Главная / Ҷамъият / АҲАМИЯТИ ТАҲОРАТ

АҲАМИЯТИ ТАҲОРАТ

Таҳорат моро ба ибодат омода мекунад. Пеш аз ҳамаи ибодатҳо масалан, пеш аз намозгузорй, ё хондани Қуръон МО аввалан омодагй мебинем, яъне таҳорат мекунем. Бо туфайли таҳорат мо пок шуда дар назди Аллоҳ таъоло меистем ва кӯшиш мекунем, ки муҳаббат ва хушҳолии Ӯро ба даст орем.

image026-273x300Таҳорат моро покиза НИГ0Ҳ медорад. Дар давоми рӯз маълум аст, ки беш аз ҳама панҷаҳои даст, даҳон, бинй, рӯй ва панҷаҳои пой ифлос мешаванд. Ба сабаби таҳорат МО дар як рӯз якчанд маротиба ин узвҳоро шӯста аз микробҳо озод мегардем ва аз бемориҳо эмин мемонем. Бо воситаи тозагӣ мо саломатӣ, хурсандӣ ва оромӣ ба даст меорем. Тозагии даҳон низ барои беҳдошти саломатӣ хеле муҳим аст. Чунки даҳон яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи микробҳо мебошад. Шӯстани даҳон ҳангоми таҳорат гигиенаи даҳонро дар давоми рӯз НИГ0Ҳ дошта монеъи инкишофи микробҳо ва бӯи бади даҳон мешавад.

Таҳорат кори системаи гардиши хун ва асабро хуб мекунад. Асоси саломатӣ, кори мӯътадили системаи асаб ва гардиши хун мебошад. Шӯстани узвҳо ангоми таҳорат кори системаҳои асаб ва гардиши хунро ба эътидол меорад ва саломатии бадани моро мустаҳкам менамояд.

Таҳорат дилро аз ҳиссиётҳои бад пок месозад. Мо дар вақти таҳорат ёди Аллоҳ таъоло мекунем. Мо аз шайтон дур шуда, ба малоикаҳо наздик мешавем. Яъне таҳорат моро аз гунох ҳифз намуда, ДИЛИ моро аз фикру ҳиссиёти бад тоза менамояд.

Баъди таҳорат мо тӯҳфа мегирем Ҳар дақиқае, ки бо таҳорат ҳастем, аз гуноҳон ҳифз буда, дар дохили ибодат ҳисобида мешавем. Агар МО дар вақти аз дунё рафтан бо таҳорат бошем, ин марги ҳангоми ибодат мартабаи марги шаҳидро дорад. Ин атои бузурги Аллоҳ таъоло аст.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

«Эй касоне, ки имон овардаед! Вақте ки шумо ба намозхонй шурӯъ мекунед, рӯйҳои худ ва дастони худро то оринҷ шӯед, (ба дастони тар) сари худро масҳ кашед, пойҳои худро то буҷулак шӯед».

(Сураи Моида 6.)

САВОЛ: ФАРЗҲОИ ТАҲОРАТ КАДОМҲОЯНД?

  1. Шӯстани рӯй. Як бор шустани рӯй аз ҷои сабзиши мӯйҳо дар пешонй то зери манаҳ ва то гӯшҳо.
  2. Шӯстани дастон. Як бор шӯстани дастон то оринҷ.
  3. Масҳи сар. Як бор бо дасти тар масҳ кашидани чаҳоряки сар.
  4. Шӯстани ПОЙҲО- Як бор шӯстани ПОЙҲ0 бо буҷулакҳо.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …