Главная / Варзиш / Рамзҳои олимпӣ

Рамзҳои олимпӣ

Парчами олимпӣ – матои сафеди ҳарир бо ҳалқаҳои олимпӣ.

Афрўхтани оташи олимпӣ – яке аз анъанаҳои асосӣ дар ифтитоҳи ботантанаи бозиҳои олимпӣ аст. Онро аз Олимп ба маҳалли баргузории бозиҳо варзишгарони беҳтарини ҷаҳон чун эстафета мерасонанд. Савганди варзишгарон ва доварон чунин садо медиҳад: «Аз номи варзишгарон ман ваъда медиҳам, ки мо дар ин бозиҳои олимпӣ ширкат меварзем, қоидаҳоеро эҳтиром ва риоя менамоем, ки аз рўи он бозиҳо гузаронида мешавад, дар рўҳияи ҳақиқии варзиш, ба хотири шаъну шарафи варзиш ва ба хотири эҳтироми номи дастаҳои худ».

ramzhoi-olimpi

Рамзи бозиҳои олимпӣ тасвири муқаррарии ҳайвони хурдест, ки дар мамлакати соҳиби бозиҳои олимпӣ онро дўст медоранд.

Рамзҳои Олимпиада – 80 дар шаҳри Маскав хирсчаи хокистаранг Миша, Олимпиада – 88 дар шаҳри Сеул – палангча Ходори, Олимпиада – 92 дар шаҳри Барселона – саг Коби, Олимпиада – 96 дар Атланта – ҳайвончаи афсонавӣ Иззи буданд.

Ҷоизаҳои олимпӣ – инҳо медалҳо ва дипломҳо. Ғолибон бо медалҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ сарфароз мегарданд. Ҳоло ғолибони Бозиҳои олимпӣ бо нишонҳои сарисинагии тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ тақдим мушарраф дониста мешаванд.

Оғози Бозиҳои XXII олимпӣ, шаҳри Маскав, соли 1980 Бораи мутантанӣ ва шукўҳи Бозиҳои Олимпӣ шоирон сурудаҳо эҷод карда, пайкарасозон муҷассамаҳои ғолибони олимпиро месохтанд.

Ба васфи онҳо беҳтарин шоирони Юнон суруди ғолибият иншо мекарданд. Дар яке аз онҳо Пиндар навишта буд:

  • Чун об – яке аз беҳтарин аз элементҳо,
  • Чун тилло – металли қимматбаҳо,
  • Чун рўшноӣ ва ҳарорати Офтоб,
  • Қавитар аз ҳар чизи дигари гармӣ ва равшанӣ.
  • Нест бошарафтар аз ғалабаҳо,
  • Чун ғалаба дар бозиҳои олимпӣ.
  • Ифтитоҳи Бозиҳои XXII Олимпӣ, шаҳри Маскав, соли 1980

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …