Главная / Биология / Аҳамият ва зарари хазандаҳои ҳозира

Аҳамият ва зарари хазандаҳои ҳозира

  1. Дар айни ҳол хазандаҳо ба ҳамдигар хешигарӣ дошта, аҷдоди онҳо, аз як тараф, ба Обхокиҳо, аз тарафи дигар ба паррандаҳову ширхӯрхо ҳамчун «кӯпруки биологй» алоқамандиро ба вуҷуд овардаанд.
  2. Аксарияти хазандаҳо микдори зиёди ҳашароту моллюскхои зарарнокро хӯрда, ба хоҷагиҳои мо ёрии амалӣ мерасонанд.
  3. Африкоиҳои ба соҳил наздик фермаҳои махсуси шахсӣ ташкил карда, аз пӯсти чандири тимсоҳҳо сумка ва пойафзоли сабуки базебу бадошт тайёр мекунанд.
  4. Мардуми Хитой, Корея, Япония бештар аз гӯшти хазандаҳо консерви болаззат тайёр карда, инчунин тухмашонро низ истеъмол мекунанд.
  5. Аз сипари Сангпуштҳо тугма, шона, хокистардон тайёр карда, онро барои зебу зиннати ҳар гуна чизҳои ороишӣ истифода мебаранд.
  1. Аз заҳри мор доруи сафедранги випроксин, випротокс тайёр мекунанд, ки барои касалиҳои тарбод, буғумдард даво аст.

sangpusht

Дар заводҳои доруистеҳсолкунӣ аз 1 кг заҳри хушки мор 600 тонна доруи молиданӣ тайёр карда мешаванд.

Зарари хазандаҳо дар он аст, ки онҳо тухми моҳию моҳичақо, баъзеашон растаниҳои сабз, дигарашон тухму чӯҷаи паррандагонро, мехӯранд. Баъзе аз Намудҳои заҳрноки он ба чорвою ҳайвонот ва одам заҳр мезананд, ки ин боиси касалӣ ва ҳатто марги онҳо мегардад. Ғайр аз ин баъзе аз хазандагони дарранда ба одам ё ҳайвоноти хонагӣ ҳуҷум ва таҳдид хам мекунанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …