӯ, аз созмонҳои коршарики Тоҷикистон даъват кард, ки дар амри бунёди хутути об, кӯмак кунанд. Ба гуфтаи Исломзода, танҳо бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ ва донорҳо бештар аз 1 миллион 200 ҳазор аҳолии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Бӯстон, Хоруғ ва Истиқлол метавонанд ба оби ошомиданӣ дастрасӣ ёбанд. Бино бар иттилои СММ, дар ҳоли ҳозир бештар аз 1 миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ маҳрум буда, бештар аз 2 миллиард сокини дигар ба назофату беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

rost-naselenie-tajikistana

Барӯйхатгирии аҳолиро на камтар аз як бор дар даҳ сол ё ҳангоми барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон доир карда мешавад. Қарор дар бораи баргузории Барӯйхатгирии аҳолиро ва муҳлати он на дертар аз 5 сол то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол ду дафъа Барӯйхатгирии аҳолиро баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба с. 1989 (тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина) аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол (1989–2000) ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32,5 дарсад то 26,5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67,5 дарсад то 73,5 дарсад афзудааст. Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд.

Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ (дар январи 2010) нисбат ба с. 2000-ум 1438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали с. 2010, 35,4 ҳазор нафар ё 0,5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд. Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар с. 2010 нисбат ба с. 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 дарсад, аҳолии деҳот 1059 ҳазор нафар ё 23,5 дарсад афзудааст. Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то с. 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили с. 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард. Д. Амонова.

Дар Тоҷикистон коэфитсенти умумии таваллуди аҳолӣ дар соли 2009 ба 1000 нафар 26,8, дар шаҳрҳо – 23,0, дар деҳот – 28,2; аз ҷумла дар ВМКБ – 17,9, вилояти Суғд – 27,6, вилояти Хатлон – 28,1, шаҳри Душанбе – 18,7, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 28,4 буд. Бо сабаби баланд будани потенсиали демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон) шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол аз сол паст меравад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисони Институти демография ва иқтисодиёти АИ ҶТ аҳолии Тоҷикистон соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад.

Марбут ба масоили аҳолӣ харитаҳои махсус тартиб дода мешаванд: харитаи ҷойгиршавии аҳолӣ, харитаҳои демографӣ (бо дар назар доштани ҳайати ҷинсӣ, синнусолӣ, ҳаракату ҷойивазкунии аҳолӣ ва ғайра), этнологӣ (ҳайати миллӣ, урфу одат, хусусияти антропологиву забонӣ ва ғайра) харитаи тақсимшавии аҳолӣ (аҳолии шаҳр ва деҳнишин) ва ғайра

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …