Главная / Илм / АБӮМАНСУРИ МУВАФФАҚ

АБӮМАНСУРИ МУВАФФАҚ

imagesАБӮМАНСУРИ МУВАФФАҚ ибни Алии Ҳиравӣ, табиб ва дорушиноси а. 11 точик. Ном ва таълифоти А. М.-ро ҳеч як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти А. М.-ро арзёбӣ кард, асари ӯ «Ал-Абния ан ҳақоиқи-л-адвия» аст, ки аз хусуси адвияи муфрада ва хавосси онҳо баҳс мекунад. Муаллиф худ дар муқаддимаи китоб навишта, ки расоили ҳакимони пешин ва олимону табибонро чустучӯ карда, «дар адвияву ағзияи муфрад ва… кирдори ҳар доруе ва манфиатҳову мазарратҳояш» ба тааммул нигариста, аз Буқрот, Ҷолинус, Дисқуридис, Мосарҷуя, Ибни Раббани Табарӣ, Ҳусайн ибни Ис- ҳоқ, Собит ибни Қурра, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Синон ибни Собит ва Мӯсо ибни Синон нақли қавл кардааст». Асар с. 1056 таълиф шудааст. А. М. дар ин китоб 585 навъи доруворро мавриди тадқиқ қарор додааст. Асари мазкурро Асадии Тӯсӣ китобат намудааст. А. М. дар фаъолияти хеш шеваи кори пизиш- кони ҳиндӣ ва назариёти онҳоро бештар меписандидааст, зеро ба гуфтаи худи вай, «дору он ҷо бештар аст ва ақоқир он ҷо тезтару хуштар ва ҳиммати он мардумон ба истиқсо андар ҳикмат болиғтар аст».
Ад.: Абӯмансур Муваффақи Ҳиравӣ, «Ал-Абния ан-ҳақоиқи-л-адвия» (Ба кӯшиши Аҳ- мади Баҳманёр ва Ҳусайни Маҳбуби Ардаконӣ), Теҳрон, 1346; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 6, Теҳрон, 1373; Деҳхудо. Лугатнома, ҷ. 45, Теҳрон, 1352; Муин, Фарҳанги форсӣ, ҷ. 5 – 6, Теҳрон, 1375.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …