Главная / Илм / АБДУРАҲМОНОВ Фаррух Муинович

АБДУРАҲМОНОВ Фаррух Муинович

imagesАБДУРАҲМОНОВ Фаррух Муинович (тав. 08. 03. 1962, ш. Душанбе), акушер- гинеколог, доктори илми тиб (1997), проф(2000). Хат- мкардаи ДДТТ (1984). Ординато- ри клиникӣ (1984 – 86), аспирант (1986 – 89), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ (1989 – 91), ассистент (1991 – 2002) ва мудири ка- федраи акушерӣ ва гинекологияи До- нишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон (2002 – 05). Аз с. 2005 мудири шӯъбаи акушерии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Точикистон мебошад. Доир ба масъалаҳои таъсири экология ба фаъолияти насловарӣ, муоличаи нуқсонҳои роҳи пешобу аъзои чинсии занҳо ва инкишофи чисмонии духтарон ҳангоми камхунӣ тадқиқот бур- дааст. Дар мавзӯи «Ташхис, қоидаҳои муолича ва пешгирии ихтилоли систе- маи гемостаз ҳангоми бачапартоӣ» рисо- лаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои системаи насловарӣ, чараёни ҳамл, та- валлуд ва иллатҳои баъдизоимонӣ дар минтақаҳои аз чиҳати экологӣ номусоид» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Му- аллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои ил- мист. Таҳти роҳбарии ӯ 20 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …