Главная / Ҷамъият / БАРНОМАИ ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НМО (СПИД) 2017-2020

БАРНОМАИ ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НМО (СПИД) 2017-2020

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 89 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ МИЛЛӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ЭПИДЕМИЯИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2020

БОБИ 1. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ЭПИДЕМИОЛОГӢ

  1. Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 (минбаъд – Барнома) вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбати пешгирии ин сироят, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ дар солҳои 2011-2015 амалӣ гардида буданд, таҳия шудааст.
  2. Тибқи маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани Назорати дидбонии эпидемиологӣ ба даст омадааст, эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон дар байни гурўҳҳои махсусан осебпазири аҳолӣ ва занони ҳомила дар марҳилаи ҷамъшаванда (паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни нашъамандони тазриқӣ – 12,9 фоиз ва дар байни занони ҳомилаи шаҳрҳо – 0,1 фоиз) қарор дорад.
  3. Вобаста ба тамоюли бақайдгирии ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар расми 1 маълумоти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” оид ба миқдори ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон дар солҳои 2009-2015 бо дарназардошти роҳҳои гузариш нишон дода шудааст.

spid-2Расми 1. Бақайдгирии ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон дар солҳои 2009-2015 вобаста ба роҳҳои паҳншавӣ.

  1. Расми 1 тамоюли умумии зиёдшавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одамро нишон медиҳад, ки дар он афзоиши ҳодисаҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кўдак паҳншуда ба мушоҳида мерасанд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2010 ба таври назаррас камшавии ҳодисаҳои бо роҳи тазриқӣ сироятёфта ба қайд гирифта шудаанд.
  2. Тибқи маълумоти омории расмӣ то 1 январи соли 2016 шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 7709 ҳодисаро ташкил дод, ки аз ин шумора 68,4 фоиз дар байни мардон ва 31,6 фоиз дар байни занон ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи аз соли 1991 то декабри соли 2015 аз шумораи умумии сироятёфтагон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 1592 нафар фавтидаанд. Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар аввали моҳи январи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 6117 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо ё 76,1 фоиз таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд.
  3. Дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 1151 ҳодисаи нави сирояти вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2014 (1008 ҳодиса) 143 ҳодиса зиёдтар мебошад. Аз ин шумора 688 (59,8 фоиз) нафарро мардон ва 463 (40,2 фоиз) нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар солҳои охир тамоюли зиёдшавии сироятёфтагон дар байни занон зиёд гардида, аз 28,9 фоиз дар соли 2011 то 40,2 фоиз дар соли 2015 баланд гардидааст.
  4. Дар соли 2015 дар бештари ҳолатҳо ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни калонсолон (18-сола боло) – 87,1 фоиз, асосан дар гурўҳи одамони 30-39-сола дарёфт гардиданд. 1,5 фоиз ҳодисаҳои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни ҷавонону наврасони 15-18-сола ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, далели ташвишовар он аст, ки солҳои охир афзоиши бақайдгирии ҳодисаҳои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни кўдакон ба назар мерасад (ҷадвали 5).
  5. Тибқи баҳодиҳӣ шумораи эҳтимолии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15721 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи расмии ин шахсон тибқи маълумоти оморӣ дар охири моҳи декабри соли 2015 ба 6117 нафар баробар буд.
  6. Тибқи маълумоти расмӣ дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 1151 ҳодисаи нави вируси норасоии масунияти одам дарёфт гардид, ки аз он 268 (23,3 фоиз) ҳодиса дар марҳилаи дери беморшавӣ, яъне дар ҳолате, ки дар бемор нишонаҳои сарирӣ (клиникӣ) ё бемории пайдошудаи норасоии масуният ба мушоҳида мерасид, дарёфт карда шудаанд. Дар соли 2015 аз шумораи умумии аз нав дарёфтшудагон 92 нафар (8 фоиз) аз бемориҳои бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният вобаста ва дигар сабабҳо фавтидаанд. Маълумоти дар боло овардашуда шаҳодат медиҳад, ки муроҷиати дери шаҳрвандон оид ба ташхиси вируси норасоии масунияти одам дар сатҳи баланд қарор дошта, қариб дар ҳар як аз 268 ҳодиса (23,3 фоиз) дар марҳилаи дери беморшавӣ дарёфт карда шудаанд.
  7. Ба ҳолати аввали соли 2016 дар қайди марказҳои вируси норасоии масунияти одам 6117 нафар шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (калонсолон ва кўдакон) сабт гардидаанд, ки 2074 нафар ба шаҳри Душанбе, 285 нафар ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 1146 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 1178 нафар ба вилояти Суғд ва 1434 нафар ба вилояти Хатлон рост меоянд. Паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (дар 100000 аҳолӣ) дар ин минтақаҳо мутаносибан ба 263.0, 133.0, 59.6, 48.0 ва 48.3 нафар баробар буда, сатҳи паҳншавӣ дар ҷумҳурӣ 73,24 нафар дар 100 ҳазор нафарро ташкил мекунад (ҷадвали 1).
  8. Аз шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар соли 2015 (1151 нафар) 226 нафар ба шаҳри Душанбе (дар 100 ҳазор нафар аҳолӣ – 28,7), 56 нафар ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (26,1), 237 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (12,3), 300 нафар ба вилояти Суғд (12,2) ва 332 нафар ба вилояти Хатлон (11,2) рост меоянд. Сатҳи гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ 13,8 нафар дар 100 ҳазор нафар мебошад (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1

Сатҳи паҳншавӣ ва сироятнокшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015

Минтақаҳои ҷумҳурӣ Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то

31 декабри соли 2015

Сатҳи паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (миқдори шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар 100000 аҳолӣ) то

31 декабри

соли 2015

Шумораи ҳодисаҳои нави вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 Сатҳи сироятнокшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам (миқдори сироятёфтагон  дар 100000 аҳолӣ) дар соли 2015
Душанбе 2 074 263,0 226 28,7
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 285 133,0 56 26,1
Шаҳру  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 146 59,6 237 12,3
Вилояти Суғд 1 178 48,0 300 12,2
Вилояти Хатлон 1 434 48,3 332 11,2
Ҳамагӣ 6 117 73,2 1 151 13,8
  1. Роҳҳои асосии паҳншавии сироят дар соли 2015 алоқаи ҷинсӣ ва тазриқӣ (асосан истифодаи маводи мухаддир бо усули тазриқӣ) ба шумор мерафт, аз ҷумла:

– паҳншавии вируси норасоии масунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ: ҳамагӣ – 61,7 фоиз, аз ҷумла шаҳри Душанбе – 43,4 фоиз; Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 48,2 фоиз; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 65,8 фоиз; вилояти Суғд – 73,3 фоиз; вилояти Хатлон– 63 фоиз.

– паҳншавии вируси норасоии масунияти одам бо усули тазриқӣ: ҳамагӣ – 21,2 фоиз, аз ҷумла шаҳри Душанбе – 37,2 фоиз; Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 48,2 фоиз; шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 14,3 фоиз; вилояти Суғд – 17,7 фоиз; вилояти Хатлон – 13,9 фоиз.

  1. Дар маълумоти оморӣ паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам бо роҳи “номаълум” низ вуҷуд дорад, ки дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 140 ҳодиса ё 12,2 фоиз аз шумораи умумии ҳодисаҳои нави бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфтагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 18 фоиз ба вилояти Хатлон, 15 фоиз ба шаҳри Душанбе ва тақрибан 15 фоиз ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меоянд.
  2. Дар ҷадвали 2 маълумот оид ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз рўи сохтори ҷинс ва синну сол оварда шудааст.

Ҷадвали 2

Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда. Сохтори ҷинсӣ ва синну солӣ. Тоҷикистон, соли 2016

Гурўҳҳо вобаста ба синну сол Ҳамагӣ % вобаста ба шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда Мардон Занон
1 0-4-сола 309 5,1% 201 108
2 5-14-сола 247 4% 146 101
3 15-18-сола 30 0,5% 18 12
4 19-29-сола 1735 28,4% 879 856
5 30-39-сола 2509 41% 1752 757
6 40-49-сола 1028 16,8 795 233
7 50-59-сола 232 3,8% 166 66
8 60-сола ва калон 27 0,4% 17 10
        Ҳамагӣ 6117 100% 3974 (65%) 2143 (35%)
  1. Тавре аз ҷадвали 2 аён аст, аз шумораи умумӣ шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи ҷинси мард 65 фоиз ва занон 35 фоизро ташкил медиҳанд. Қисмати бештари сироятёфтагон ба синну соли 30-39 рост меоянд, ки он 41 фоизро дар бар мегирад. Қисми зиёди мардони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар синни 30-39-солагӣ ва занони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар синну соли 19-29-солагӣ мебошанд. Ба синну соли репродуктивӣ (15-49-сола) 5302 нафар сироятёфтагон ё 86,7 фоиз рост меоянд. Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи синни 0-14-сола 556 нафарро ташкил медиҳанд, ки он ба 9,1 фоиз шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда баробар аст. 0,5 фоиз шумораи умумии ин шахсон ба синни 15-18-сола рост меояд. Ба таври умумӣ ба гурўҳи 0-18-сола 9,6 фоиз шумораи умумии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда рост меоянд.
  2. Дар ҷадвали 3 маълумот оид ба шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд (тибқи ҳолати то 1 январи соли 2016), оварда шудааст.

Ҷадвали 3

Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд. Тоҷикистон, соли 2016

Синну соли

шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда

Шумораи

шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда

Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд Фоизи фарогирӣ ба назорати диспансерӣ
0-14-сола 556 519 93,3%
15-сола ва калон 5561 4141 74,5%
Ҳамагӣ 6117 4660 76,2%
  1. Тибқи рақамҳои ҷадвал сатҳи фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба назорати диспансерӣ ба 76,2 фоиз баробар мебошад. Қариб ҳамаи кўдакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (93,3 фоиз) ба назорат фаро гирифта шудаанд.
  2. Таҳлил нишон медиҳад, ки чоряки шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунандаи синну соли 15-сола ва боло (25,5 фоиз) сари вақт ба қабули хизматрасонии махсус муроҷиат намекунанд. Сабабҳои асосии зерин ба он мусоидат менамояд:
  • вуҷуд доштани табъиз дар байни аҳолӣ нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ва тарси зиёди сироятшудагон оид ба овоза шудани мушкилии онҳо;
  • ҳароси падару модар нисбати овоза шудани сироятнокии фарзандаш дар ҷомеа;
  • мавҷуд будани далелҳои тамғагузории сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ва тарси зиёди шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз овоза шудан ва аз даст додани ҷои кор;
  • паст будани сатҳи маълумотнокии як қатор сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам нисбати табобати зиддиретровирусӣ ва бартариҳои табобат барои солимӣ ва ҳаёти инсон;
  • омилҳои дохилии равонӣ дар баъзе шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки сабаби қабул накардани назорати диспансерӣ ва табобат мегарданд (то вазнин шудани ҳолати саломатии шахс);
  • имконоти бесамар шуморидани табобати зиддиретровирусӣ аз ҷониби баъзе нафарони сироятёфта;
  • мавҷудияти сатҳи баланди муҳоҷирати дохилию хориҷии аҳолии ҷумҳурӣ метавонад сабаби аз назорат дур мондани шахсони сироятёфта гардад;
  • омилҳои паст будани фаъолнокӣ аз ҷониби як қатор кормандони марказҳои маҳаллии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам оид ба фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба назорати диспансерӣ, инчунин паст будани сатҳи хизматрасониҳо ба муҳтоҷон.
  1. Барои тасдиқи иловагии мавҷудияти табъиз ва тамғагузорӣ дар ҷумҳурӣ нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, инчунин дар ин замина пайдо шудани ҳолатҳои худтабъизӣ, натиҷаи тадқиқот оид ба “Индекси тамғагузорӣ”, ки дар моҳи ноябри соли 2015 амалӣ шуда буд, нишон дода мешавад (расмҳои 2 ва 3 (бо фоиз).
  1. Дар ҷадвали 4 маълумот нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд ва дар давраи то 1 январи соли 2016 ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд, оварда шудааст.
  1. Дар ҷадвали 4 маълумот нисбати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд ва дар давраи то 1 январи соли 2016 ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд, оварда шудааст.

Ҷадвали 4

Фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам

 зиндагикунанда ба табобати зиддиретровирусӣ

Синну соли шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд Шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд % фарогирии муҳтоҷон ба табобати зиддиретровирусӣ
0-14-сола 519 495 95,4%
15-сола ва боло 4141 2640 63,8%
Ҳамагӣ 4660 3135 67,8%
  1. Тавре аз ҷадвал бармеояд, бештари кўдакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (95,4 фоиз), ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуда, онро идома дода истодаанд.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунанда давлат ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин рў ҳар як нафар сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам имконият дорад, ки вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархурдор бошад. Айни замон таъмини доруҳои зиддиретровирусӣ бапуррагӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, асосан аз ҷониби Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа амалӣ карда мешавад. Норасогии доруворӣ то имрўз ба мушоҳида нарасидааст.
  3. Тибқи маълумоти дар ҷадвали 4 овардашуда, айни замон фарогирии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки таҳти назорати диспансерӣ (4660 нафар) қарор доранд, ба табобати зиддиретровирусӣ 67,8 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар баробари ҳамаи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (6117 нафар) ба 51,3 фоиз баробар мебошад. Фарогирӣ ба табобати зиддиретровирусӣ аз ҳисоби шумораи эҳтимолии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (тибқи баҳодиҳӣ -15721 нафар) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 19,9 фоиз мебошад. Ин нишондиҳанда сол аз сол беҳтар гардида, дар соли 2015 ба 1282 нафар расид (дар соли 2014 – 885 нафар).
  4. Шурўъ аз соли 2011 дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба оилаҳое, ки дар онҳо кўдакони гирифтор ба вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ мекунанд (то 16-сола), пешниҳоди кумакпулиҳои моҳонаи иҷтимоӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232) оғоз гардид. То имрўз барои гирифтани чунин кумакпулӣ ба 440 нафар кўдакони ба вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” хулосаи тиббӣ дода шудааст. Дар солҳои охир барои таъмини ғизои кўдаконе, ки аз модарони сироятёфта таваллуд шудаанд, дар ҷумҳурӣ таъмини сарикасии чунин оилаҳо бо ғизои кўдаконаи сунъӣ ба миқдори зарурӣ ба роҳ монда шуд.
  5. Шурўъ аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ шумораи кўдакони синну соли то 14-солаи сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам тамоюл ба болоравӣ намуд (ҷадвали 5). Дар 4 соли охир (2012-2015) шумораи ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кўдакон зиёд гардида, аз 11,4 фоиз то 16,2 фоиз ҳамаи ҳодисаҳои нави сироятро ташкил дод.
  6. Дар ҷумҳурӣ шумораи ҷамъшавандаи кўдакони то 15-солаи ба вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ба ҳолати 1 январи соли 2016 ҳамагӣ 636 нафарро (ҷадвали 5) ташкил медиҳанд, ки он ба 8,2 фоиз шумораи умумии сироятёфтагон баробар мебошад.

Ҷадвали 5

Тамоюли сирояти вируси норасоии масунияти одам

 дар байни кўдакон дар Тоҷикистон тайи солҳои 2002-2015

2002-2006 2007 2008 2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 Ҳамагӣ
Шумораи умумии ҳодисаҳои нави вируси норасоии масунияти одам дар байни кўдакони

0-14-сола

8 13 5 12 15 71

 

132 129 122 129 636

 

Бо фоиз 1,2 3,2 1,7 2,7 1,5 7,2 16,2 14,7 12,2 11,4 8,2
аз ҷумла паҳншавии сироят бо роҳи амудӣ (аз модар ба кўдак) 1 8 3 11 14 26 34 47 56 55 255
аз ҷумла бо роҳи “номаълуми паҳншавӣ” (кўдакон аз модарони вируси норасоии масунияти одам-манфӣ таваллудшуда) 1 2 1 1 1

 

 

45

 

98 82

 

66

 

74

 

 

371

 

аз ҷумла ҳангоми хунгузаронӣ 6 3 1 10
  1. Дар 4-5 соли охир дар ҷумҳурӣ қариб ду маротиба шумораи кўдакони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта бо роҳи “аз модар ба кўдак” афзудааст. Ин масъала таҳлили дурусту амиқи сабабу омилҳои паҳншавиро бо ин роҳ талаб менамояд. Ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни занони синну соли қобили таваллуд, аз ҷумла занони ҳомила зарур мебошад.
  2. Аз 129 нафар кўдакони бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаи соли 2015, 74 нафараш модарони сиҳат дошта (дар соли 2012- 98 нафар, дар соли 2013 – 82 нафар ва дар соли 2014- 66 нафар), роҳи паҳншавии сироят ҳамчун “номаълум” гузошта шудааст. Шумораи умумии чунин кўдакон аз соли 2009 то соли 2015 ба 371 нафар ё 58,2 фоиз аз шумораи умумии кўдакони сироятёфта баробар аст.
  3. Тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, сабаби асосии пайдошавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кўдакони дар боло қайдгардида (371 нафар) номаълум боқӣ мемонад. Эҳтимолияти паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ҳамчун сирояти дохилибеморхонагӣ вуҷуд дошта, инчунин ба паҳншавии сироят метавонанд, омилҳо ва ҳолатҳо, ба монанди амалиёти тиббӣ, ки умумияти пўст ва пардаҳои луобии баданро вайрон месозанд (сўрохсозии гўш, хатнакунӣ, маҳсгарӣ бо сўзан, холкўбӣ ва ғайра) дар шароити хона низ таъсир расонанд.
  4. Далел ва рақамҳои нишондодашуда, аз ташвишовар будани ҳолати эпидемикии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни ин гурўҳ дарак дода, водор месозанд, ки кўдакон ба гурўҳи осебпазири аҳолӣ ворид карда шаванд. Нисбати ин гурўҳ ба таври фаврӣ бояд маҷмўи чорабиниҳои профилактикӣ бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва дигар сироятҳои ба воситаи хун гузаранда қабул карда шавад. Инчунин зарур аст, ки чораҳои қатъӣ баҳри муайянсозии механизми паҳншавии ҳар як ҳодисаи роҳи гузаришаш “номаълум”, дар алоҳидагӣ ҳам дар байни кўдакон ва ҳам дар байни калонсолон андешида шавад.
  5. Ба аҳолӣ дар ҳамаи муассисаҳо, утоқҳо ва ҷойҳои хизматрасонии маишӣ (сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ҳуҷраҳои косметологӣ ва ғайра) новобаста аз шакли моликияташон, бехатарии тамоми хизматрасониҳо (сартарошӣ, ришгирӣ, маникюр, педикюр, амалиёти косметологӣ, сўрохкунии гўшҳо, хатна, татуаж, пирсинг), ки ба халалёбии комилияти пўст ва пардаҳои луобӣ сабаб шуда метавонанд, бояд кафолат дода шавад. Ҳамаи мутахассисон, ки хизматҳои дар боло зикргардидаро мерасонанд, бояд нисбати асосҳои бехатарии сироятӣ омўзонида шуда, оид ба масъулияташон ҳангоми вайронкунии реҷаи санитарию зиддиэпидемикӣ дар ҷои кори худ огоҳонида шаванд.
  6. Аз оғози эпидемия то 31 декабри соли 2015 аз ҳисоби сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам бо сабабҳои гуногун 1592 нафар фавтидаанд, ки 20,7 фоизро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳад. Шумораи умумии фавтидагон дар солҳои 1991-2015 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин мебошад: шаҳри Душанбе – 224 нафар (9,7 фоиз аз шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 194 нафар (40,5 фоиз), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 323 нафар (22 фоиз), вилояти Суғд – 381 нафар (24,4), вилояти Хатлон – 470 нафар (24,7 фоиз). Шумораи умумии фавтидагон дар ҷумҳурӣ дар 5 соли охир (2011-2015) ҳамагӣ 1075 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 585 нафараш аз бемории пайдошудаи норасоии масуният фавтидаанд. Нишондиҳандаҳои фавт дар ҷадвали 6 оварда шудааст.

Ҷадвали 6

Ҳодисаҳои фавт дар байни сироятёфтагони вируси норасоии

 масунияти одам дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015

Нишондиҳанда 2011 2012 2013 2014 2015
Шумораи фавтидагон дар байни сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (шумораи умумӣ бо сабабҳои гуногун) 182 214 232 234 213
Аз ҷумла, шумораи фавтидагон аз бемории пайдошудаи норасоии масуният 93 113 128 137 114
  1. Бояд қайд намуд, ки табобати зиддиретровирусӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таъин карда мешавад ва ҳамасола фарогирӣ ба он беҳтар шуда истодааст, инчунин маҷмўи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳубин ва дастгирии онҳо сабаби кам гардидани фавт дар байни сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам гардид.
  2. Дар панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ тамоюли баландшавии шумораи сироятёфтагони бемориҳои ҳамрадифи вируси норасоии масунияти одам/сил зиёд гардида, аз 49 ҳодиса дар соли 2009 ба 176 ҳодиса дар соли 2015 баробар гардид. Яке аз сабабҳои асосии зиёдшавии шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам/сил ин ворид намудани ташхиси вируси норасоии масунияти одам дар муассисаҳои зиддисилӣ ва фарогирии бештари сироятёфтагони сил ба ташхис мебошад, ки он сол аз сол беҳтар гардида истодааст. Дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 9434 нафар сироятёфтагони сил аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузаронида шуданд, ки дар 99 нафари онҳо сирояти вируси норасоии масунияти одам дарёфт гардид.
  3. Аз ҳисоби сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам бошад дар 77 нафар сирояти сил дарёфт гардид. Мутаассифона, на ҳамаи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам сари вақт аз ташхиси сил гузаронида мешаванд. Барои муайянсозии сирояти сил дар шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таҳлили акси рентгении қафаси сина зарур мебошад. Аз сабаби набудани нишонаҳои клиникӣ на ҳама сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам аз ин ташхис мегузаранд. Аз ин рў, ба нақша гирифта шудааст, ки масъалаи мазкур бо истифодаи ташхиси молекулавии сил бо усули GenExpert бартараф карда шавад.
  4. Тибқи маълумоти оморӣ бемории сил ҳанўз ҳам яке аз сабабҳои асосии фавти сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам боқӣ мемонад. Дар соли 2015 ҳамагӣ 76 нафар сироятёфтагони бемориҳои ҳамрадифи вируси норасоии масунияти одам/сил фавтидаанд, ки 35,7 фоиз ҳамаи фавтидагони соли 2015-ро ташкил медиҳанд (бо сабабҳои гуногун).
  5. Вобаста ба ин таъмини ташхиси саривақтӣ ва босифати сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ба бемории сил хеле зарур мебошад. Фарогирии кўдакони сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам ба ташхиси сил яке аз самтҳои асосии фаъолият ба шумор меравад, чунки эҳтимолияти гирифторшавии кўдакон ба намуди мутобиқгаштаи бемории сил нисбати ашхоси калонсол зиёдтар мебошад.
  6. Ба гурўҳҳои нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам хатари баланддошта нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва маҳбусон дохил мешаванд.
  7. Дар ҷадвали 7 маълумот оид ба шумораи нашъамандони тазриқӣ ва шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар ҷумҳурӣ тибқи баҳодиҳӣ оварда шудаанд.

Ҷадвали 7

Баҳодиҳии шумораи нашъамандони тазриқӣ ва шахсони

 расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар Тоҷикистон

Гурўҳи осебпазир Шумора тибқи баҳодиҳӣ Соли гузаронидани тадқиқоти баҳодиҳӣ
Нашъамандони тазриқӣ 23 100 2014
Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 14 100 2014
  1. Дар ҷадвали 8 бошад баҳодиҳии сатҳи паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни намояндагони ин гурўҳҳо, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот оид ба назорати дидбонии эпидемиологӣ ба даст омадаанд, нишон дода шудааст.

Ҷадвали 8

Маълумоти баҳодиҳии назорати дидбонии эпидемиологӣ

 оид ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам

 дар байни гурўҳи осебпазири аҳолӣ

Гурўҳи осебпазир Паҳншавии

вируси норасоии масунияти одам

Соли баргузории

назорати дидбонии эпидемиологӣ

Нашъамандони тазриқӣ 12.9% 2014
Маҳбусон 8.4% 2013
Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 3,5% 2014
  1. Тибқи баҳодиҳӣ шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби намояндагони гурўҳҳои дорои хатари баланди сироятёбӣ (нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ) ҳамагӣ 3836 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин шумора 24,4 фоизи шумораи умумии сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (тибқи баҳодиҳӣ-15721 нафар)-ро дар бар мегирад. Қисми боқимондаи сироятёфтагон (11264 нафар ё 75,6 фоиз) тибқи баҳодиҳӣ ба намояндагони дигар гурўҳҳои аҳолӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаҳои онҳо, ҷавонон, шарикони ҷинсии шахсони сироятёфта ва ғайра) рост меоянд.
  2. Истифодаи маводи мухаддир бо роҳи тазриқӣ ба оғоз ва инкишофи эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон ба таври назаррас таъсир гузошт. Шурўъ аз соли 2011 тамоюли пастшавии шумораи ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам бо роҳи тазриқӣ, ки асосан аз истифодаи тазриқии маводи мухаддир вобаста мебошад, ба мушоҳида расида, аз 412 ҳодиса дар соли 2011 то 245 ҳодиса дар соли 2015 кам гардид. Паҳншавии ҳодисаҳо бо роҳи тазриқӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар солҳои 2011-2015 мутаносибан ба 41,7 фоиз ва 21,3 фоиз баробар шуд.
  3. Натиҷаи дар боло нишондодашуда, аз ҳисоби зиёдшавии ҳамасолаи фарогирии нашъамандони тазриқӣ ба хизматрасониҳо дар доираи барномаи кам кардани зарар, аз ҷумла мубодилаи сўзандоруҳо ва тесткунонӣ ба даст омаданд. Дар соли 2015 ба хизматрасониҳои нуқтаҳои боварӣ барои нашъамандони тазриқӣ ё ба ибораи дигар нуқтаҳои мубодилаи сўзандоруҳо ҳамагӣ 13456 нафар, машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам 18192 нафар нашъамандони тазриқӣ фаро гирифта шуданд. Миқдори миёнаи сўзандоруи тақсимшуда ба як нафар нашъамандони тазриқӣ тайи сол ба 283 адад (аз ҳисоби шумораи нашъамандони тазриқӣ тибқи баҳодиҳӣ) баробар шуд. Нишондиҳандаҳои фарогирӣ дар соли 2014 мутаносибан ба 11993, 13082 ва 214 баробар буд. Аҳамияти дигари муҳими нишондодҳои болозикр дар соли 2015 дар қиёс бо соли 2014 ва солҳои сипаригардида, аз беҳтар шудани дастрасии нашъамандони тазриқӣ ба хизматрасонӣ оид ба пешгирии беморӣ дарак медиҳад. Дар соли 2015 табобати зиддиретровирусӣ ба 275 нафар нашъаманди тазриқии сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам таъин карда шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба 158 нафар баробар буд.
  4. Тибқи маълумоти омории расмӣ соли 2014 дар Тоҷикистон шумораи беморони нашъаманд, ки дар қайди марказҳои наркологӣ қарор доштанд, ба 7310 нафар баробар шуд, ки аз онҳо 7111 нафарашро (97,3 фоиз) мардон ва 199 нафарашро (2,7 фоиз) занон ташкил доданд. Зиёда аз 60 фоизи онҳо нашъамандони тазриқӣ мебошанд. Инчунин тибқи маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот оид ба “Баҳодиҳии шумораи нашъамандони тазриқӣ ва шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2014 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам” бо иштироки мушовири байналмилалӣ гузаронида шуд, шумораи нашъамандони тазриқӣ дар ҷумҳурӣ 23100 нафарро ташкил дод.
  5. Тибқи маълумоти назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ (бо фарогирии 2200 нафар) дар соли 2014 паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни нашъамандони тазриқӣ 12,9 фоиз, паҳншавии ҳепатити вирусии С-22,7 фоиз ва оташак – 4,5 фоизро ташкил дод. Нишондодҳои муқоисавии назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011 мутаносибан ба 13,5 фоиз, 24,9 фоиз ва 7,4 фоиз баробар буданд.
  6. Кам гардидани сатҳи паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, ҳепатити вирусии С ва оташак дар байни нашъамандони тазриқӣ (назорати дидбонии эпидемиологии солҳои 2011-2014) аз самаранокии чорабиниҳо, ки дар ҷумҳурӣ дар байни ин гурўҳ амалӣ мегарданд, дарак медиҳад.
  7. Ҳарчанд солҳои охир дар байни намояндагони ин гурўҳ сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам кам гардида бошад ҳам, аз сабаби хусусияти хос доштани онҳо ҳама вақт бояд дар зери назорати қатъӣ бошанд. Баръакс бояд сифати чорабиниҳо барои паст намудани зарар дар байни нашъамандони тазриқӣ боз ҳам пурзўр карда шаванд.
  8. Чорабиниҳои маҷмўӣ чун пештара бо дарназардошти ҳама хатарҳои мавҷудбуда барои солимии намояндагони ин гурўҳ (пешгирии вируси норасоии масунияти одам, сил, ҳепатити вирусии С, пешгирӣ ва табобати бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, табобати нашъамандӣ ва ғайра) амалӣ гардонида шаванд. Дар ҳолати дарёфт намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дар нашъамандони тазриқӣ зарур аст, ки ҳарчи барвақт табобати зиддиретровирусӣ оғоз карда шуда, сироятёфта дар бораи зарурат ва самаранокии табобат бояд огоҳ карда шавад.
  9. Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ яке аз гурўҳҳои махсус ва нисбати вируси норасоии масунияти одам хатари баланди сироятёбидошта ба шумор рафта, дар инкишофи эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар ин ё он давлати дунё таъсиргузор мебошанд. Таъсири онҳо аз як қатор омилҳое, ки намояндагони ин гурўҳро нисбати ин сироят осебпазир намудааст, вобастагӣ доранд. Ба ин омилҳо дохил мешаванд: маҳдудиятҳо дар дастрасии шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва фурўши одамон; маҳдудият дар дастрасии маълумот ва маводи пешгирикунандаи сироятҳо; табъизу тамғагузорӣ; хатарҳо вобаста ба тарзи ҳаёти намояндагони ин гурўҳ (зўроварӣ ва ғайра) ва истифодаи аз меъёр зиёди маводи нашъадор ва спиртӣ.
  10. Дар Тоҷикистон даст задан ба фоҳишагӣ ҳамчун қонунвайронкунии маъмурӣ гурўҳбандӣ гардидааст. Ин амал дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гардида, дар ҳолати вайронкунии он ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабси маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.
  11. Тибқи маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот оид ба “Баҳодиҳии шумораи нашъамандони тазриқӣ ва шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2014 ба даст омаданд, шумораи шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ дар ҷумҳурӣ 14100 нафарро ташкил медиҳад.
  12. Назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ (бо фарогирии 1300 нафар) дар соли 2014 нишон дод, ки паҳншавии вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ 3,5 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-3,7 фоиз), паҳншавии ҳепатити вирусии С – 4,2 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-2,5 фоиз) ва оташак-10 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2011-14,6 фоиз)-ро ташкил дод. Мавҷуд будани сирояти оташак дар шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ аз эҳтимолияти хатари баланди сироятнокшавии вируси норасоии масунияти одам дарак медиҳад. Сироятнокии шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ бо ҳепатити вирусии С аз истифодаи маводи мухаддири тазриқӣ дарак дода, инчунин дар баробари роҳи алоқаи ҷинсӣ, нишондиҳандаи хатари баланди сироятнокшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам бо роҳи тазриқӣ низ шуда метавонад.
  13. Ҳарчанд, ки сатҳи паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ он қадар баланд ҳам набошад, пурзўр намудани чорабиниҳои профилактикӣ дар ин самт зарур мебошад. Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ҳамчун гурўҳи дорои хатари баланди сироятёбии вируси норасоии масунияти одам ва сироятҳои тавассути акоқаи ҷинсӣ гузаранда дар оянда низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳа ва Барномаи мазкур боқӣ мемонад.
  14. Маҳбусон низ ба гурўҳи дорои хатари баланд нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам шомил мебошанд. Тибқи маълумоти назорати дидбонии эпидемиологӣ, ки дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ дар байни 800 нафар маҳбусон гузаронида шуда буд, сатҳи паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни маҳбусон ба 8,4 фоиз (назорати дидбонии эпидемиологии соли 2010-9,0 фоиз) ҳепатити вирусии С ба 11,0 фоиз (18 фоиз) ва оташак ба 13,1 фоиз (9 фоиз) баробар мебошад.
  15. Мутобиқи ҳолати то 1 январи соли 2016 тибқи маълумоти омори расмӣ шумораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар маҳбас 222 нафар буда, аз онҳо 130 нафарашон табобати зиддиретровирусиро идома дода истодаанд. Ба ҳамаи онҳо дар соли 2015 аз ҷониби табиби силшинос машварат дода шуда, 59 нафарашон ба табобати пешгирикунандаи сирояти сил бо изониазид фаро гирифта шуданд.
  16. Дар солҳои охир ба танзим даромадани сатҳи сироятнокшавӣ бо вируси норасоии масунияти одам дар байни маҳбусон, паст гардидани сатҳи паҳншавии ҳепатити вирусии С аз гузаронидани маҷмўи чорабиниҳо оид ба истифодаи лавозимоти безарари тиббӣ, машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам ва табобати зиддиретровирусӣ вобастагӣ дорад.
  17. Новобаста аз ин нишондиҳандаҳои паҳншавии ҳамаи се сироят дар байни маҳбусон то ҳанўз баланд боқӣ монда, дар самти фаъолиятҳо нисбати пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ беҳбудиҳоро талаб менамояд.
  18. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат қарор доранд, то 12 январи соли 2016 862321 нафар, аз ҷумла 81,2 фоиз мардон ва 18,8 фоиз занонро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Дар байни мардон 47,8 фоиз ва аз ҳисоби занон 34,3 фоизро ҷавонони синни 18-29-сола ташкил медиҳанд. Айни замон асосан дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ Федератсияи Россия ва баъдан Ҷумҳурии Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон давлатҳои серталабот ба шумор мераванд.
  19. Омори расмӣ нишон медиҳад, ки сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар байни шахсони пештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта зиёд гардида, дар соли 2015 онҳо 165 нафар, аз ҷумла 151 нафар мард ва 14 нафар занро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда ба 14,3 фоизи ҳамаи ҳодисаҳои нави сироят дар соли 2015 (65 нафар ё 7,7 фоиз дар соли 2012) баробар мебошад. Роҳи асосии паҳншавии сироят дар байни нафарони дар гузашта дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда дар соли 2015 асосан (151 нафар ё 91,5 фоиз) алоқаи ҷинсӣ мебошад. Маълумоти солҳои охир нишон медиҳанд, ки шавҳарони қариб ҳамаи занони ҳомиладори сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам дар солҳои қаблӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд ва онҳо низ сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам мебошанд.
  20. Далел ва рақамҳои овардашуда бевосита мавҷуд будани пайвастагиро байни муҳоҷирати байналмилалии меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва зиёд гардидани дарёфти ҳодисаҳои нави сироятёбии вируси норасоии масунияти одам дар ҷойи муқимии зист нишон медиҳанд. Аз ин рў, зарурати ворид намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурўҳи осебпазири аҳолӣ ба миён омада, дар байни онҳо ва шарикони ҷинсии онҳо гузаронидани маҷмўи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва сил зарур мебошад.
  21. То моҳи январи соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷавонони 15-19-сола 865,5 ҳазор (10,4 фоиз) нафар, 20-24 сола 855,5 ҳазор (10,2 фоиз) нафар, 25-29-сола 807,3 ҳазор (9,7 фоиз) нафарро ташкил дода, ҳамагӣ синну соли 15-29-сола ба 2528300 нафар ё 30,3 фоиз аҳолӣ баробар буд.
  22. Дар январи соли 2016 тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар ҳудуди ин давлат 334999 нафар мардони шаҳрванди Тоҷикистон (47,8 фоиз аз шумораи умумии мардони муҳоҷир) ва 55407 нафар занони шаҳрванди Тоҷикистон (34,3 фоиз аз шумораи умумии занони муҳоҷир) дар синну соли 18-29-сола қарор доштанд. Ҳамагӣ ҷавонони синни 18-29-сола аз Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия 390406 нафар ё 45,3 фоизи шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд.
  23. Тавре аз натиҷаи тадқиқоти миллӣ оид ба муайянсозии сатҳи маълумотнокӣ, таҷриба ва рафтор оид ба пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолии 15-49-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷавонони 15-24-сола- 38,8 фоиз) нишон медиҳад, фоизи ҷавонони 15-24-сола, ки то синни 15-солагӣ алоқаи ҷинсӣ доштанд, ба 1,1 фоиз баробар буд. Ин нишондиҳанда дар соли 2012 0,68 фоизро ташкил медод. Танҳо наздики 50 фоиз пурсидашудагони синну соли 15-24-сола ба саволҳо оид ба усулҳои пешгирии сироятёбии вируси норасоии масунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ дуруст ҷавоб дода тавонистанд. Ҷавонони 15-19-сола дар 38 фоиз ва 20-24-сола дар 71фоиз ҳолатҳо аз доштани алоқаҳои ҷинсӣ хабар дода, мутаносибан 16,1 фоиз ва 25,4 фоизи ҷавонон нисбати зиёда аз як нафар шарики ҷинсӣ доштанашон маълумот доданд. Истифодабарии рифола аз ҷониби ҷавонон дар сатҳи хеле паст қарор дошта, дар 70 фоиз ҳолатҳо онҳо аз алоқаи ҷинсии бехатар худдорӣ намудаанд. Инро ба инобат гирифта хулоса намудан мумкин аст, ки ҷавонон низ ба гурўҳи осебпазири аҳолӣ нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам шомил буда, дар байни онҳо гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи сирояти вируси норасоии масунияти одам ва сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ҳатмӣ мебошад.
  24. Дар соли 2014 шумораи таваллуд дар Тоҷикистон ҳамагӣ 242635 нафар ва миқдори занони ҳомиладор 248129 нафарро ташкил дод. Шурўъ аз соли 2011 дар ҷумҳурӣ гузаронидани скрининги унверсалии занони ҳомиладор оид ба дарёфти вируси норасоии масунияти одам бо истифодаи стратегияи “opt out” (ташхис оид ба вируси норасоии масунияти одам, ки ба ҳама занони ҳомиладор тавсия гардида, ҳамаи онҳо фаро гирифта мешаванд) оғоз карда шуд.
  25. Дар солҳои охир зиёда аз 80 фоиз занони ҳомила дар ҷумҳурӣ ба тесткунонӣ фаро гирифта мешаванд. Ин сабаб гардид, ки дар байни миқдори муайяни занони ҳомиладор мавҷудияти сирояти вируси норасоии масунияти одам аниқ карда шуда, чораҳои пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кўдак амалӣ гардонида шаванд. Маълумот оид ба шумораи занони ҳомиладори бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта дар ҷадвали 9 оварда шудааст.

                                                                                                  Ҷадвали 9

Сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни занони

ҳомила дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015

Солҳо 2011 2012 2013 2014 2015
Шумораи занони ҳомилаи бо вируси норасоии масунияти одам сироятёфта 75 100 112 168 174
  1. Дар соли 2015 шумораи занони ҳомила, ки бо вируси норасоии масунияти одам сироят гардидаанд, 174 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 168 нафар ё 96,6 фоиз ба табобати зиддиретровирусӣ ва табобати пешгирикунандаи вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кўдак фаро гирифта шуданд. Новобаста аз ин, зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои нави сирояти вируси норасоии масунияти одам дар байни кўдакони бо роҳи амудӣ сироятёфта боиси нигаронист. Дар соли 2015 шумораи чунин кўдакон 55 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 2011 ба 26 нафар, 2012 ба 34 нафар, 2013 ба 47 нафар ва 2014 ба 56 нафар баробар буд.
  2. Вобаста ба ин зарур аст, ки сабаби муроҷиат накардани як қисмати муайяни занони ҳомила барои назорат дар муассисаҳои пеш аз таваллуд (тибқи маълумоти оморӣ 7,4 фоиз занон соли 2014 дар ҷумҳурӣ дар шароити хона таваллуд кардаанд) ва нагузаштани онҳо аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам бояд ба таври саҳеҳ омўхта шавад.
  3. Амалисозии чораҳои қатъӣ барои фарогирии ҳамаи занони ҳомила дар ҷумҳурӣ ва назорати онҳо дар муассисаҳои пеш аз таваллудӣ зарур буда, гузаронидани маҷмўи хизматрасониҳои пешгирикунанда вобаста ба ташхис, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ (ҳангоми зарурат) оид ба вируси норасоии масунияти одам хеле муҳим мебошад.

БОБИ 2. ТАҲЛИЛИ ЧОРАҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ

  1. Ба хатари паҳншавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса дода мешавад. Чораҳои зиддиэпидемикӣ бар зидди ин сироят яке аз самтҳои асосии фаъолияти тандурустии ҷамъиятии кишвар ба шумор меравад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи пайравӣ ба фаъолият дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният (Иҷлосияи махсуси Маҷлиси умумии Созмони Милали Муттаҳид, соли 2001)-ро қабул намуда, дар қатори давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда Стратегияи миллии рушдро, ки дар он мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар мувофиқа бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ 6, нишондиҳандаи асосии 7) нишон дода шудааст, таҳия ва мавриди амал қарор дод. Дар доираи иҷрои Стратегияи миллии рушд дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда, дар коҳиш додани сарбории эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният саҳми босазо гузошта шуд.
  3. Илова бар он, ки Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар баробари дигар самтҳои афзалиятнок, ки дар Стратегияи миллии рушд қабул шудаанд, чораҳои ҳозираи бахши тандурустиро низ дар бар мегиранд. Эҷод намудани муҳити солим барои ҳаёт ва беҳтар намудани солимии аҳолӣ, аз ҷумла гурўҳҳои осебпазири он – ҳадафи асосии Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба шумор меравад. Ин Стратегия чораҳоеро дар бар мегирад, ки барои дастрасии ҳамаи аҳолӣ ба чораҳои пешгирикунанда, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният равона гардидаанд.
  4. Дар Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар давраи солҳои 2011-2015 ба масъалаҳои гендерӣ дар чораҳои миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам диққати махсус зоҳир гардида буд. Аввалин маротиба дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳои занону духтарон ва баробарии гендерӣ дар масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам, ки дар натиҷаи тадқиқот оид ба дастрасии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти баробарии гендерӣ ба даст омада буданд, ба таври возеҳ инъикос гардиданд.
  5. Соли 2014 дар доираи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният” дар ҷумҳурӣ ҳамаи маҳдудиятҳо нисбати шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам мебошанд, вобаста ба воридшавӣ, буду бош ва зиндагӣ дар Тоҷикистон барҳам дода шуданд.
  6. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ баҳодиҳии маҷмўии хароҷоти миллӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам ҷорӣ карда шуд, ки дар доираи он маблағгузории самтҳои афзалиятнок таҳлил карда мешаванд. Ин баҳодиҳӣ дар ду сол як маротиба амалӣ карда мешавад.
  7. Хароҷоти умумӣ дар самти пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар давраи солҳои 2008-2013 зиёда аз 10 маротиба бештар гардида, дар соли 2013 67 миллион доллари америкоиро ташкил дод. Ҳарчанд дар панҷ соли охир аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ хеле зиёд гардида бошад ҳам, дар самти муқовимат бо эпидемия бештари чорабиниҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
  8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам асосан дар масъалаҳои омодасозии мутахассисон, таъмини маоши онҳо, таъмини иморат ва хароҷоти ҷорӣ, инчунин қисман харидорӣ намудани маводи ташхисӣ ва дорувориҳо барои табобати сироятҳои оппортуникӣ саҳмгузор мебошад.
  9. Ҳамоҳангии ҳамаи фаъолиятҳо дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа амалӣ гардонида мешавад. Дар сохтори Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар баробари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда шомил гардидаанд. Айни замон дар Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа 22 ташкилот, аз ҷумла 9 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, 10 сохтори давлатӣ ва 3 созмони байналмилалӣ аъзо мебошанд. Кумита ба таври мунтазам на камтар аз чор маротиба дар як сол ҷаласаҳо гузаронида, масъалаҳои муҳимро дар самти пешгирии сироятҳои вируси норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
  10. Айни замон дар Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа панҷ гурўҳи корӣ бо ҳайати муайян ва уҳдадориҳои тасдиқгардидаи вазифавӣ фаъолият менамоянд: 1) Арзёбӣ ва баҳодиҳӣ; 2) Табобат; 3) Паст намудани зарар; 4) Қонунгузорӣ ва сиёсат; 5) Иттилоот, дониш ва коммуникатсия.
  11. Дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 гурўҳи кории доимоамалкунанда оид ба нигаҳдории тандурустӣ дар ин сохтор фаъолият мекунад.
  12. Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо федератсияҳои варзишӣ чорабиниҳо бар зидди маводи мухаддир, зўроварӣ нисбати занон, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният барпо менамоянд.
  13. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш нисбати муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ зич ҳамкорӣ дорад. Дар самти амалисозии барномаҳои миллӣ дастгирии техникию молиявии дуҷониба: Ҳукумати Федератсияи Россия ва Нақшаи фавқулоддаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба расонидани кумак нисбати пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бисёрҷониба: Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, агентиҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ғайра) зиёд мебошад.
  14. Пешгирии вируси норасоии масунияти одам яке аз ҷузъҳои асосӣ ва муҳими муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, он аз чораҳои таъсири аввалия (пешгирии аввалия) ва дуюмдараҷа (пешгирии дуюмдараҷа) иборат мебошад.
  15. Яке аз чораҳои муҳими пешгирикунанда дар самти пешгирии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам – машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст ва он бо принсипи тесткунонӣ ҳамчунин ташхис ва пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам амалӣ гардонида мешавад. Машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ дар ташхисгоҳҳои марказҳои вируси норасоии масунияти одам ва дигар муассисаҳои вазифадори тандурустии кишвар (марказҳои солимии репродуктивӣ, таваллудхонаҳо, муассисаҳои пўсту зуҳравӣ, наркологӣ, зиддисилӣ ва сохтори хусусӣ) амалӣ карда мешавад.
  16. Дар ҷадвали 10 маълумоти умумӣ оид ба машваратдиҳӣ ва тесткунонӣ нисбати сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ (солҳои 2012-2015) нишон дода шудааст.

                                                                                          Ҷадвали 10

Машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ оид ба вируси

 норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2012-2015

Нишондиҳанда 2012 2013 2014 2015
Шумораи шахсони санҷидашуда (Машваратдиҳӣ ва тесткунонии ихтиёрӣ) 453 836 517 376 647978 597 426
Фоизи мардон ва занон аз шумораи умумии санҷидашудагон З М З М З М З М
75,9% 24,1% 78,3% 21,7% 80,4% 19,6% 76,5% 23,5%
  1. Аз ҷадвали 10 маълум мебошад, ки фарогирии аҳолӣ дар соли 2015 ба тесткунонӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам паст гардидааст, ки он асосан бо харидорӣ нагардидани тестҳои фаврӣ бо мақсади фарогирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва занони ҳомиладор дар доираи амалисозии сармояи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа бо усули нави маблағгузорӣ вобаста мебошад.
  2. Бояд қайд намуд, ки ҷумҳурӣ бомаром таҷрибаи хариди тестҳои фавриро барои фарогирии занони ҳомила аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷорӣ намуда истодааст. Инчунин дар ҷадвали 10 ба мушоҳида мерасад, ки ҳамасола шумораи занон ба ҳисоби миёна 75-80 фоиз ва шумораи мардон 20-25 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз шумораи умумии занони кишвар ба 12 фоиз ва аз шумораи умумии мардон танҳо ба 3 фоиз баробар мебошад. Аз ин рў, зиёд намудани фарогирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бештари онҳоро мардон ташкил медиҳанд, ба тесткунонӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам зарур мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …