Главная / Гуногун / АБДУЛВОСЕЪИ ҶАБАЛӢ

АБДУЛВОСЕЪИ ҶАБАЛӢ

Вай фозили комил ва шоири моҳир буд ва ба ҳар ду забон — тозӣ86 ва форсӣ сухан гуфта. Ва иттифоқ аст, ки ҳеҷ кас аз ўҳдаи ҷавоби қасидаи машҳури вай, ки матлаъаш ин аст:

Б а й т

Кӣ дорад чун ту маъшуқе нигори чобуку дилбар,
Бунафшазулфу наргисчашму лоларўю насринбар?

чунон ки мебояд, берун наёмадааст ва дар муфтатаҳи87 як қасида гуфта:

Қ и т ъ а

Дар даҳр88 нест аз ту дилафрўзтар нигор,
Дар шаҳр нест аз ту ҷигарсўзтар писар.
То кардаам ба лолаи сероби ту нигоҳ,
То кардаам ба наргиси пурхоби ту назар,
Гоҳе чу лолаам зи висолат шукуфтарўй,
Гоҳе чу наргисам зи фироқат фигандасар.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

price-0

Нархнома агар набошад чи зарар ва ё хавф ҳаст?

Баъзан вақт шумо мушоҳида мекунед, ки дар мағозаҳо ё бозор нархи ин ё он моли …