Главная / Ҷамъият / АҲАМИЯТИ НАМОЗИ БОҶАМОАТ

АҲАМИЯТИ НАМОЗИ БОҶАМОАТ

Калимаҳои “имом ” ва “ҷамоат” чи маъно доранд?

Он касе, ки дар намоз пеш мегузарад ӯро имом мегӯянд. Ҳар касоне ки аз паси имом намоз мегузоранд, ҷамоат номида мешаванд. Якҷоя намоз гуштани се нафар ҷамоат ҳисобида мешавад.

Барои чй масҷидро “Хонаи Худо мегӯянд?

Масҷид биное мебошад, ки дар он ҷо мусалмонон гирд омада, бо ҷамоат намоз мегузоранд. Ба он хотир масҷидро “Хонаи Худо” меноманд, ки мусалмонон дар он ҷо намозу ибодат ва парастиши Аллоҳ Таъолоро анҷом медиҳанд.

namoz

Афзалияти намози бо ҷамоат дар чист?

Пайғамбари Худо(с) ҳамеша бо ҷамоат дар масҷид намоз мегузошт ва инро ба мо низ таъкид кардааст у (с) мефармояд, ки намози бо ҷамоат, назар ба намози танҳо гузошта шуда, бисту ҳафт маротиба аҷри бештар дорад. Пайғамбар (с) тарк намудани намози бо ҷамоатро намеписандид ва бо ҷамоат барпо доштани намозро сифати беҳтарини мусалмон меҳисобид.

Пайғамбари Худо (с) ба мо хабари хушро расонида мегӯяд, ки шахсе бодиққат таҳорат сохта, барои хондани намози боҷамоат меравад, дар ҳар қадами мондаи ӯ як гуноҳаш бахшида шуда, як савоб дар Номаи Аъмолаш навишта мешавад.

Намози бо ҷамоат ба мо чй медиҳад?

Намози боҷамоат дар дили мусалмонон ҳисси муҳаббат ва бародариро бедор мегардонад. Мусалмонон барои гузоштани намоз дар масҷид ҷамъ мегарданд. Вақти омаду рафт ва анҷоми намоз бо ҳамдигар вохӯрда, аз кору бор ва зиндагии явдигар огоҳ шуда, дар ҳолати зарурй ба ҳамдигар дасти мададу кӯмак дароз мекунанд.

Ҳангоми хондани худба ва амри маъруфу наҳй мункар ва дигар сӯҳбатҳо мо ҳукму фармон ва он чизҳои манъ кардаи Шариати дини Исломро фаҳмида мегирем, дар бораи ҳаёт ва ахлоқи Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) донишу маърифати худро бештар мегардонем. Дар вақти ибодати дастҷамъонаи Аллоҳ Таъоло мо хушнудй ва осоиши беҳадду ҳисобро эҳсос мекунем. Малоикаҳо атрофи моро фаро мегиранд, лутфу меҳрубонии Аллоҳ таъоло аз мо дур намегардад. Худованди мутаъол ибодати сарҷамъонаро дӯст медорад ва ба туфайли ин гуна ибодат саҳву хатоҳои дар намоз кардаи моро мебахшад.

Паёмбар Муҳаммад (с) мефармояд:

Савоби бештарро он касоне мегиранд, ки ба масҷид аз дур пиёда меоянд. Савоби шахси дар интизори имом ба хотири гузоштани намоз нишаста, хеле бештар аст, аз савоби он шахси танҳогузоре, ки намозро хонда, сипас ба Ҷ0ЙГ0ҲИ хоб медарояд

Пайғамбар Муҳаммад (с) мефармояд:

Ҳар касе ки дар хона мувофиқи нишондод таҳорат намуда, ба яке аз “Хонаҳои Худо” барои ба ҶО овардани яке аз фарзҳои Аллоҳ Таъоло меравад, ҳар як қадами Ӯ як гуноҳашро шуста, мартабаашро якдараҷа боло мекунанд.

Пайғамбар Муҳаммад (с) мефармояд:

Пайғамбар Муҳаммад (с) мефармояд: “Намози бо ҷамоат, гузошташуда, аз намози танҳо хондашуда, бисту ҳафт маротиба аҷри бештар дорад”.

Ҳангоми намоз сафҳоро чй гуна бояд орост?

Барои барпо доштани намоз дар сафҳои аввал мардон, дар миёна бачаҳо ва занон бошад, дар сафҳои охир меистанд. Агар аз паси сари имон як нафар муқтадй ният кунад у аз тарафи дасти рости имон ҶОЙ мегирад.

Дар вақти намоз сафҳо бояд рост бошанд ва одамон дар бари ягдигар чунон зич истанд, ки ҷои холигй намонад. Дар ҳолати дар сафи пештар будани ҶОИ холй, истодан дар сафи оқиб дуруст набуда, боиси макрӯҳии намоз мегардад

Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) таълим менамуд:

Сафҳоро рост доред. Ҷойҳои холиро пур кунед. Ба бародаре, ки барои рост кардани саф нохост аз дасти шумо мегирад, хушмуомила бошед. Ҳаргиз дар саф ҶОИ холй нагузоред, ки онро ЭҲТИМОЛ шайтон ишғол мекунад. Аллоҳ таъоло он шахсонеро ки сафҳоро ҷафс медоранд, хушнуд мегардонад. Аллоҳ таъоло он шахсонеро ки сафҳоро мустаҳкам намедоранд аз лутфу карамаш маҳрум мегардонад.

Абудовуд, Салот,93)

Муҳаммад (с) такид медошт, ки сафи рост яке аз шартҳои намоз мебошад. Худи Пайғамбар(с) байни сафҳо гашта онҳоро рост менамуд ва ҳукм мекард: “Як нафар наздик, дигаре дур наистед, то ДИЛҲОИ шумо аз яқдигар фарқ накунанд.” дигар намозҳо бо чамоат суннати муаққада мебошад. Бе сабаб тарк намудни намозҳои бо ҷамоат мухолифи суннати Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) мебошад.

Намози бо ҷамоат чӣ тавр гузошта мешавад.?

Пеш аз намози бо ҷамоат имом нияти хондани намоз ва имоматии намози бо ҷамоатро мекунад. Ҳар касе, ки азми хондани намози бо ҷамоатро дорад, бояд дар ният Ӯ муайян кунад, ки дар намоз ба имом пайравй хоҳад кард.

Ин ҷо дида мебароем, ки намози бо ҷамоати фарзи пешин чй Гуна гузошта мешавад.

  1. Аввал ният мекунем: “Ният кардам бигзорам чор ракъат намози фарзи пешинро, вақте ки бар ман аст, рӯй овардам ба Қибла, Қиблаи ман чиҳати Каъба, ИҚТИДО кардам ба имоми ҳозир истода, холисан ли-л-Лоҳи Таъоло”
  2. Баъди Такбири таҳримаи имом, муқтадиён пас аз имом онро бо овози паст такрор мекунанд. (Ҳамин тариқа, намозгуорон пас аз имом тамоми такбирҳои имом гуфтаро пеши худ такрор мекунанд).
  3. Баъд дастҳоро ба ҳам пайваста дуои “Субҳонака”-ро паст хонда ором меистанд. Дар давоми ракъатҳои минбаъда дар ҳолати қиём ҳеҷ кас аз муқтадиҳо дигар чизе намегӯяд. (Дар дигар намозҳои чаҳрия бадъи сураи “Фотиҳа” намозгузорони паси сари имом бо овози паст “Омин” мегӯянд).
  4. Дар вақти рукӯъ ҷамоат се маротиба бо овози паст “Субҳона Раббия-л-ъазим” мегӯяд. Имом “Самиъа-л-Лоҳу ли ман ҳамидаҳ” гуфта, рост мешавад ва онҳое, ки аз паси сари Ӯ намоз мехонанд, боло шуда, пеши худ мегӯянд: “Раббано лака-л-ҳамд”.
  5. Ҷамоат ҳангоми суҷуд пеши худ “Субҳона Раббия-л-аъло”-ро се маротиба мехонад.
  1. Дар вақти чалсаи аввал имом ва муқтадиҳо бо овози паст “Ат-таҳиёт”- ро мехонанд, дар вақти ҷалсаи охир бошад “Ат-таҳиёт”, “Салавот” ва дуои “Аллоҳуммагфирлй”-ро мехонанд ва пас аз имом ба тарафи рост ва чап салом медиҳанд.

Шахсони бо ҷамоат намозгузоранда дар вақти такбир, рукӯъ ва ростшавии минбаъда, дар вақти саҷда ва ростшавии баъди саҷда ва инчунин ҳангоми “салом” додан бояд имомро пайравй намоянд ва на аз Ӯ пеш гузаранд ва на аз ӯ ақиб монанд.

Агар МО аз намози боҷамоат ақиб монда бошем, чӣ тавр онро анҷом медиҳем?

Агар шахси ақибмонда фурсат ёфта, ният кард, такбир гуфта, пеш аз рост шудан имом аз рукӯъ, рукӯъ намуд, дар ин ҳолат ракъати хондаи ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Он шахсоне, ки дар раъкати дуввум ҷамоатро дарёфтанд, ният карда, такбир гуфта, аз паси имом ӯро пайравй мекунад. Дар ҷалсаи охир фақат ‘Ат-таҳиёт’’-ро мехонанд, баъд чун имом ба тарафи рост салом дод, “Аллоҳу Акбар” гуфта, салом надода аз ҷалса бармехезанд, то ки мустақилона он як ракъати бо имом нахондаро ба таври зерин гузоранд:

Он шахсе, ки дар ракъати сеюм ҷамоатро дарёфт кард, ният карда, такбир гуфта, аз паси имом ӯро пайравй мекунад. Дар ҷалсаи охир фақат “Ат-таҳиёт”-ро мехонанд. Сипас, чун имом ба тарафи рост салом дод, “Аллоҳу Акбар” гуфта, салом надода, бармехезанд, то ки ду ракъати бо имом нахондаро ба ин тарз гузорад:

Агар МО дар ракъати чаҳорум ба ҷамоат пайвастем, бо имом ЯКҶОЯ ракъати чорумро мегузорем ва дар ҷалсаи охир танҳо “Ат-таҳиёт”-ро мехонем. Сипас, чун имом ба тарафи рост ба салом додан шурӯъ намуд,”Аллоҳу Акбар” гуфта, бармехезем ва бо тарзи зерин боқимондаи намозро 6 ҶО меорем. Агар МО дар ракъати сеюми намози шом ҷамоатро дарёфтем, баъд аз он ки имом салом дод, бархоста ду ракъати боқимондаро бо тарзи зерин адо мекунем:

Агар шахси ақибмонда баъд аз он, ки имом аз рукӯи ракъати охир рост шуд, вориди намоз гардид, дар ин сурат пас салом додани имом аз ЧОЙ бархоста ҳамаи ракъатҳои намозро мустақилона ба ҷо меорад. Дар намози бо ҷамоат шахс дар он сурат намозро дарёфта ҳисобида мешавад, ки агар Ӯ ба намоз то вақти имом ба салом додан шурӯъ намудан, вориди намоз гардида бошад. Шахси ақибмондае, ки намозро дарёфтааст, баробари шахсоне, ки аз аввали намоз то охири намоз аз паси имом намоз хондаанд, савоб мегирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …