Главная / Илм / АДНЕКСИТ

АДНЕКСИТ

adneksitАДНЕКСИТ (Adnexitis; аз лот. adn¬exa – зоид), салпингоофорит, газаки зоидҳои бачадон (лӯлаҳои бачадон ва тухмдон). Микробҳои гуногуни беморизо – стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғ. боиси А. мегарданд. Баъзан А. ҳангоми ба бачадон дохил кардани моддаҳои гуногуни химиявӣ (мас., йод, спирт) низ пайдо мешавад. Микробҳо ба зоидҳои бачадон аз маҳбалу бачадон (дар вақти исқот, хусусан исқоте, ки берун аз бемо- ристон гузаронда мешавад, таваллуд, алоқаи ҷинсӣ), инчунин бо хуну лимфа аз дигар узву бофтаҳо (ҳангоми бемориҳои гуногуни сироятӣ, мас., сил, гулӯдард ва газаки узвҳои дарунӣ) ворид мегарданд. Тамоми омилҳое, ки қобилияти дифоии организмро суст мекунанд, яъне хунук хӯрдан, хастагӣ, ҳаяҷони асабию рӯҳӣ ва ғ., инчунин риоя накардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ боиси инкишофи А. мегарданд. Ҳангоми А.-и шадид поёни шикам, атрофи чорбанд, хусусан дар вақти қазои ҳоҷат, пешобронӣ ва кори ҷисмонӣ сахт дард мекунад. Ҳарорати бадан баъзан то 390С баланд мешавад; дар ҳолатҳои вазнини беморӣ дил беҳузур шуда, шахс қай ва шикамаш дам мекунад. Агар бемор сари вақт ва дуруст муолиҷа карда, тартиби кору зиндагиро риоя намояд, зуд ва пурра шифо меёбад. Муолиҷа, одатан, дар беморхона, баъзан дар хона (агар духтур тавсия кунад) гузаронида мешавад. Ҳангоми дар хона нигоҳ доштани бемор ҳамаи таъиноти духтурро қатъӣ иҷро кардан лозим аст; ба шикам гармкунак гузоштан мумкин нест, зеро ин боиси паҳн гардидани газак ва шиддат ёфтани беморӣ мегардад. Ихроҷи ҳаррӯзаи наҷосат ва пешоб зарур аст. Алоқаи ҷинсӣ ва истеъмоли хӯрокиҳои тунд манъ мебошад; ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан бояд бисёртар биошомид (лимучой ва ғ.). Паст шудани ҳарорати бадан ва сабук гаштани дард ҳанӯз маънои пурра шифо ёфтанро надорад; бинобар ин бе рухсати духтур қабули доруро кам ё қатъ ва реҷаро вайрон набояд кард, зеро дар чунин мавридҳо илтиҳоб то охир табобат нашуда, музмин мегардад. Ҳангоми А.-и музмин беморӣ дар натичаи хунук хӯрдани мариз, хастагӣ, дар вақти ҳайз ва баъд аз исқот шиддат ёфта, дард зиёд, ҳарорати бадан баланд мешавад; аз узвҳои таносул хуни бисёр ва бо дард меояд. Кафшерак (спайки)-ҳое, ки дар натичаи илтиҳоб дар найчаҳои бачадон пайдо мешаванд, садди роҳи нуфузпазирии онҳо шуда, имкон дорад ба ҳомилагии берун аз бачадон ё бенаслӣ оварда расонанд. Дар сурати дурудароз идома ёфтани А. (бештар аз 2 – 3 сол) мумкин аст ихтилоли нейроэндокринӣ сар занад. Яъне бемор асабонӣ ва тундмизоч шуда, зуд хаста мегардад; фарбеҳ ё баръ- акс, якбора хароб мешавад; фаъолияти тухмдонҳо халал меёбад, дар натича ҳайз номураттаб гашта, зан бор намегирад. Барои пурра шифо ёфтан, муоличаи мунтазам ва дуру дароз лозим аст. Духту- рон барои табобати А. дар ихтиёри худ воситаҳои гуногун доранд. Хусусан таъи- ноти физиотерапевтӣ, муоличаи санаторию курортӣ, варзиши шифоӣ, доруҳои зидди газак ва ғ. муҳим мебошанд. Барои баланд шудани қобилияти дифоии организм варзиши сабук (дар вақти оромии беморӣ), сайру гашт дар ҳавои тоза, истеъ- моли хӯроки серғизо, сабзавот ва меваҳо зарур аст. Мавриди авч гирифтани беморӣ ( дарди поёни шикам, бад шудани аҳвол ва ғ.) сари вақт ба духтур мурочиат намуда, таъиноти ӯро бояд ҳатман ичро кард. Дав- ри муоличаи таъинкардаи духтурро қатъ ва худсарона ин ё он доруро истеъмол намудан мумкин нест. Дар давраи муолича аз ҳамл ёфтан худдорӣ кардан лозим; дар сурати ҳомила шудан исқоти ҳамл манъ аст, чунки он чараёни бемориро вазнин мегардонад (ҳомилагӣ ба табобат ёфтани А. мусоидат мекунад).
Барои такроран авч нагирифтани А. бояд аз сармо худро эҳтиёт кард. Пойро тар кардан, дар рӯи санг ва замини нам нишастан (хусусан дар вақти ҳайз) манъ аст; дар ҳавои хунук ва нам либоси гарм пӯшидан лозим. Баъди шифо ёфтан, зан бояд камаш 3 моҳ таҳти назорати духтур қарор гирад. Азбаски зоидҳои бачадон бештар ҳангоми ба узвҳои чинсӣ дохил шудани микробҳо иллат меёбанд, аз исқот ва алоқаи чинсии тасодуфӣ худдорӣ бояд намуд. Қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, инчу- нин баъд аз исқот ва таваллуд тавсияҳои беҳдоштии махсусро риоя кардан зарур аст. Ниг. низ ба мақолаҳои Исқот, Давраи баъди таваллуд.
Ад.: Норвитс Э.Р. (ва диг.), Наглядные акушер- ство и гинекология, М., 2003; Гинекология, М., 2005.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …