Главная / Чамъият / Афзоиши ахоли дар Точикистон: шумора ва камбудихо

Афзоиши ахоли дар Точикистон: шумора ва камбудихо

Сандуки нуфуси СММ мегуяд, афзоиши босуръати ахоли дар Точикистон ба болоравии сатхи бекори, факр ва дар нихоят ба камбуди маводи гизои дар миёни сокинон мунчар хохад шуд. Намояндаи ин макоми СММ Майкл Джонс ин матлабро рузи чумъа зимни баргузории нишасте ба муносибати Рузи чахонии ахоли дар шахри Душанбе баён кард.

Факирони серфарзанд

Хамасола 11-уми июл ба унвони Рузи чахонии ахоли дар саросари олам чашн гирифта мешавад. Аммо гузоришхои созмонхои байналмилали хокист, ки афзоиши басуръати ахоли бештар дар кишвархои факири олам ба мушохида мерасад. Точикистон аз чумлаи кишвархои собик Шурави буда ва беш аз нисфи чамъияти он дар вазъи факр ба сар мебарад. Бонки чахони пешгуи кардааст, ки то соли 2015 ахолии ин кишвар худуди 50 дарсад афзоиш хохад ёфт, ки мушкилоти иктисоди ва ичтимоиро ба бор хохад овард.

rozi_dil

Бобои Курбонали, сокини дехаи Гулистони нохияи Восеъи вилояти Хатлон 12 фарзандро тарбия карда ва хамаи онхоро оиладор кардааст. Вай мегуяд, хар фарзандаш сохиби 4 то 7 фарзанд хаст ва набераву аберахо дорад. Хамакнун хамрохи бобои Курбонали се фарзандаш бор хонаводаашон зиндаги доранд, ки дар чихати хонаву чойи истикомат танкиси мекашанд. Аслан, бобои Курбонали 73 сол дорад, ки бо 60 сомони, ба кавле даври нафака меронад.

Аммо дар катори бобои Курбонали хазорхо хонаводахое дар Точикистон ба сар мебаранд, ки хамакнун мушкилоти пайомади серфарзандиро мекашанд. Албатта онхо хушхоланд, ки Худованд ба онхо фарзанд додааст, аммо набуди чойи зисту кор, проблемахои ичтимои ва иктисоди душворихоеро ба рузгорашон бор кардааст.

Афзоиши ахолии курраи Замин

Ин дар холест, ки пажухиши ахире, ки Маркази тахлилии амрикоии «Population Reference Bureau» (PRB) анчом додааст, интизор меравад, чамъияти чахон дар соли 2050 ба 9,4 миллиард нафар хохад расид. Ин марказ афзоиши 97 дарсади ахолиро аз хисоби кишвархои факиртарини чахон медонад.

Бар асоси ин пажухиш, ахолии Точикистон, ки аз чумлаи кишвархои факиртарин дар чахон махсуб мешавад, 84 дарсад афзоиш хохад ёфт. Ин дар холест, ки афзоиши башиддати чамъият дар Точикистон ба болоравии мизони бекори, факр ва дар нихоят ба камбуди маводи гизои дар кишвар мунчар хохад шуд.

Зухро Ахмадова, намояндаи UNFPA ё Сандуки нуфуси CММ, низ дар ин бора мегуяд, «пайомади афзоиши чамъият, мухочирати ахолиро бештар хохад кард. Зеро бекори зиёд аст. Аз суи дигар афзоиши ахоли, мушкилихои дастраси ба мактабу маориф ва хадамоти бехдоштиро бештар мекунад, ки албатта биа сатхи зиндагии ахоли таъсир дорад».

Хатари камбуди замин ва об

Аз суи дигар масъулони Сандуки нуфуси СММ хушдор медиханд, ки «агар хамзамон бо афзоиши ахоли, дастрасии мардум ба замин, оби нушоки ва хамин тавр дигар хадамот тавсеа наёбад, душворихои сангинтареро метавон интизор шуд».

Ин дар холест, ки мизони саршумории ахоли дар муддати понздах соли ахир дар Точикистон тагйир накарда ва ба гуфтаи Гулнора Саломова, корманди Пажухишгохи шугл ва хифзи ахолии Точикистон, ин кишвар дар миёни кишвархои собик Шурави дар заминаи таваллуд дар макоми аввал карор дорад, ки ин амр аз сабабхои аслии афзоиши ахоли дониста мешавад:

«Дар вокеъ таваллуди зиёд омили афзоиши ахоли аст. Зеро вучуди анъанахо дар миёни мардум, яъне серфарзанди боси шуда, ки мардум таваллуди зиёдро меписанданд. Аз суи дигар фарзанд барои хонаводахои точик барои ичрои корхо зарур аст. Хамчунин пойин будани сатхи огохи ва маърифатнокии занон аз дигар сабабхои афзоиши сатхи ахоли аст. Зеро занон дар таваллуди фарзанд танзимро риоя намекунанд ва аз тачхизоти зарури барои чилавгири аз таваллуди бидуни фосила истифода намебранд».

Барномаи бенатичаи танзими оила

Хамакнун Зухро Ахмадова, намояндаи Сандуки нуфуси СММ дар Точикистон мегуяд, танхо рушди масоил демографии ахоли, ба хусус танзими хонавода метасонад омили за байн бурдани пайомадхои номатлуби равнади сареъи афзоиши ахоли дар Точикистон бошад:

«Президенти Точикистон зимни суханрониаш дар мавзуи танзими хонавода ва мушкилоти демографи дар мохи феврали соли 2001 таъкид карда буд, ки оила бояд он теъдод фарзанде дошта бошад, ки ба талаботи давлат ва оила чавобгу бошад. Раисичумхур нагуфт, ки бояд як, ду, се ва ё чахору панч ва аз он зиёду кам фарзанд бояд дошт, балки бар он даъват кард, ки афзоиши ахоли набояд ба вазъи иктисоди ва ичтимоии мардум асар гузорад».

Аммо хамакнун бо гузашти 8 сол маълум мешавад, ки барномаи давлати Точикистон дар заминаи танзими хонавода ва таъсиси марказхои вижа дар манотики мухталифи кишвар дар ин росто натичаи муассире дар пай надоштаааст. Ахолии кишвар ба иттилои Кумитаи омори Точикистон дар муддати дах соли ахир беш аз 1, 5 миллион афзудааст.

Чонибдорони серфарзанди

Аслан Точикистон аз шумули кишвархои шуравии пешин аст, ки мардумаш ба серфарзанди таваччух дорад. Бобои Курбонали, сокини нохияи Восеъ, ки дар огоз бо у сухбате доштам, чонибдори бисёрфарзанди аст, аммо мегуяд, «фарзанд атои Худо аст, ризкашро Худо медихад. Фарзанд сохиби маълумот ва кор бошад, хатманд нафъаш ба дигарон мерасад. Аммо агар бекор бошад, дар назди дигарон низ сари баланд надорад».

Харчанд омори расмии бекори дар кишвар худуди 3 дарсадро ташкил медихад, аммо тахкикотхои созмонхои минтакаи ва байналмилали ин ракамро худуди 30 дарсади неруи кобили мехнат дар Точикистон арзёби мекунанд. Афзун бар ин мутахассисони арса мегуянд, солона дар ин кишвар 100 хазор неруи кобили мехнат афзоиш меёбад. Ин аст, ки дар муддати чанд соли ахир мухочирати кори аз Точикистон ба хоричи кишвар дар холи афзоиш буда ва хатто бухрони чахонии моли ва иктисоди натавонистаааст, пеши рохи ин равандро бигирад.

Мухочирони ноновар

Давлат теъдоди мухочирони мехнати дар хоричи кишварро ба худуди 800 хазор ва манобеи гайрирасми беш аз 1 миллион нафар мегуяд. Ва мусаллам аст, ки таъмини маишии аксарияти кулли мардуми Точикистон низ аз хисоби интиколи пули мухочирони кории точик аз хоричи кишвар аст. Зеро як ё ду нафар дар Русия кор мекунад, бакия аъзои оилаи точик, ки аз 7 то 10 ва аз он бештарро ташкил медихад, мехуранду мепушанд ва зиндагиро пеш мебаранд. Ин аст, ки охири соли гузашта Барномаи гизои СММ шумори мардуми ниёзманд ба кумаки гизои дар Точикистонро худуди 1, 5 миллион нафар хонда буд.

Хонаводаи муйсафеди Курбонали, низ аз чумлаи мардуми ниёзманде аст, ки ба гуфтаи вай на хама вакт гизои колоринок истифода мекунанд. Бештари маводи хурокаи ини хонавода, махсулоти лубиёи, сабзавот ва караму картошка аст. Дар холе, ки вай дар замони Шурави шугли ронадаги буд ва маоши хубе хам мегирифт, ки 12 фарзандашро бо тамоми шароит таъмин мекард.

Аз суи дигар хонумаш, кампири Сангимо, пас аз таваллуди фарзандон аз суи давлат кумакпулихо дарёфт мекард. Вай унвони «Кахрамонмодар» -ро низ сохиб шуда буд. Зеро ба модароне, ки аз нух фарзанд зиёд доштанд, чоизаи «Кахрамонмодар» дода мешуд. Вале хамакнун дар даврони истиклоли Точикистон ин имтиёзот аз байн рафта ва давлат хохони танзими масоили демографи, ба хусус танзими таваллуди фарзанд аст.

Ин дар холест, ки созмонхои байналмилали ва Кумитаи омори Точикистон интизор доранд, ки ахолии ин кишвар ба 8 миллион нафар расидааст. Зеро карор аст ба таърихи 21 то 30 сентябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли гузаронда мешавад. Нахустин ба руйхатгирии ахоли пас аз касби истиклол дар Точикистон 6 миллиону 132 хазор нафарро ташкил дода буд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Чихел зуд бой шудан мумикин аст ?

Чи тавр донишчуи туркман бурди хакикиро бо 1xBet бурд намуд Бозингарони зиёд — махсусан навёдгирхо …