Главная / Илм (страница 211)

Илм

Хардал дар Канзи Шифо (Китоб)

hardal_gorchica-660x330

Хардал — инро ба руси горчица меноманд, ки хар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёх монанди баргхои турб, вале аз он майдатар, шахшул ва андак тундбуй аст. Пояаш чоркирра, гулаш зард, тухмаш кулулаи сурхи тундтаъм аст. Ин растани навъхои сахрои ва бустони дорад. Дар …

Муфассал »

Бедгул дар Канзи Шифо (Китоб)

bedgul-500x330

Бедгул — ин растиниро баргаш монанди барги бед аст, вале гафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Буяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зарди. Мизочи бедгул дар дарачаи севум гарм ва хушк аст, таркибаш …

Муфассал »

Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

angur-660x330

Ангур — маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Бехтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз чинси аскари, сохиби, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инхо навъхои дигараш маком дорад. Мизочаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъхои он. Мутлакан пухтаи он дар дарачаи якум гарм …

Муфассал »

Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

mosh-600x330

Мош — ин растани ва дони машхури зироати аст, ки тухмашро пухта мехуранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст. Мизочи мош дар дарачаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар мукашшар карда, яъне аз пусташ чудо карда бошанд, баъд мизочаш муътадил дар тари ва хушки мегардад. Мизочи пусташ мураккаб-ул-кувват моил …

Муфассал »

Сарсабил дар Канзи Шифо (Китоб)

sarsabil-2-660x330

Сарсабил — Дар дашт, богистон ва кухсорхои Осиёи Маркази ду навъи сарсабили шифобахш меруяд. Як навъро шоххояш борик, баргаш монанди баргхои морчуба риштавор борик-борик, навъи дигараш бо хамон сифат, вале шоххояш хор дорад. Сохт ва намуди решаи хар дуяш хам кариб ба хамдигар шабохат дорад, яъне сиёх аст; самараш ба андозаи …

Муфассал »

САВРИНЧОН дар Канзи Шифо (Китоб)

savrinjon-2-660x330

Савринчон — ин пиёзаки гиёхест монанди сири (саримсоки) сахрои, санавбаришакл, андак пахнтар, ки се навъ мебошад: Берун ва даруни пиёзаки он хар ду сафед, таъмаш ширин. Берун ва даруни пиёзаки он хар ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб. Берун ва даруни пиёзаки он хар ду моил ба сиёхи, вале …

Муфассал »

Морчуба

morchuba_sparja-660x330

Морчуба  — ин калимаи точикист ва ба руси спаржа меноманд. Морчуба растаниест, ки баргхояш монанди сузани борик-борики бисёр мебошад, рангаш сабз аст, ки ба баргхои сарсабил шабохат дорад. Гулаш сафед. Самараш ба андозаи самари сарсабил аст, хангоми нораси кабуди сабзтоб ва дар вакти расидан сурх мегардад. Ин боги ва сахрои …

Муфассал »

Райхони гуши муш дар Канзи Шифо (Китоб)

raihon-2-660x330

Райхони гуши муш — Ин аз намуди райхонхои резабарг аст, ки баргхояш монанди гуши муш мебошанд, яъне баргаш монанди гуши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг, тухмаш монанди тухми райхони расми мебошад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: дар бобати давоги ин райхон кавитар …

Муфассал »

Чувории сафед

uvorii_safed-660x330

Чувории сафед — ин наботи зироатист, баргхояш монанди баргхои чуворимакка, пояаш чун найи гафс, вале дарунаш ковок надорад, таъми пояаш ширин аст, самараш, яъне донхояш дар сари растаниаш анбух дар хуша, донхояш калонтар аз наск, кулула, сахт ва сафед мешавад. Аз ин ошхо пухта мехуранд. Мизочаш сард ва хушк аст. Хислатхои …

Муфассал »

МАРМИНЧОН

Баргашро куфта гузошта банданд, захмхои сарро хушк мекунад, чашми аз косахонааш баромадаро, ки дар тибби кадим чухуз-ул-айн меноманд, ба чояш мебарад. Усораи мармичон, яъне оби барг ва пояи тару тозаи дар офтоб гафсгардонидаашро бо андак шилми бодомхо даромехта гузошта банданд, хамаи беморихои гарм ва сарди чашм, хусусан захм, обрави, нохунак ва …

Муфассал »