Главная / Гуногун / Пандномаи Анушервони Одил

Пандномаи Анушервони Одил

Пандномаи Анушервон. Тахиякунандаи матн ва муаллифи дебочаву тавзехот Аълохон Афсахзод, Душанбе, «Маориф ва фарханг», 2008, 51 сах.

«Пандномаи Анушервон»  аз осори чолибу мондагори пандиву ахлокии ниёкони шакаргуфтори мост, ки номи нигорандаи равоншодаш алхол номаълум буда, такрибан дар асрхои XI-XII офарида шудаааст.

poleznii_mudrie_sovetiМатни манзума, ки дар иттикол ба навиштахои пандомузи гузаштагони дилсузамон иншо гардида, ахлоки хамидаи инсониро ситойишу аъмоли гализаро накухиш мекунад, соли 2005 интишор ёфта, дар муддати кутохе камёбу касмаёб гардид.

 Холо нашри дувуми каме тахриру такмилёфтаи он дар ихтиёри шумо, хонандагони азиз, гузошта мешавад, то чароги рахнамойи рузгору рафторатон бошад.

 Суннати андарзнависи ва пандофарини, ки хамчун «андарзнома» машхур аст, дар адабиёти форсии точики таърихи беш аз 2500 – сола дорад. Нахустин намунахои панду андарз дар бахши готхои «Авасто» зухур намуда, дар адабиёти пахлавии замони Сосониён (224-661 мелоди), хусусан, давраи подшохии Хусрави Парвез (531-579), ки бо лакаби Анушервони Одил маъруф аст, басе ривоч пазируфта, дар охири ахди Сосониён «Андарзномаки Анушервон» ва «Пандномаки Бузургмехр» чунон машхур будаанд, ки  хатто дар дабиристонхо омузонда мешудаанд. Дар замони ислом, аз асри VIII мелоди шуруъ карда, бисёр андарзхо ба забони араби тарчума ва баъдтар ба форсии дарии точики баргардонда шудаанд. Устод Рудаки, Абушакури Балхи, Дакики, Абуали ибни Сино, ба вижа Абулкосими Фирдавси ва муосирони дигари онхо дар адабиёти навини форсу точик ба ин навъи адаби макоми сазовор бахшида, суннати андарзофариниро ривочу густариш додаанд, ки то хануз идома дорад. Андарзномахои шоири бузург Абулкосими Фирдавси дар «Шохнома» ва «Зафарнома»-и мансуб ба калами хакими сутург Абуали ибни Сино, ки манбаъхои пахлави доранд, дар ганчинаи мавъизахои форсии точики аз судмандтарин намунахои хикмати амали ба шумор мераванд. Дар ин миён манзумаи «Андарзномаи Анушервон» -и мансуб ба Бадеъи Балхи, ки якинан асли он низ пахлави ва макони пайдоишаш Эрони Бостон будааст, аз осори басе чолиби ахлокии форсу точик мебошад. Андарзу пандхо, хикмату насихатхо ва васиятхое, ки дар ин манзума эрод гардидаанд, хирад, дониш, адолат, инсоф, мурувват, саховат, сабр, шикебойи ва дигар арзишхои маънавию ахлокии шоистаи умумибашариро ситоиш намуда, худшиноси, порсойи, далери, шучоъат, шарм, хаё, бурдбори ва амсоли инро таргиб мекунанд.

Хамчунин, муаллифи «Андарзномаи Анушервон» аз гуфтахои Ардаршери Бобакон, «Зардуштнома», «Синдбоднома», «Офариннома» ва бузургони таърих иктибос оварда, ситам, зулм, кина, хасад, газаб, лавху лаъаб, шитобзадаги, ачала, адоват, суханчини, бухл, дуруг, хашм ва дигар падидахои аъмоли ношоистаро зери тозиёнаи танкид карор дода, талкин менамояд, ки инсони нек бояд чавониву тандурусти ва кудрату тавонойиро ганимат шуморад, ба кадри неъматхои Парвардгор бирасад, аз бади, харом, гайбату бухтон ва кибру гурур дури чуяд, хеч гох дар амонате хиёнат нанамояд. Марди покманиш лахзае хам набояд аз хотир барорад, ки подоши хулки неку неки ва чазои кирдори зишт бади буда, хушон ба холи ононе, ки ба омухтани илм, андухтани дониш, густариши корхои хайр шугл меварзанд, кушойи танвири афкори мардуманд, дар кушидану нушидан ифрот намеварзанд, рахм бар бечорагон, дастгирийи хочатмандон ва парвардани фарзандони халиму солехро пешаи худ кардаанд, аз зиштихо ба изтироб меафтанд, аз аъмоли шоистаи хаммаслакону хаммашрабони худ сафо мепазиранду халоват мегиранд. Хамагон бояд имон биоваранд, ки худшиноси худпарасти нест, далериро набояд бо арбадачуйи ва шучоъатро бо девонаги омехт, такаббур, хавасрони, шахват, гафлат хама чазойи худро доранд, хиёнаткору чинояткор якин бояд кайфар бибинад.

Хамаи ин матолибро гуяндаи «Андарзномаи Анушервон» бо тахрири шево ва сабки салису зебо ба риштаи назм кашида, хадяйи пурарзиши худро ба толибони фазл арза намудааст, ки беш аз хазор сол боз арбоби таълиму тарбия ва хамагон аз он файз мебаранд ва бахра мебардоранд.

Аммо дар мавриди муаллифи «Пандномаи Анушервон» фикри ягона вучуд надорад. Ризокулихони Хидоят дар «Мачмаъ-ул-фусахо» ин манзумаро мутаъаллик ба Бадоеъи ном шоире медонад, ки аз зумраи суханварони дарбори Султон Махмуди Газнави (998-1030 мелоди) буда, Мухаммад ибни Махмуди Балхи ном доштааст. Мавсуф меафзояд, ки Бадоеъи дорои ашъори маснуъ будааст. Хамчунин, у бахше аз «Пандномаи Анушервон»-и мавсум ба «Рохат-ул-инсон»-ро ба номи Бадоеъии Балхи дар «Мачмаъ-ул-фусахо» чой додааст.

Сипас аллома Саъид Нафиси ин манзумаро дар мачаллаи «Мехр» (соли дувум, шуморахои 2 ва 3) мунташир сохта, хотирнишон менамояд, ки баъзехо муаллифи «Рохат-ул-инсон»-ро Бадеъи Балхи, яъне Абумухаммад Бадеъ бинни Мухаммад бинни Махмуди Балхи, хатто аз хамасрони Дакики (ваф.976) ва Мунчики Тирмизи, дониста бошанд хам, ин андеша хатост, зеро «Пандномаи Анушервон», ки дар он байте аз Унсури (ваф. 1037) оварда мешавад, гувохи он аст, ки муаллифи он дар замони Унсури ва ё баъди у зиндаги кардааст. Ба кавли Саъид Нафиси, дар мукаддимаи насрии «Рохат-ул-инсон» ба «Шарафи шоир» ишора рафтааст, ки шояд гуяндаи маснавии мазкур у бошад. Ин «Шарафи шоир» эхтимол Абушариф Мучалладии Гургони (асрхои XI-XII) бошад.

Чун мо дар дасти худ маводу мадраки иловаги надорем, дар ин бобат чизи дигаре гуфта наметавонем.

Матни манзума дар асоси «Шархи ахволу ашъори шоирони бедевон дар карнхои  III, IV ва V хичрии камари» (мусаххех Махмуди Мудаббири, Техрон, 1370, сах. 503-520) ба нашр хозир карда шуд.

Аълохон Афсахзод

© Нашриёти «Маориф ва фарханг», 2008

ДЕБОЧА 

Скачать >>> pandnomai-anushervoni-odil

 

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …