Главная / Гуногун / АДИБ СОБИРИ ТИРМИЗӢ

АДИБ СОБИРИ ТИРМИЗӢ

Вай шоири фасеҳ ва фозили лабиб буд ва ашъори вайро латофате комил ва малоҳате тамом ҳосил аст. Ва афозил ба тақаддуми вай мўътарифанд, чунон ки Анварӣ вайро бар худ тарҷеҳ90 ниҳода он ҷо, ки дар қитъае таъдоди91 камолоти худ мекунад, дар охири он мегўяд:

Б а й т

Ин ҳама бигзор, бо шеъри муҷаррад омадам,
Чун Саноӣ92 ҳастам, охир, гар на ҳамчун Собирам.

Ва аз ҷумлаи суханони вай аст ин чанд байт:

Ғаз а л
Ай орази ту хулду лаби ту чу салсабил,
Бар хулду салсабили ту ҷону дилам сабил.
Дар тоати ҳавои ту омад дилам, аз он-к
Аз тоат аст ёфтани хулду салсабил.
Ноҳид93 пеши талъати ту кай диҳад фурўғ?
Хуршед назди хидмати ту кай бувад ҷамил?94
Бағдоди ҳусну Мисри ҷамолию чашми ман
Бағдодро чу Даҷла бувад, Мисрро чу Нил.
Аз бори ранҷи ҳаҷри ту қаддам шуда камон
В-аз захми дасти ишқи ту ҳаддам95 шуда чу Нил.

Ва аз ҷумлаи ашъори вай аст ин қитъа:

Қ и т ъ а
Давот96, Ай писар, олати давлат аст,
Бад-ў давлати тундро ром Кун.
Чу хоҳӣ, ки давлат кунӣ аз давот,
«Алиф»-ро зи пайванд то «лом» кун.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …