Адабиёт чист ?

Адабиёт як навъи санъат буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад.

Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуф торӣ, хушнависӣ ва ғайра)-ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин фаҳмиши адабиёт ба маънои васеъ аст.

Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмўи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд.

Нақшҳои бадеӣ манзараҳои ҳаёти зоҳирӣ ва ҳолати ботинии инсонро фаро  мегиранд.Адабиёти бадеӣ донишҳои моро дар бораи таърихи гузашта, тамаддун ва фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ зиёд мекунад.

Аз мутолиаи адабиёти бадеӣ мо бо тасвирҳои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехўрем, ки онҳо хулқу рафтори намуна доранд ва мо аз онҳо ибрат мегирем.

Нақшҳои наҷибу барҷастаи адабиёти бадеӣ моро дар рўҳияи накўкорӣ, покизаахлоқӣ, баинсофӣ ва раҳмдилӣ, вафодорию садоқат, меҳнатдўстию рағбат ба илму ҳунар, шарафмандию ҳисси ифтихор, инсондўстию меҳанпарварӣ, боиродагию мубориза дар роҳи расидан ба мақсад, боҳимматию ҷавонмардӣ, нотарсию ростқавлӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ, хуллас, рафтори ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, ниҳод ва тинати моро аз танбалӣ, ҳирсу ҳасад, бухлу кина, бадбинию беадолатӣ, маҷмўан аз тамоми хислатҳои нафратовар тоза мекунад.

Ҳангоми мутолиаи адабиёти бадеӣ лафзи равону шевои нависанда, тасвири манзараҳои табиати дилфиреб, васфи симою сурати зебо ва дилкаши қаҳрамонҳои мусбат, лутфу нозукбаёнӣ, истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои лафзӣ ҳисси зебоифаҳмии мо бедор мешавад, завқи эстетикӣ моро ба сайри боғу бўстони олами зебоӣ даъват менамояд.

Аз ин рў, адабиёти бадеӣ аҳамияти барҷастаи таълимӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ дорад. Адабиёти бадеӣ аз эҷодиёти шифоҳии халқ-фолклор сарчашма мегирад. Ҳанўз дар замонҳое, ки хат вуҷуд надошт, одамон суруд мехонданд, нақлу ривоятҳо ҳикоя мекарданд, афсона мегуфтанд. Матни сурудҳо дар шакли назм ва матни нақлу ривояту афсонаҳо дар шакли наср маҳсули эҷодиёти шифоҳии одамони бесавод буд. Бинобар ин, адабиёт аз они халқ аст ва бояд барои халқ эҷод шавад.

Баробари инкишофи ҳаёт ҷомеа, илм, фарҳанг пеш рафт ва адабиёт низ сайқал ёфт. Тамоми осори бадеӣ ба се ҷинси адабӣ ҷудо шуд: назм, наср, драматургия. Асарҳои манзумро аксар асарҳои лирикӣ мегўянд, ки ба онҳо дубайтӣ, рубоӣ, қитъа, ғазал, мусаммат ва ғайра дохил мешаванд.

Асарҳои насриро асарҳои эпикӣ (аз калимаи эпос, яъне нақлӣ) меноманд, ки жанрҳои ҳикоя, латифа, очерк, повест, роман ва дигар асарҳои калонҳаҷми нақлиро дар бар мегиранд.

Ба ҷинси сеюм асарҳое мутааллиқанд, ки ба саҳна гузошта шуда, мазмуну мундариҷаи ғоявии онҳоро ҳунарпешаҳои театр бо ҳаракат ва амалиёту санъати актёрӣ пешкаши тамошобин мегардонанд. Ин ҷинси адабӣ драматургия ном дорад ва жанрҳои комедия (мазҳака) ва трагедия (фоҷиа)- ро дар бар мегирад. Асарҳои мазҳакавӣ аз аввал то охири намоиш бо хушҳолӣ мегузаранд. Асарҳои фоҷиавӣ бо ҳисси ғаму андўҳ намоиш дода мешаванд, ки оқибати он намоиш бо нокомии қаҳрамонони асар анҷом меёбад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …