Главная / Илм / АБДУРАҲМОНОВ Муин Камолович

АБДУРАҲМОНОВ Муин Камолович

imagesАБДУРАҲМОНОВ Муин Камолович (тав. 30. 11. 1933, ш. Бухоро), акушер- гинеколог, доктори илми тиб (1971), проф. (1990), Аълочии тандурустии ИҶШС. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Сталинобод (ҳоло Душанбе; 1951) ва факултаи тибби ҳарбии Донишкадаи давлатии тиббии ш. Куйбишеви ФР (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон(1958 – 59). Аспиранти Ин-ти тибби кишварии АИ ҶШС Тоҷ.
(1959 – 62), акушер- гинекологи таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ (1962 – 67), ассистенти кафедраи муолиҷавии ДДТТ (1967 – 76), саракушер-гинекологи ш. Душан- бе (1976 – 80), ассистент (1980 – 86), дотсент (1986 – 90), проф. (1990 – 98) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи педиатрии ДДТТ (1998 – 2005). Аз с. 2005 проф. – мушовири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и ДДТТ. Тадқиқоти А. оиди таъсири омилҳои антропогении муҳити беруна ба ташаккул ва инкишофи фаъолияти насловарӣ бахшида шудааст. С. 1991 дар Конгресси 6-уми аврупоии Ассотсиатсияи акушерҳо ва гинекологҳо дар мавзӯи «Таъсири пеститсидҳо ба маҷмаи фетопласентрӣ» маърӯза карда, сазовори дипломи дараҷаи I гардид. Аввалин шуда дар шароити клиникӣ таъсири бе- моризои хлор ва пеститсидҳои фосфорорганикиро дар ташаккул ва инкишофи системаи «модар-ҳамроҳак-ҷанин» муайян намуд. Дар мавзӯи «Мубодилаи витаминҳои Bp B2, B6, C, A, D ҳангоми камхунии мӯътадил ва камхунии вазнини гипохромии оҳаннорасо дар давраи ҳамл» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 95 мақола, 180 тезис, 9 тавсияи методӣ, 6 дастури методӣ, 7 пешниҳоди навоварона аст. Зери роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаи докторӣ ва 6 наф. рисолаҳои ном- задии илмро дифоъ намудаанд. Бо ордени «Дӯстӣ» ва медали «Собиқадори меҳнат» сарфароз гаштааст.
Ос.: Нейроэндокринные нарушения у девушек при воздействии неблагоприятных факторов окру- жающей среды. Дар маҷ.: «Российский вестник акушер-гинеколога», т. 2, №6, М., 2002; Становление регуляции репродуктивной системы девушек, подвер- гающих воздействию пестицидов в антенатальном периоде. Материалы V Российского форума «Мать и дитя», М., 2003; Эпидемиологические аспекты и факторы риска развития воспалительных заболева- ний придатков матки. Изв. АН РТ, №3 (156), Д., 2006; Некоторые особенности гестационного процесса при ожирении. Дар мач.: «Вестник Авиценны», Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …