Главная / Чамъият / азмуни шартномаи мехнати

азмуни шартномаи мехнати

Моддаи 24-и Кодекси Мехнат. Мазмуни шартномаи мехнати

  1. Мазмуни шартномаи мехнатиро созиши тарафхо, мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз чумла созишномаи генерали, сохави, шартномахои коллективи, муайян мекунанд.
  2. Дар матни шартномаи мехнати бояд нишон дода шаванд:

– ном ва сурогаи корфармо, ки шахси хукуки мебошад;

– насаб, ном ва номи падар, ракам ва чойи дода шудани хуччати тасдиккунандаи шахсият, сурогаи чойи истикомати доими ва раками мушаххаси андозсупоранда;

– насаб, ном ва номи падар, ракам ва чойи дода шудани хуччати тасдиккунандаи шахсият, сурогаи чойи истикомати доими ва раками мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси вокеи бошад;

– чойи кор (ташкилот ва ё вохиди муайян);

– вазифаи (мансаби) ишголнамудаи корманд;

– хусусияти шароити мехнат, кафолат ва имтиёзхо, агар кори ичрошаванда ба корхои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;

– санаи огози кор;

– мухлати шартномаи мехнати;

– низом ва речаи вакти кори;

– вакти истирохат ва давомнокии рухсатии мехнатии харсолаи корманд;

– андозаи музди мехнат ва дигар шартхои пардохти музди мехнат;

– хукуку ухдадорихои корфармо;

– хукуку ухдадорихои корманд;

– тартиби тагйир додан ва катъ намудани шартномаи мехнати;

– кафолат, чубронпулихо ва тартиби пардохти онхо;

– шартхои сугуртакунони;

– чавобгарии тарафхо;

– санаи бастан ва раками тартибии шартномаи мехнати.

  1. Бо розигии тарафхо дар шартномаи мехнати метавонанд дигар шартхое, ки ба Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, пешбини карда шаванд.
  2. Шартхои шартномаи мехнати танхо бо розигии тарафхо дар шакли хатти тагйир дода мешаванд.
  3. Хангоми иваз шудани ном, сурога ва чойи истикомат, тарафхо метавонанд ба шартномаи мехнати тагйироти дахлдор ворид намоянд, ки онхо асос барои тагйир ёфтани дигар шартхои шартнома намегарданд.
  4. Хангоми бастани шартномаи мехнатии мухлатнок, дар он мухлати амал ва холатхое (сабабхое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд.
  5. Хангоми бастани шартномаи мехнати паст кардани сатхи хукук ва кафолатхои мехнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, манъ аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …