Главная / Илм / Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

zira-650x330Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёх, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, куббаи он монанди шибит аст, хушбуй, дар аксари махалхо месабзад. Хар як намуди зира бустони, дашти ва кухи низ дорад. Даштии он хамчун даво аз бустони кавитар ва кухиаш аз дашти пуркувваттар аст. Як навъ даштиашро барг монанди шохитара аст, тухмаш анбух ва ба сиёхдона шабохат дорад. Кувваташ то хафт сол боки мемонад.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар севум хушк аст, вале ба кавли баъзе табибон, гарми ва хушкиаш дар дарачаи севум мебошад. Хислатхои шифобахши он: зираро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бини бирезанд ё он сиркоеро, ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бини кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи таркардашуда пур кунанд, хуни биниро мебандад.

Зираро як шабонаруз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, хунравии онро катъ мекунад, пардаи дар он афтодаеро, ки   чашмро торик мегардонад, пок  месозад,               реши     чашмро    шифо мебахшад, нуктахои сурхи даруни чашмро мебардорад, кабудии хуни дар зери пуст мурдаро дафъ менамояд (барои охиринаш  хусусан,   ки бо равгани зайтун даромехта чаконанд, бехтар аст).

Зираро бо намак хоида оби онро дар чашм чаконанд, кутури чашм ва сурхии онро дафъ мекунад; инчунин баъд аз бурида дур сохтани нохунак бичаконанд, ба хам часпидани чойи онро манъ месозад; зираро бо сафедаи тухми мург якчо хоида бичаконанд, дарди чашмро, ки сабабаш гарми бошад, шифо мебахшад.

Зираро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, назлахоро мебандад ва дарди дандонро таскин медихад, хусусан бо кокути чушонида бошанд, дар ин бобат кавитар мегардад.

Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшоманд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбози)-ро, ки сабабаш сарди бошад, шифо мебахшад.

Хурдани зира чигар, меъда, гурда ва рудахоро кувват мебахшад; иштихоро ба харакат меоварад, бодхои дохилиро тахлил медихад; хиккак (хикичок)-и рутуби ва боди, хазм ноёфта фуромадани таом, дарди рудахо аз бисёрии бод, варами сипурз, исхоли рутуби (дар исхоли рутуби хусусан бирёнкардаи он кавитар) — хамаашро шифо мебахшад: пешоб ва хайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.

Чун зираро бо намак якчо хоида фуру баранд, равон шудани рутубатхои бемавриди меъдаро катъ мекунад. Агар зираро як шабонаруз дар сирко парварда, яъне тар карда, баъд хушк намуда бихуранд ва ба ин амал мудовамат намоянд, одати бади хок хурданро катъ мекунад.

zira-300x176Зираро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, бодхои зарарноки рудахо, меъда ва гурдаро тахлил медихад, яъне пароканда месозад. Зираро куфта, бо равгани зайтун сиришта, занхо аз таг бардоранд, хайзи онхоро катъ менамояд. Куфтаи зираро бо равгани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро тахлил медихад.

Зираро бо шароб биёшоманд, захри морро аз бадан дафъ мекунад. Зираро куфта, бо орди бокило сиришта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад; бо мумравгани зайтуни ва бо орди бокило сиришта гузошта банданд, варами хояхоро пас мегардонад.

Агар зираи куфтаро ба захм ва чарохатхо пур кунанд, дахани онхоро ба хам оварда сихат мебахшад. Зираро куфта, бо об сиришта бимоланд ё бо он бишуянд, башараро пок мегардонад.

Зираро бардавом бихуранд ё араки онро муттасил бинушанд, баданро логар ва рангро зард мекунад. Чун оби зираро бар бадани тифли навзод бимоланд, дар тамоми умр дар бадани у шапуш пайдо намегардад. Вале хурдани зира ба шуш зарар дорад — давояш катиро хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз зира дар як руз то 7 грамм аст.

Зира барои одамони хунукмизоч, пирон ва балгамимизочон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хуришхои хушбуйи таом, масалан, бо шибит ва дорчини, хангоми пухтани гушти бадхазм дохил намоянд, онхоро сабукхазм, кави мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодхоро тахлилдиханда мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …