Главная / Илм / Шаби кадр (Лайлатулкадр)

Шаби кадр (Лайлатулкадр)

Шаби кадр (шаби бокадр ва такдир) бар хаммаи шабхои сол фазилат ва бартари дорад ба хотири ин, ки сураи аввалини Куръони карим дар он шаб нозил шудааст. Тибки тахмини бештари уламохои исломи шаби кард ба шаби 27-уми мохи шарифи Рамазон рост меояд. Соли 2024-уми хичри шамси ин шаб ба шаби санаи 7-уми апрел ба 28-уми апрел, ки баробарии рузу шаб аст рост меояд.

shabi_qadrИнчунин ба гуфтаи Расули акрам шаби кадр ин шабхои токи дахаи охирин, яъне шабхои 21, 23, 25, 27 ва 29 мебошад. Хусусан шаби 27-ум.

Худованд мефармояд:

(Хар оина мо фуруд овардем Куръонро дар шаби кадр. Ва чи муталиъ сохт (дононд) туро, ки чист шаби кадр. Шаби кадр бехтар аст аз хазор мох аст.

Фуруд меоянд сариштагон ва Рух дар он шаб ба фармони парвардигори хеш барои саранном кардани хар коре. Он шаб то вакти тулуъи фачр-бомдод махзи саломатист.

Ва дар чои дигар Худованд мефармояд:

(Мо Куръонро дар шаби муборак ва гироми нозил кардем).

Паёмбар (с) дар бораи фазилати ин шаб мефармояд: (Касе, ки дар шаби кадр бар асоси имони ба Худо ва умеди ачр ва подош аз вай ба намоз биистад (ва ба ибодат машгул шавад)  гунохони гузаштаи у бахшида мешавад).

Шаби кадр дар яке аз шабхои дах рузи охири рамазон аст ба ин хотир ба зиндадории ин дах рузи охир супориш шуда аст.

Дар хадис омадааст:

(Шаби кадрро дар шабхои фарди дах шаби охири рамазон талош кунед).  Паёмбар (саллалоху алайхи васаллам) дар дах рузи охири рамазон сахт ба ибодат машгул мешуданд.

Чунон, ки Уммулмуъминин Оиша мефармояд: (Хангоме, ки дах рузи охири мохи рамазон фаро мерасад. Расулуллох (с) шаб бедор мемонд. Ва хонаводаашро бедор мекард. Ва сахт ба ибодат машгул мешуд).

Аз Хазрати Оиша ривоят шудааст, ки мефармояд: Ба расулулло (с) гуфтам: Агар донистам кадом шаб шаби кадр аст чи бигуям? Паёмбар (с) фармуданд;

бигу: (Парвардигоро! Бешак ту бисёр омурзадаи ва омурзишро дуст медори, пас маро биёмурз). Худованд  хамаи морро  дар ин  шаби  мубораку  ин  мохи  Шариф  аз  савобу  самарахои  бениёзи  Парвардигори  оламиён бонасибу  рузи  гардонаду  тоату  ибодатхояамонро  ба даргохи  иллохи  кабул  кунад.

Дар китоби КУРЪОН омадааст:

Сураи КАДР (Такдир) (97-умин сураи китоби Куръони карим)

surai_qadrБа номи Худои бахшояндаи мехрубон!

  1. Мо дар шаби кадр нозилаш кардем! (Куръонро)
  2. Ва ту чи дони, ки шаби кадр чист?
  3. Шаби кадр (шабест, ки) бехтар аз хазор мох аст.
  4. Дар он шаб фариштагону Рух ба фармони Парвардигорашон барои анчом додани корхо нозил мешаванд.
  5. Он шаб то тулуи бомдод хама салому эмини аст!

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …