АДИБ ИСМОИЛ, табиб ва файласуфи а. 12 форс-тоҷик. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар китоби худ «Чаҳор мақола» доир ба тарзи табобати ӯ чунин ҳикоя овардааст: «Дар аҳди Маликшоҳ ва баъзе аз аҳди Санҷар файласуфе буд ба Ҳирот ва ӯро Адиб Исмоил гуфтандӣ. Марде сахт бузург ва фозилу комил, аммо асбоби ӯ ва маоши ӯ аз дахли (даромади) табибӣ будӣ. Ва ӯро аз ин ҷинс муолиҷоти нодира бисёр аст. Магар вақте ба бозори кушторон бармегузашт, қассобе гӯсфандеро салх (пӯст) мекард ва гоҳ-гоҳ даст дар шиками гӯсфанд кардӣ ва пиҳи (чарбуи) гарм берун кардию ҳамехӯрдӣ. Хоҷа Ис- моил чун он ҳолат бидид, дар баробари ӯ баққолеро гуфт, ки «агар вақте ки қассоб бимирад, пеш аз он ки ӯро ба гӯр кунанд, маро хабар кун». Баққол гуфт: «Сипос дорам». Чун ин ҳадисро моҳе панҷ-шаш баромад, яке рӯз бомдоде хабар афтод, ки дӯш фалон қассоб бимурд, ба муфоҷо (ногаҳон) бе ҳеҷ иллату беморӣ, ки кашид. Ва ин баққол ба таъзият шуд. Халқе дид ҷома дарида ва ҷамоате дар ҳасрати ӯ ҳамесӯхтанд, ки ҷавон буду фарзандони хурд дошт. Пас он баққолро сухани хоҷа Исмоил ёд омад. Бидавиду вайро хабар кард. Хоҷа Исмоил гуфт: «Дер мурд». Пас асо баргирифту бад-он сарой шуд ва чо- дар аз рӯи мурда бардошту набзи ӯ дар даст бигирифту якеро фармуд, то асо бар пушти пои ӯ ҳамезад. Пас аз соате вай- ро гуфт: «Басанда аст». Пас илоҷи сакта оғоз карду рӯзи саввум бархост. Ва агарчи мафлуҷ (фалаҷ) шуд, солҳо бизист. Пас аз он мардумон аҷаб доштанд ва он бузург аз пеш дида буд, ки ӯро сакта хоҳад буд».
Ад.: Низомии Арӯзии Самарқандӣ,
«Чаҳор мақола», Д., 1986. М. Диловаров.
Tags Тиб Шахсони машҳур
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …