Главная / Илм / АЭРОЗОЛТЕРАПИЯ

АЭРОЗОЛТЕРАПИЯ

11212АЭРОЗОЛТЕРАПИЯ (Aёrosoltherapia), бо мақсади табобат истифода бурдани аэрозолҳо. Истифодаи аэрозолҳо ба тез ва бедард интиқол ёфтани моддаҳои доруӣ ба ҷароҳат, луобпардаҳо, роҳи нафас (аз он ҷо онҳо ба хун ворид мешаванд) асос ёфтааст. А. табиӣ ва сунъӣ мешавад. Ба А.-и табиӣ нафас кашидани ҳавои тоза, истифодаи обҳои минералӣ, моддаҳое, ки растаниҳо ҷудо мекунанд (дарахтони сӯзанбарг, дарахти кофур, зирфун, ғор ва ғ.) мансуб аст.
А.-и сунъӣ бо роҳи фумигатсияи ҷароҳат ва захми пӯст, нафас кашидани дуди растаниҳои доруӣ, буғи оби тоза ё омехта бо дору ва ғ. гузаронида мешавад. Барои А. аэрозолҳои хушк, намнок ва равғаниро истифода мебаранд. Корбасти оби баҳр, обҳои минералӣ, маҳлулҳои гуногуни намакҳо, нақеъи растаниҳои доруӣ, фитонсидҳо, ферментҳо, гормонҳо, витаминҳо, антибиотикҳо ва ғ. низ ҷоиз аст. Яке аз тарзҳои А.-и сунъӣ электроаэрозолтерапия мебошад. Дар ин маврид ба аэрозолҳо зарядҳои электрии мусбат ва манфӣ медиҳанд. Бо мақсади электроаэрозолтерапия аз асбоби махсус – электроаэрозолгенераторҳо истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …