Главная / Илм / АДСОРБСИЯ

АДСОРБСИЯ

adsorbsiyaАДСОРБСИЯ (аз лот. ad – ба, назди ва sorbeo – меҷаббам), дар сатҳи моддаи сахт ё моеъ (адсорбент) ҷаббида шудани газ ё маҳлул (адсорбат). Mac., агар ба маҳлули обии кислотаи сирко як порча ангишт андохта шавад, молекулаҳои кислотаи сирко дар сатҳи ангишт А. шуда, миқдори кислота дар маҳлул мекоҳад. А. аз хосияти молекулаҳои дар қабати сатҳӣ ҷойдоштаи модда вобаста аст. Дар молекулаҳои қабати сатҳӣ энергияи зиёди озод мавҷуд аст, ки ҳамеша майл ба коҳиш дорад. Ҳангоми доимӣ будани ҳудуди сатҳӣ худ ба худ кам шудани энергияи озод дар натиҷаи костани кашиши сатҳӣ ба амал меояд. Дар натиҷа дар қабати сатҳӣ модда аз муҳити берун фурӯ бурда мешавад. Баъзан А. фақат бо қабати болоӣ маҳдуд нашуда, то ба қабатҳои дохилии адсорбент паҳн ме- гардад. Чунин равандро абсорбсия меноманд. А. физикавӣ, химиявӣ ва интихобӣ мешавад. А.-и физикавӣ худ ба худ аз ҳисоби таъсири ҳамдигарии қувваҳои сусти Ван-дер-Ваалси ба амал меояд. Дар вақти баланд шудани ҳарорат А.-и физикавӣ коҳиш меёбад, мас., А.-и баъ- зе газҳо. А.-и химиявӣ (хемосорбсия) бо роҳи таъсири химиявӣ ба амал меояд. Баланд шудани ҳарорат А.-и химиявиро метезонад. А.-и интихобӣ бартарӣ доштани А.-и як модда назар ба А.-и моддаи дигар аст. Бузургии А. ба ҳарорат, сатҳ ва табиати физикавию химиявии адсорбент, консентратсияи модда ва ғ. вобаста мебошад. Дар адсорбентҳои сахт А. шудани ионҳо аҳамияти калон дорад, чунки раванди ба ҳуҷайраҳо ворид шудани моддаҳои минералӣ ва ғизо ба ҳамин асос ёфтааст. А.-ро барои ҷудо кардани моддаҳои фаъоли биологии холис – ферментҳо, витаминҳо, ҳамчун подзаҳр ҳангоми муолиҷаи бемориҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо истифода мекунанд. Адсорбентҳо бо мақ- сади тоза кардани ҳаво ба противогаз андохта мешаванд, ҳангоми таҳлили химиявӣ ва истеҳсоли доруҳо ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …