Главная / Чамъият / Рузи ошикон 14 феврал (Валентинка)

Рузи ошикон 14 феврал (Валентинка)

Савол: Рузи ошикон кай? Бо вучуди бахсхои тулони ва мавчи махкумият ба хусус аз чониби диндорон, Рузи Валентин хамчун Рузи ошикон дар Точикистон солтосол маъруфтар мешавад. Ва агар каблан доманаи тачлили ин чашн бештар бо чавонони шахрнишин махдуд мешуд, холо Рузи ошикон батадрич ба берун аз шахрхои Точикистон низ пой мегузорад.

Бознашр аз «Ахбор» Муносибат ба Рузи Валентин ё Рузи ошикон дар Точикистон хамчунон мутанокиз боки мемонад.

Як кисми мардум ин идро хилофи суннатхои дини Ислом ва хам мухолиф ба анъанахои мардуми точик хонда, тачлилашро барои як мусалмон хатто гунох мешуморанд. Аммо иддаи дигар дар ин руз ба суи дуконхои гулфурушиву магозахои ширинифуруши ва хатто чониби магозахои чавохирот мешитобанд, то Рузи ошиконро барои дустдошта ё хамсари худ ба як рузи фармоушношудани ва саршор аз ишку мухаббат табдил диханд. Назари мардуми мо ба Рузи Валентин яксон набуд.

Рузи ошиконро

Шариф Исмоилов, як чавон, ки худро сокини пойтахт муаррифи намуд, дар сухбати бидуни микрофон гуфт: «Дар ягон чои дини мубини Ислом оварда нашудааст, ки барои ошикон махсус руз аст ва онро чашн бигиред. Хар касе ин рузро эътироф мекунад, у аз мо нест.»

Аммо Манижаи Хуршед, ки худро донишчуи Донишгохи славяни гуфт, Рузи ошиконро як пайти муносиб барои ошти шудан бо чавони дустдоштааш мешуморад ва мегуяд, хеле боз мунтазири ин руз ва ин пайт буд: «Рузи ошикон бароям хеле писанд аст, чунки хотири махбубамро бо тухфаи хурдакак хам бошад, шод мегардонам. Ду мох мешавад, ки бо хам кахрием ва дар ин руз худам барояш тухфа такдим мекунам ва сабаби дубора пайвастани мо хамин руз мегардад. Бигзор чунин руз бошаду ба мисли ман дигар ошикони кахри бо хам ошти шаванд.”

Кай пайдо шудааст Рузи ошикон? Таърихи Рузи Валентин, бино ба ривоятхо, аз як рохиби масехие бо номи Валентин огоз мегирад, ки бар хилофи фармони султони Рум Клавдий сарбозони зархариди султонро бо дустдоштахояшон акди никох мебаст. Клавдий аз тарси инки сарбозони зархарид (легионер) баъди издивоч часорати кофи нишон намедиханд ва шояд хатто аз майдони чанг бигурезанд, издивочро барояшон манъ карда буд.

Аммо номанависи ба дустдоштаи худ дар Рузи Валентин дар асрхои миёна ривоч ёфт. Нахустин чунин нома, ки то имруз дар осорхонаи Бритониё махфуз аст,500 сол мукаддам, дар соли 1477 навишта шудааст. Ин мактуб аввалин бор дар намоишномаи бахшида ба хазорсолагии адабиёти англис пешкаши оммаи васеъ гардонида шуд. Дарин нома духтарак аз махбубаш хостори исботи ишки у шудааст. Чавон бошад, дар номаи чавоби менависад, ки тавассути модараш бо издивоч бо ин духтар хатман ноил хохад шуд.

Аз огози асри XIX такдими тухфахои когази ё ба истилох «валентинка”-хо дар Рузи Валентин ба муд даромад. Дар аввалхо аз когазхои сиёху сафед хар намуд рамзхои ошикона, ба монанди «дил” , «гул” меофариданд. Баъдтар чои когазхои сиёху сафедро когазхои ранга ва ранги давои ишгол кард. Дар руи чунин когазхо навиштачотхои мухабатомез менавиштанд ва мухаббати худро баён мекарданд. Ба монанди «I love you”, «Love is…”-ро чой медоданд. Хар ошик ишкашро аз руи фахмишу зехн ва хасосияти хеш тахия месохт. Чиддихо чиддитар, одихо оддитар менавиштанд. Аксхои дил, ки дохилаш бо лухт ( мочалка) пур карда шудаааст, махсусан агар ранги сурх дошта бошанд, харидорони бештар дошту доранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …