Главная / Гуногун / Афсонаи охирин

Афсонаи охирин

Нилуфар, духтараки ҳаштсола, тайи се соли охир қариб ҳар моҳ аз марди ношиносе мактуб мегирифт. Мард дар рўи лифофа на суроғашро менавишту  на ному насабашро. Танҳо имзое дошт: Марди ношинос. Мактуби марди ношинос ҳамеша бо аҳволпурсии муқаррарӣ оғоз меёфт ва пасон ў ба нақли афсонаи кўтоҳе мепардохт. Аҷаб номҳои зебо доштанд афсонаҳояш: «Духтарак, шаҳпарак ва гули бобуна», «Маро ҳамроҳ баред, эй турнаҳо!», « Ишқи ятим ва шоҳдухтар», « Чаро абр гиря мекунад?» ва ғайраҳо. Ҳарчанд модар ҳамеша барояш афсона мегуфт ( бештар аз китобҳо мехонд), духтарак чунин афсонаҳоро боре ҳам нашунида буд. Духтарак ҳаргиз аз модар намепурсид, ки он марди афсонагўй кист?

zamburi-asalЎ мисли он ки одам ба тағйирёбии шабу рўз одат мекунад, ба афсонаҳои он мард одат карда буд. Агар мактуб каме таърих кунад, дилтанг мешуд, ғусса мехўрд. Модар бошад, соҳиби мактубро аз ҳусни хаташ мешинохт. Аммо ин сирро ба духтарак ошкор намекард. Шояд мехост, дили нозуки ўро озурда накунаду қалби беолишашро ба он мард сард нагардонад. Духтарак падар надошт, хоҳар надошт, додару бародар надошт.

Танҳо худаш буду модараш. Вай ҳаргиз аз модар намепурсид, ки чаро ў мисли дигарон падар ва хоҳару бародар надорад. Модар бошад, шабу рўз аз даргоҳи парвардигор тавалло мекард, ки духтарак ҳаргиз ин суолҳоро ба забон наорад.

   Ҳар гоҳе ки модар мактубро аз қуттии почтаи дар даромадгоҳи хонаашон овезон мегирифт, духтарак ба чашмони умедвор ба рўи ў дида медўхт. Модар ҳарфе намезад ва чун ба хона ворид мешуданд, маъюс мактубро боз мекард ва бо овози баланд ба хондан меоғозид. Духтарак  то охир гўшу ҳуш шуда афсонаи навро гўш мекард ва аз чӣ бошад, ҳамеша  чун афсона поён меёфт, оҳ мекашид.

    Дирўз низ духтарак мактуб гирифт. Марди ношинос пас аз аҳволпурсии муқаррарӣ навишта буд:

   “ Нилуфари азиз! Ман имрўз  ба ту афсонаи охиринро мегўям. Ту гумон накунӣ, ки ин шуғли ҳамешагӣ ба бадам зада бошад ва ё дигар афсона намедонам. Не! Не! Ман ҳозирам тамоми умр барои ту афсона гўям. Аммо… Чанд рўз аст, беморам. Метарсам, ки маро марг дар ғафлат мегузораду афсонаи охиринам ногуфта мемонад. Ин афсонаро ман бояд ҳатман ба ту гўям. Зеро он афсонаи умри ман аст.

Буд, набуд, як зану шавҳар буд. Зиндагии хушу хуррам ва хонаи обод доштанд онҳо. Рўзгорашон тинҷу осуда буд, камбудиашон танҳо ин буд, ки фарзанд надоштанд. Ва ин боли онҳоро шикаста, ҳама хушиҳои зиндагиро барояшон талх, офтоби тори сарашонро сард, нури маҳтобро тира гардонда буд. Шабҳо ҳарду ба Худо нола мекарданд, ки барояшон фарзанд диҳад. Аммо Худои бахшандаву меҳрубон лобаҳои онҳоро намешунид. Рўзҳо паи ҳам мегузаштанд, моҳҳо дунболи якдигар сипарӣ мешуданд, солҳо мурур мекарданд. Зиндагии онҳо низ якранг ҷорӣ мешуд. Хонаашон ҳамоно сарду холӣ ва хонаи дилашон аз он бештар сарду торик буд. Ҳарчанд мекўшиданд, барои дилашон таскин намеёфтанд. Гоҳе зан, шояд барои таскину дили худу ҳамсараш, аз рўзгори авлиёву анбиёҳо, ки дар ин дунёи рўшан рўи фарзандро надида, рахти сафар бастаанд, қиссаҳо мегуфт.Ҳамин тариқ ҳарду лаҳзае худро тассалӣ медоданд, ки дар чанги ин дард танҳо нестанд. Чун он мардони бузург ҷуз ба тақдир тан додан дигар чорае наёфтаанд, аз дасти онҳо, бандаҳои хоки чӣ меояд? Аммо ин тассалои дилашон зуд мегузашту боз ба ғам мепайвастанд.

Оқибат косаи сабри зан лабрез шуд ва тифлеро фарзанд хонд. Аммо мард мехост, фарзанди худашро дошта бошад. Ва ба рағми қарори занаш хонаи ободи худро тарк карда, ба сафар баромад.Аммо дар ягон шаҳр орому қарор намеёфт, чанд муддат дар як шаҳр мезист ва боз роҳашро идома медод. Оқибат дар як деҳаи сарсабзу хушбоду ҳавое зиндагӣ ихтиёр кард. Чун бештарин сокинони он деҳа ба боғдорӣ машғул буданд, мард низ боғи калоне бунёд кард. Дуввумбора хонадор нашуд. Ягона ҳамрозу ҳамдами ў дарахтон буданд. Якеро писар хонда буду дигареро духтар. Ҳар рўз дар байни онҳо гашту гузор мекарду ҳамроҳашон сўҳбат меорост. Гўё забони онҳоро мефаҳмид, аз ҷунбишашон рамуз мегирифт: вақте ки аз дами бод баргҳо меларзиданд, мард завқ мебурд, табассум мекард: рақс кунед, духтараконам, баҳор даргузар аст, ин рўзҳо ғаниматанд, – зери лаб пичиррос мезад вай. Сари долу дарахтонро сила мекард, барояшон шеър мегуфт, тарона мехонд.

Ҳамин тариқ рўз мегузаронд мард. Вай хушбахт буд, ки оқибат хотираш ҷамъ шуд. Дигар ў азоби бефарзандӣ намекашад, дилаш хун намешавад. Аммо ин хурсандии ў дер давом накард. Ногаҳон бемор шуд. Азбаски аз фурўши меваҳои боғаш даромади хуб дошт, барояш аз ҳафт иқлим табиб оварданд. Табибон ўро муоина карда, дорую дармони зиёд тайёр мекарданд, аммо якеаш ҳам ба дардаш намехўрд. Рўз аз рўз аҳволаш бад шуда, пўсту устухон мегашт. Зеро чизе ба даҳон намебурд, ҳама шабу рўзаш ба хоб мегузашт. Ў аз зиндагӣ дил канда буд, маргро ҳарчи зудтар фаро мехонд, аммо марг диранг мекард.

Тифоқан рўзе дари ўро кампире кўфт. Бечораҳоле буд, нон металабид. Азбаски мард то дер дарро накушод, кампир худ онро боз карда, садо дод:

– Касе ҳаст?

– Ҳаст, – ҷавоб дод мард.

– Чаро дарро боз намекунӣ?

– Беморам, – посух дод мард.

– Чӣ дард дорӣ?

– Худам ҳам намедонам.

Кампир сари болини бемор омада нишаст ва чанд лаҳза ноҷунбон ба чеҳраи мисли заъфарон зарди ў дида дўхта, сар ҷунбонд.

– Решаи дарди ту аз як гуноҳи азим об мехўрад, – гуфт кампир. – Замоне гуноҳе содир кардаӣ, неъмати худододро пушти по задаӣ.

– Ёд надорам, – нигоҳи ҳайрат ба рўи кампир дўхт мард. – Чӣ гуноҳе аз ман сар задаст, ки ин қадар ҷонамро дар қабзаи ранҷ мефишорад?

– Аз ман мепурсӣ?! Андеша кун, шояд ба ёдат расад. Паноҳат ба Худо! – гуфт кампир ва аз ҷой хеста, сўи дар рафт.

– Биист, – гуфт мард. – Дар он сандуқчае, ки дар тоқча мебинӣ, ҳама пасандози ман маҳфуз аст. Бигиру бирав, ки дигар ба он эҳтиёҷ надорам.

Кампир бирафт.

Мард рўй ба девор гардонд ва ба дарёи андеша ғўта зад. Аз рўзе ки ақли худро шинохт, рўзгорашро пеши назар овард, дар кўраи андеша гудохт. Азбаски дар умри худ пишаки касеро пишт нагуфта, хаси нафареро беҷо накарда буд, ба риштаи андешаҳояш гиреҳ афтод. Ва нохост ба гўшаш боз садои ҳамон тифлаки маъсума, ки чандин сол пеш ҳини аз хона бадар рафтанаш якзайл гиря мекард, баланд шуд. Чашмони пўшидаи кўдаки парпеч ва садои гиряаш, ки дар гулўяш мепечид, пешорўи мард ҳувайдо гаштанд. Он рўз низ мард ҳар қадар аз хона дур мешуд, овози гиряи тифл баландтар дар гўшаш садо медод, ба асабаш латма мезад. Мард бори охир ба ақиб нигарист ва дар дами дарвоза ҳамсарашро дар даст тифли парпеч дид. Дигар ба ақиб нанигарист. Мехост ҳар чӣ тезтар аз хонаи худ дур шавад, то садои тифл ба гўшаш нарасад… ва худро ба оғўши шаҳри серодам зад. Аммо ба кадом гўшаи шаҳр мерафт, гиряи тифл дар бехи гўшаш садо медоду садо медод, ба торҳои асабаш нохун мезад. Оқибат мард ба танг омада, аз шаҳр фирор кард. Аз шаҳри худ гурехт, аммо аз худ гурехтан магар имкон дорад?!

Мард аз девор рўй гардонда, кўшиши хестан кард, аммо натавонист. Дигар ёрои хестан, худро ба коре ё фикрати дигар андармон кардан надошт. Ноилоҷ дар ҳавои якнавохти гиряи дилреши тифл он рўзгори мозиро бо ҳама ҷузъиёташ пеши назар оварда, дар панҷаи надомат он қадар сўхт, ки то субҳ ба мурғи самандар табдил ёфт. Андаруни хокистар хеле пар зад, аммо қудрати парвоз кардан надошт. Мегўянд, ки агар он тифл гуноҳи ўро бубахшад, мард аз нав ба дунё меояд…

Духтарак то охир афсонаро шунида, тибқи одат оҳ кашид. Модар парешонҳол мактубро чорқат карда, баргашта ба лифофа андохт.

– Оча, он мард аз нав таввалуд мешавад? – пурсид духтарак.

– Намедонам, – посух дод модар. – Ту мехоҳӣ, ки вай аз нав таввалуд шавад?

Духтарак бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва дастонашро ба гардани модар ҳалқа андохта, гуфт:

– Оча, одам ҳам ба мурғ табдил меёбад?

– Ин афсона аст, ҷони оча. Афсона ба ҳақиқат рост намеояд.

– Ин афсона низ дурўғ аст?

Модар ба ин саволи духтарак ҷавоб надод.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …