Главная / Илм / АҲМАДОВ Карим Юсуфович

АҲМАДОВ Карим Юсуфович

1332971328_caffeine_molecule_by_xl8rАҲМАДОВ Карим Юсуфович (тав. 19. 11. 1917, Хуҷанд), физиолог, доктори илмҳои тиб (1967), проф. (1968). Ин-ти давлатии тиббии Тошкентро с. 1941 хатм карда, ба хизмати ҳарбӣ меравад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45), духтури калони полкҳои савораи 267 ва 219-уми дивизияи кавалерии 104-уми Тоҷикистон, полки кавалерии гвардияи 56-уми дивизияи кавалерии гвардияи 14, майори хизмати тиббӣ. Дар муҳорибаҳо аз Сталинград то Элба иштирок кардааст.
Ассистент (1947 – 59), дотсент (1959 – 67) ва мудири кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ (1967 – 82). Аз с. 1982 дар нафақа аст. С-ҳои 1953 – 57 вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Зиёда аз 90 асари А. ба омӯзиши таъсири норасоии оксигени ҳаво ва механизмҳои мутобиқати системаҳои мухталифи функсионалӣ (дилу раг, нафаскашӣ) ҳангоми гипоксияи таҷрибавӣ дар шароити баландкӯҳ бахшида шудаанд. Доир ба мавзӯи «Тағйироти фаъолияти олии асаб ҳангоми норасоии оксиген» рисолаи номзадӣ ва оид ба мавзӯи «Нафаскашии берунӣ ва танзими он дар шароити гипоксияи баландкӯҳӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. А. аъзои Раёсати шӯрои марказии Ҷамъияти умумииттифоқии физиологҳои ба номи И.П. Павлови назди АФ ИҶШС, раиси Ҷамъияти физиологҳои ҶТ буд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. (даъвати 4). Бо 8 орден ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ос.: Дыхание человека при высокогорной гипоксии, Д., 1971.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …