Абр – ин Буғе ба қабатҳои хунуки атмосфера боло шуда, ба сахтшавӣ шуруъ мекунад. Ба қатраҳои кӯчаки об ва кристаллҳои яхин ҷамъ шуда, абрро ташкил медиҳад.
Абрҳо дорои шаклҳои гуногун мебошанд. Онҳо чунин шаклҳо доранд: тӯдай, қабатдор ва пармонанд. Абрҳои тӯдашакл дар баландии 1-2 км ба вуҷуд меоянд.
Онҳо ба монанди барраҳои сафедранг дар осмон парвоз мекунанд. Баъзан абрҳои тӯдашакл ба боло кашида шуда, куҳро ба хотир меоваранд. Қуллаҳои онҳо метавонанд то ба баландиҳои 8-10 км боло шаванд.
Абрҳои қабатдор мисли пленкаи ғафс дар рӯзҳои абрнок осмонро мепӯшонанд. Ин абрҳо дар баландии 2 км қарор доранд.
Абрҳои пармонанд дар осмон ба парҳои бегартиб партофташудаи паррандаҳои бузург монанд мебошанд. Онҳо дар баландии калон (7-10 км) пайдо шуда, дар акса- ри мавридҳо аз тағйирёбии обу ҳаво дарак медиҳад.