Главная / Маданият ва санъат / Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди Ҷониён якчанд ҳавзаҳои адабӣ вуҷуд дошт. Калонтарини он Самарқанд ва Бухоро буданд. Ҳамаи шоирони ин ду ҳавза аз 150 нафар бештар буд. Аз ин миқдор бештар аз 20 нафар шоирони ҳунарманд буданд. Баъзеи онҳо деҳқонӣ мекарданд. Симоҳои дурахшон ва пешқадами адабиёти ин давр Малеҳо, Сайидо, Сарафроз, Фитрат ва Мулҳам буданд.

Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ соли 1650 таваллуд ёфта, аввали асри XVIII вафот кард. Падари ӯ аз одамони соҳибмаърифат ва мӯътабари Самарқанд буда, дар мадрасаҳри ин шаҳр дарс мегуфт ва ба шеъру шоирӣ муҳаббати фаровон дошт. Малеҳо дар назди падараш ба шсъргӯӣ оғоз кард. Ӯ то синни 30 солагӣ асосан бо роҳбарии падараш ба омӯхтани илмҳои ақлӣ машғул буд. Донишомӯзии худро вай аз омӯхтани забони арабӣ ва илмҳои динӣ, аз қабили фиқҳ, тафсир ва ғайра оғоз менамояд. Соли 1678 баъд аз вафоти падар Малеҳо ба сафари Хуросон ва Эрон баромада, бо аҳли адаби ин мамлакат мулоқоту суҳбатҳо мекунад.

Баъди бозгашт аз Эрон Малеҳо дар қозихона ба кор даромада, ба мударрисии мадрасаи Шайбонихон низ мансуб гардид. Ӯ дар баробари адои вазифаи шаръӣ ба шеъргӯӣ ва такмили тазкираи худ машғул шуд.

Малеҳо тазкираи худро “Музоккир-ул-асҳоб” номидааст. Аз ҷумлаи 165 шоире, ки дар қисми асосии тазкира зикр шудаанд, 56 нафарро шоирони Эрон ташкил мекунанд, ки муаллиф бо онҳо шахсан вохурда, ҳамсӯҳбат шудааст.

Намунаҳои дар тазкираи Малеҳо омадан осори шоирони асри XVII барои муайян кардани хусусиятҳои равнақи адабии ин давр аҳамияти бузург доранд.

Шоири забардаст ва машҳури асри XVII Саидкамол Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ буд. Ӯ аз байни халқи меҳнаткаш табақаи ҳунармандон сабзида баромадааст. Фитрат соли 1657 дар Самарқанд таваллуд ёфта, баробари ҳунари зардӯзӣ дар хондан ва аз худ кардани илмҳо қобилияти хуб нишон дод.

Фитрат баробари таҳсил дар яке аз мадрасаҳои Бухоро фаъолияти адабии худро низ равнақу вусъат дода, дар шеър ба дастовардҳои калон соҳиб шуд ва ба зудӣ дар радифи шоирони машҳуртарини замон қарор гирифт.

Фитрат достони “Толибу Матлуб” ва дар тамоми шаклҳои асосии назми лирикӣ (қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра) асарҳои зиёде эҷод кардааст. Соли вафоти ӯ маълум нест.

Мулло Абдуллои Мулҳами Бухороӣ аз шоирони тавоно ва номдори асоҳои XVII-XVIII буда, ба ҳунармамдони шаҳри Бухоро тааллуқ дошт. Ӯ аз ҷавонӣ тарзи зиндагии қаландаронаро ихтиёр карда, ҳамроҳи қаландарони ҷаҳонгард ба саёҳат баромад. Аз шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон баргашта, Ӯ як ҷо қарор гирифта ба касби худ хирғоҳтарошӣ машғул шуд. Зиндагии Мулҳам бо подориву азобу машаққат мегузашт. Соли вафоти Мулҳам чун соли таваллуди ӯ маълум нест.

Мулҳам дар ду жанри адабӣ ҳунарнамоӣ кардааст — ғазал ва маснавӣ. Маснавии ӯ бо номи “Лайливу Маҷнун” маълум аст. Мулҳам соҳибдевон буда, ғазалиёти ӯ симои эҷодиашро чун шоири ғазалсаро лишон медиҳад.

sayidoi-nasafi

Бузургтарин шоири асрҳои XVII-XVIII Сайидои Насафӣ буд (вафот байни солҳои 1707-1711). Падару модари Сайидо дар Бухоро истиқомат доштанд. Ӯ ба табақаи ҳунармандон наздик шуда, аз байни онҳо дӯстону ҳамфикрон пайдо кардааст.

Сайидо ҳанӯз дар ҷавонӣ аз рӯи ниёзмандӣ ба касбу ҳунар пардохта, бо ҳамин восита зиндагии худро таъмин мекард. Чунончи, дар ин байт ӯ таъкид кардааст:

Ба зӯри дасту бозу мехӯрам, эй Сайидо, рӯзӣ,

Маро чун Кӯҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.

Сайидо дар ғазалиёташ аз қашшоқию гуруснагӣ, ғарибию бекасӣ, касодию беқадрии санъату ҳунар, хориву зиллати аҳли фазлу адаб шикоятҳои ҷонсӯз намудааст. Вай бештари умри худро ба сахтӣ гузаронидаасг.

Рӯзгорам ҳама умр ба сахтӣ мегузарад,

Устухонро чу ҳумо рӯзии ман сохтаанд.

Ба ғайр аз шоирони номбурда, дар вилоятҳои тоҷикнишин устодони каломи бадеъ ҳаст ба cap бурда, асарҳо эҷод мекарданд. Масалан, дар Қаротегин шоир ва олим Ҷомӣ ибни Камолиддини Қаротегинӣ (муаллифи маснавии “Мазҳари кул”’, Ҳоҷӣ Шоҳи ибни Хоҷа Абдураҳмони Ҳисорӣ (вафот 1657). Рифъати Ҳисорӣ ва дигарон буданд.

Эҷодиёти шоирони асри XVII ва лимаи аввали асри XVIII нишон медиҳад, ки адабиёти тоҷик дар чунин як шароити душвори таърихӣ дар марказ ва ноҳияҳо ривоҷ меёфт. Шароити душвор, истеъдоди адабӣ ва малакаи эводии халқи тоҷикро аз равнақ боз дошта натавонист.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …