Главная / Биология / Аҳамияти обсабзҳо дар табиат ва хоҷагии халқ. Муҳофизати онҳо

Аҳамияти обсабзҳо дар табиат ва хоҷагии халқ. Муҳофизати онҳо

Обсабзҳо яке аз организмхои ибтидоӣ ва қадимтарини сайёраамон ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷихат фақат бактерияҳо, ҳамчун қадимтарин организмҳо, ба онҳо баробар шуда метавонанд.

Дар давраҳои гузаштаи дури геологӣ обсабзҳо дар уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо васеъ паҳн шуда буданд. Обсабзҳо аввалин организмҳои сабзи фотосинтезкунанда мебошанд. То ба вуҷуд омадани обсабзҳо дар атмосфера оксиген қариб мавҷуд набуд. Дар раванди фотосинтез обсабзхо энергияи офтоб ва гази карбонати муҳитро истифода бурда, тавонистанд таркиби атмосфера ва обро бо оксиген бой гардонаид.

Тавассути намояндагони муайяни обсабзҳо олами гуногунхели ҳайвонот ба вуҷуд омад ва ривоҷу инкишоф ёфт. Обсабзҳо пешгузаштагони (аҷдодони) аввалини растаниҳои дар муҳити обӣ ва хушкӣ зиндагикунанда мебошанд. Онҳо дар давраҳои гуногуни геологӣ қабати ғафси ҷинсҳои кӯҳиро ба вуҷуд овардаанд. Аз рӯи таҳлили ҷинсҳои кӯхӣ олимон исбот кардаанд, ки обсабзхои аввалин тақрибан се миллиарду дусад миллион сол пеш аз замони мо пайдо шуданд.

ahmiyati-obsabz

Обсабзҳо дар ҳосилшавии иа танҳо оксигени атмосфера, инчунин моддахои органикӣ, ки ғизои асосии ҳайвоноту бактерияҳо ба шумор мераванд, фаъолона ширкат меварзанд. Обсабзҳо дар гардиши моддаҳо, хусусан, силитсий ва калсий дар табиат мақоми махсуси худро доранд. Дар тӯли солҳои дуру дарози таърихӣ ҷисмҳои нобудшудаи обсабзҳо дар қаъри баҳру уқёнусҳо ғун ғардида, такшинҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки онҳоро дар соҳаҳои гуноғуни хоҷагӣ самаранок истифода мебаранд.

Боқимондаҳои баъзе намояндагони обсабзҳо (обсабзҳои диатомӣ)-ро ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани хиштҳои сабуквазн истифода мебаранд. Чунончи, бо тахтасангҳое, ки аз боқимондаи обсабзҳои диатомӣ пайдо шудаанд, гунбази калисои Софияи Муқаддас дар Истамбул оро дода шудааст. Инчунин, ҳангоми тайёр кардани сементи хушсифат ба он боқимондаҳои обсабзҳои диатомӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Одамон аз замонҳои қадим сар карда, обсабзҳоро дар фаъолияти ҳаётиашон васеъ истифода мебаранд. Хусусан, мардуми мамлакатҳои назди баҳр (Англия, Франсия, Норвегия, Ирландия, ва ғайраҳо) обсабзҳоро ба сифати хӯрока ва ҳамчун хӯроки серғизо барои парвариши чорвои хонагӣ истифода мебаранд. Японҳо бошанд, аз обсабзҳо таомҳои гуногуни миллӣ мепазанд. Махсусан, ламинарияро, ки карами баҳрӣ ҳам меноманд, барои тайёр кардани таомҳои гуногун бештар истифода мебаранд. Орди аз обсабз гирифтаро барои тайёр кардани кулчаҳои қандин истифода мебаранд. Аз обсабзҳо моддаҳои гуногуни органикӣ – спирт, сирко, атсетон ва ғайраҳоро истеҳсол мекунанд.

Аз таркиби обсабзҳои сурх агар-агар ном моддаеро истеҳсол мекунанд, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ (агар он ба хамир ҳамроҳ карда шавад, нон мулоим истодан мегирад), истеҳсоли коғаз, матоъҳои синтетикӣ, пластмасса ва дорусозй васеъ истифода мебаранд. Инчунин, агар-агарро дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамчун муҳити ғизогӣ барои парвариши бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳо истифода мебаранд.

Аз обсабзҳои калонҷуссаи бӯр моддаи дигари пурқимат – алгин мегиранд, ки қобилияти баланди часпакӣ дорад. Онро барои истеҳсоли яхмос, равғани молидании рӯй, нахҳои сунъӣ, коғаз ва беҳтар кардани сифати нахи матоъ истифода мебаранд.

Аз таркиби хокистари обсабзҳои бӯр ва сурх йод ва бром (элементҳои кимиёвӣ) ҳосил карда мешавад. Азбаски обсабзҳои бӯр ва сурх аз элементи калий бой мебошанд, онхоро ба сифати нурии калийдор барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ истифода мебаранд.

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайрагӣ ва риштамонанд на фақат обро аз оксиген ғанӣ мегардонанд, инчунин онҳо ҳамчун ғизои хушсифат барои моҳиҳо, паррандагони дар об шинокунанда сарф мешаванд. Орди аз обсабзҳо тайёркардаро ҳамчун ғизои пурқимати чорво истифода мебаранд. Дар таркиби як тоннаи чунин орд 180 кг намақҳои калийдор, 16 кг моддаҳои органикии нитрогендор, 10 кг фосфор ва бисёр дигар моддаҳои зарурӣ ва хеле муҳим мавҷуданд. Баъзе обсабзҳои дар хок зиндагикунанда дар якҷоягӣ бо бактерияҳо ва дигар омилҳои зарурӣ дар раванди пайдошавии хок фаъолона иштирок мекунанд.

Беназоратӣ ва аз ҳад зиёд афзудани обсабзҳо дар обанборҳо, иншоотҳои обёрикунанда ва ҳавзҳои моҳипарварӣ метавонад ба фаъолияти хоҷагидории инсон зарар расонад. Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо назорати қатъӣ бурда, сари ҳар чанд вақт ин иншоотхо ё обанборҳоро аз обсабзҳо тоза мекунанд.

Барои сабзиши самарабахшу мӯътадили обсабзхо шароитҳои хуби инкишофи онҳоро муҳайё кардан лозим аст. Ифлосшавии обанборҳо дар натиҷаи ба он ҷо дохил шудани партовҳои саноати химияёвӣ, чӯбкорӣ, коркарди метал, пӯст ва ҳар гуна маводхои заҳролудкунанда боиси нобудшавии обсабзҳо ва дигар организмҳои ҳамрох зиндагикунанда мегарданд. Ҳамин тавр, заҳролудшавии баҳру кӯлҳо ва обанборҳо ба фаъолияти ҳаётии растаниҳо, ҳайвонот ва одамон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар он, муҳофизати обсабзҳо ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити обӣ ва таъмин кардани фаъолияти ҳаётии сокинони обӣ, дорои аҳамияти калон мебошад.

  1. Обсабзҳои сабз дар табиат чӣ аҳамият доранд?
  2. Пайдошавии оксиген ва моддаҳои органикӣ бо обсабзҳо чӣ алоқамандӣ доранд?
  3. Боқимондаҳои такшиншудаи кадом обсабзро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд?
  4. Обсабзҳоро барои истеҳсоли кадом моддаҳои химиявӣ истифода мебаранд?
  5. Одамон обсабзҳоро ба кадом мақсадҳо истифода мебаранд?
  6. Барои чӣ обсабзҳоро муҳо>физат кардан зарур аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …