Главная / Гуногун / Адабиёти реалистӣ

Адабиёти реалистӣ

Адибони реалистии нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX камбудиҳои ҷомеаро нотарсона фош мекарданд. Яке аз машҳуртарин нависандагони реалисти он замон франсавӣ Эмил Золя буд. Ӯ дар романҳои бистҷилдаи худ, ки номи умумии “Ругон-Маккер” (Таърихи табиӣ ва иҷтимоии як оила дар солҳои Империяи дуюм)-ро гирифтаанд, ҳаёти ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Фаронса – аз ашрофон cap карда то табақаҳои коргару лашкарро инъикос кардааст. Вай дар ин асар зиддиятҳои иҷтимоии замони худро хеле хуб кушода тавонистааст.

Дар аввал Эмил Золя натуралист буд, вале баъд ба реализм ворид шуда, дар ин ҷараёни адабӣ машҳур гардид.

1362470141_pero

Эҷодиёти Ҷек Лондон аз эҷодиёти нависандагони дигар бо қатъият ва амиқии кушодани образҳои қаҳрамонҳо фарқ мекунад. Романи ӯ ‘“Пои оҳанин” аз азобу уқубати инсон дар охират пешгуиҳо мекунад. Асари тарҷумаиҳолии Ҷ. Лондон “Мартин Иден” бо саньати баланди нависандагӣ иншо шудааст. Дар он муаллиф фоҷиаи хаёти эҷодкорро ба қалам додааст.

Дар ин давра адабиёти реалистии ИМА ба муваффақияти калон ноил гардид. Баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1861-1865 адабиёти ин мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳод. Инро дар эҷодиёти яке аз намояндагони машҳури адабиёти Америка Марк Твен дидан мумкин аст. Ӯ ҳаҷвнигор бошад ҳам, тавассути ҳамин жанр воқеияти ҷомеаро хуб баён карда тавонистааст. “Аҷнабиҳо дар дарбори шоҳ”, “Давродаври одам”, “Саргузашти Том Сойер” ва “Саргузашти Геклберри Финн” исботи ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар эҷодиёти нависандаи дигари машҳури ИМА Теодор Драйзер тарзи “зиндагии америкавӣ”-ро мебинем. Ӯ дар асарҳои худ тарафи манфии “шукуфоии” Америкаро ба хонандагон кушода додааст. Инро шумо аз романҳои “Хоҳар Кёрри”, “Ҷенни Герхардт”, “Молиячӣ”, “Титан” ва романҳои дигари ӯ дида метавонед. Дар онҳо Т. Драйзер ҷомеаи сармоядориро ба зери тозиёнаи шадиди танқид гирифтааст.

Ромен Роллан тавассути асари бисёрҷилдаи худ “Жан Кристоф” таназзули ахлоқии ҷомеаи буржуазии Фаронса ва Германияи замони худро ба қалам додааст. Қаҳрамони асари ӯ бастакор Кристоф ба разолат, риёкорӣ, фиребу найранг ва мансабпарастию ришвахӯрӣ тоқатнопазир аст. Асарҳои дигари Р. Роллан, аз он ҷумла, “Ярмарка дар майдон” низ фисқу фасоди ҷомеаи Фаронсаро фош кардааст.

Насли нави реалистон Ҷон Голсуорсӣ, Бернард Шоу, Герберт Уэлс ва дигарон ҳам бо асарҳои баландпояи худ обрӯи ҷаҳонӣ касб намудаанд. Онҳо мунофиқӣ, ғофилӣ ва маҳдудиятҳои табақаҳои болоии ҷомеаро бераҳмона танқид мекунанд.

Нависандаи машҳури немис Т. Манн дар асари машҳури худ “Империя” ҷиҳатҳои манфии ҷомеаи Германияро фош намудааст. Дар саҳифаҳои он шумо бо шоҳону кайзерҳо, хоинону ашрофон, амалдорону императори Германия Вилгелми II шинос мешавед ва мефаҳмед, ки онҳо чӣ хел инсонҳоянд. Ин нависанда дар пешрафти адабиёти ҳаҷвии чақон мақоми калон дорад.

Адабиёти реалистӣ на танҳо дар Европаю Америка, инчунин дар баъзе мамлакатҳои қитъаҳои дигар ҳам пеш рафт ва хусусан адабиёти Шарқ. Аз намояндагони он танҳо ду нафар А. Рюсскэи ҷопонӣ ва Р. Такури ҳиндиро ном мебарем. Яке тавассути новеллаҳо ғояҳои манфии замонро маҳкум мекунад, дигаре тавассути роману повестҳо ва ҳикояҳои худ бо мазмуни чуқури фалсафӣ ва завқи баланди бадеӣ мардумро даъват мекунад, ки барои истиқлолияти миллӣ мубориза баранд. Асарҳои Р. Такур ба проблемаҳои ҳаёти мардуми Ҳиндустон, ишқу муҳаббат ва зиддиятҳои иҷтимоии ҷомеа бахшида шудаанд. Романи “Завол”-и ӯ аз ҳамин қабил асарҳост.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …