АДЕНОМАИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА (Adenoma glandula prostatica), омоси ғайрисаратонии ғадуди простата (ғадуди зермасона). Ба А. фақат мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд. А. суст инкишоф меёбад. Аввалин аломати калон шудани ғадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Дар аснои А. пешоб базӯр ва бе ягон хел фишор мерезад (ҳангоми росто пешоб кардан, бемор пойҳояшро тар мекунад) ва ба атроф пош мехӯрад. Бо гузашти замон аломатҳои беморӣ авҷ мегиранд ва пешоб фақат дар натиҷаи сахт зӯр задан қатра – қатра меояд. Агар беморӣ табобат карда нашавад, мумкин аст ихроҷи пешоб тамоман қатъ гардад. Дар мавриди хеле давомнок будани А. пешоб беихтиёр ва оҳиста мерезад, аммо бемор ҳис намекунад, ки масона (пешобдон) холӣ шудааст. Бинобар ихтилоли пешобронӣ дар бофтаҳои гурда тағйироти зиёд (васеъ шу- дани ҳавзакҳои гурда, газак ва ғ.) рӯй дода (ниг. Пиелонефрит), боиси пайдо шудани санг мегардад (ниг. Бемории санги пешоб). А. дар ибтидо ҳарчанд безарар бошад ҳам, минбаъд мумкин аст ба омоси саратонӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ, баробари зоҳир шудани аломатҳои аввалини беморӣ, ҳатман ба духтур мурочиат карда, тавсияҳои ӯро пурра ичро намудан зарур аст (риояи қоидаҳои беҳдошт, парҳез ва ғ.). Организмро бояд аз сармо (хусусан пойҳоро) эҳтиёт кард. Кори меъдаю рӯдаҳоро ба ни- зом дароварда, мунтазам бо варзиш машғул шудан лозим (ҳар рӯз 1 – 1,5 соат пеш аз кор ва баъди он). Пиёда гаштан ҳам манфиати калон дорад. Дар натичаи муддати дароз ихроч нашудани пешоб, масона сахт таранг шуда, боиси қабзи шадиди пешоб мегардад. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои аввалини А. бемор бояд ба духтури уролог мурочиат намояд. Аз истеъмоли ғизоҳои тезу тунд, қаламфур, хардал, консерваҳо, хӯроквории дудхӯрда ва шароб парҳез кардан лозим. Истеъмоли маҳсулоти ширӣ (ғайр аз шир, ки бои- си дамиши шикам мегардад) ва сабзавот муфид аст. Таомҳои гӯштинро бояд дар нимаи якуми рӯз тановул кард; баъд аз соати 6-и бегоҳ камтар хӯрок хӯрдан лозим аст (беҳтараш 2 – 3 соат пеш аз хоб хӯрок истеъмол накунед). Муоличаи А. чанд намуд мебошад. Пештар онро фақат бо роҳи чарроҳӣ табобат мекарданд. Солҳои охир усули ба дору муолича кардани он дарёфт шудааст. Доруро муддати тӯлонӣ истеъмол намудан лозим меояд (мас., проскар, финастерид, простерид, празозин, тамсу- лозин, омник ва ғ.). Вале бе тавсияи духтур онҳоро кор фармудан чоиз нест. А.-ро ба тавассути асбобҳои махсуси оптикӣ, афканишоти лазерӣ, энергияи электр (ТУР), сармо (криодеструктсия) ва гармӣ (термоаблатсия, термотерапия) низ муолича мекунанд. Дар Точикистон барои табобати А. асосан аз усули чарроҳӣ истифода мешавад. Натичаи муолича, одатан, хуб аст. Ҳангоми кӯҳна шудани беморӣ ду маротиба чарроҳӣ мекунанд: аввал ба масона носур гузошта, баъди чанд моҳ ғадудро бурида дур месозанд. Беморе, ки ба масонааш носур гузоштаанд, ба нигоҳубин мӯҳточ аст. Дар шароити хона лӯлаи резинии тахлия (дренаж)-ро рӯзе 2 маротиба бо оби гарм шустан лозим. Пешобгиракро низ бо оби гарм нағз мешӯянд ва барои дезинфексия ва бартараф намудани бӯи пешоб бо 50 мл маҳлули 0,1%-и перманганати калий пур мекунанд. Ҳангоми дар зери ноф ҳис кардани дард, пешобронии дарднок ва тар шудани бандина бетаъхир ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Ад.: Лопаткин Н.А., Доброкачественная ги- перплазия предстательной железы, М., 1997; Қодирӣ Т.Р., Мунтахаби дарсҳои пешобшиносӣ, Д., 2000; Тиктинский О.Л., Калинина С.Н., Забо- левания предстательной железы, Санкт-Петербург, 2006. Т. Р. Қодирӣ.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …