Главная / Илм / КУРБОНОВ Каримхон Муродович

КУРБОНОВ Каримхон Муродович

kurbonov-karimkhonКУРБОНОВ Каримхон Муродович (2-юми апрели соли 1958 дар нох. Темурмалик таваллуд шуда санаи 11-уми августи соли 2020 дар ш. Душанбе вафот кардааст).

Номбурда духтури чаррох, доктори илми тиб (1998), профессор (1999). Узви пайвастаи АИ ТТ (2010; узви вобаста – 2003), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ЧТ (2004), Аълочии тандурустии ЧТ (1996). Узви хакикии Академияи байналхалкии мактаби оли (2005). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1982). Духтури чаррохи Беморхонаи вилоятии ш. Кулоб (1982 – 87 ва 1992 – 94), ординатори Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Украина (1987 – 89), духтури чаррохи нох. Дзержинскийи ш. Харков (1989 – 92). Ассистент (1994 – 98), дотсент (1998 – 99), проф. (1999) кафедраи чаррохии умумии № 1 ДДТТ, декани фак-ти тибби умумии ДДТТ (2001 – 03), ректор (2003 – 05), мудири кафедраи беморихои чаррохиталаби № 1 ДДТТ. Муаллифи 170 кори илми, аз чумла 56 макола, 11 тавсияи методи ва 4 монография мебошад. 44 пешниходи навовари дорад. Зери рохбарии К. 10 наф. рисолаи номзади химоя кардааст.

Чойи охирини кори: Мачмаии табобатии Истиклол дар ш. Душанбе (Ба хайси муовини директор).

Тадкикоти илмии К. асосан ба омузишу табобати захми рудаи дувоздахангушта, роххои талхагузар, гадуди зери меъда ва г. оиданд.
Бо дипломи Академияи байналмилалии «Бахти тиллои» ва медали георгии «Шаън, Шараф, Мехнат» (дарачаи 4) сарфароз гаштааст (ш. Тернополи Украина, 2001).
Ос.: Осложненные дуоденальные язвы, Д., 2003; Абдоминальный компартмент синдром, Д., 2003; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Ру-операции в абдоминальной хирургии, Д., 2005; Хирургические болезни живота, Д., 2005; Руководство по неотложной хирургии органов брюшной полости, Д., 2005; Хирургия «трудных» язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2007; Дуоденостаз, Д., 2008; Ущемленная грыжа, Д., 2008.

Сабаби фавт (мурдан) ин пневмония (шояд короновирус бошад) мегуянд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

naqliyot

СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ Конуни мазкур …