Главная / Чугрофия / Зилзила – Заминчунби дар Точикистон

Зилзила – Заминчунби дар Точикистон

Руй додани зилзила ба ходисаи чойивазкунии моддаи кисми болоии мантия ва таркишу зуд чой иваз кардани кабатхои кишри Замин вобаста мебошад. Зилзилахои халокатовар ва харобиовар асосан дар хатхои шикастаи кишри Замин рух медиханд. Зилзилахо хоси минтакахои куххои чавон мебошанд. Аз хамин сабаб зилзилахои сахт дар нохияхои кухсор ба вучуд меоянд. Дар хамворихо бошад, кам рух медиханд ва кувваашон суст аст. Зилзила дар чукурихои гуногуни кишри Замин (дар чукурии аз даххо метр то зиёда аз 700-800 километр) ба вучуд меояд.

zaminjunbiЧукуриеро, ки дар он чо таркиш ва чойивазкунии кабатхои Чинсхои кухи ба амал меояд, манбаи заминчунби меноманд. Махал ва чои сатхи кишри Замин, ки дар болои манбаи заминчунби вокеъ гардидаасту аз он чо мавчхои таконхои зеризаминй аз поён ба боло рост харакат мекунанд. маркази (эпищентр) заминчунби ном дорад. Дар маркази заминчунбй харобихои бештар ба вукуъ меоянд. Дар чойхое, ки аз маркази заминчунби дуранд, лаппишхо хамчун мавч ба хар тараф пахн мешаванд ва кудраташон нисбатан суст аст.

Бинобар ин дар баъзе мавзеъхо ларзишхои начандон пуршиддат хис карда мешаванд. Баъзе хонахои кухнаи хиштию гили хароб мегарданд, дарахтон хаму рост мешаванд. дигар хонахои охану бетони асбобу анчом ба ларза мсоянд.

Заминчунби ходисаи дахшатноки табии мебошад. Одамон аз ногахони ва зуд рух додани он ба вахму харос меоянд. Ин буд ки барои фахмидани табиати он мунтазам кушиш ба харч медоданд. Холо дар тамоми материкхо стансияхои зилзиласанчии зиёде амал мекунанд. Дар онхо ба воситаи асбоби хассос – сейсмограф чунбишхои кишри Заминро мушохида менамоянд. Сейсмограф калимаи юнони будя. “сейсмос” – заминчуибй, зилзила, “графо” – менависам аст. Масалан. дар Точикистон хар сол то сс хазор бор заминчунбиро кайд мснамоянд. Натичаи мушохидахо ба марказхои тадкикоти илмй барои муайян кардани марказхои заминчунби фиристода мешаванд. Аз руи ин маълумотхо олимон харита ва атласи зилзиларо тартиб медиханд. Дар онхо  аз руи чадвали 12-баллй (аз 1 то 12 балл) мувофики мушохидахо дар ин ё он кисми кишри Замин то чанд балл шудани кувваи заминчунби нишон дода мешавад.

Заминчунбй дар сатхи* Замин як хел пахн нагардидааст. Минтакаи фаъоли заминчунби дар Гарб аз Гулугохи Гибралтар, дар Шарк то чазирахои Укёнуси Ором тул кашидааст. Дигар минтакаи фаъоли заминчунбй дар кисми канории фурухамидаи Укёнуси Ором, ки бо материкхо хамшафат (системаи куххои чавон) аст, воксъ гардидааст. Заминчунбихои зиёд барои хати шикастаи кишри Замин, ки аз кисми шаркии китъаи Африка мегузарад ва каторкуххои мобайниукёнуси низ хос мебошанд.

Каламрави Точикистон хам ба минтакаи фаъоли заминчунби мансуб аст. Яке аз чунин минтакахо аз Хисор то Рашт тул кашидааст. Дар ин чо аз 6 го 9 балл заминчуибй шуданаш аз имкон дур нест. Заминчунбихои Хоит «соли 1949), Каратог (соли 1907) аз он шаходат медиханд. Чунин заминчунбихо дар Сарез (соли 1911), дехаи Офтобруя нохияи Исфара (соли 1977), шахри Кайроккум (соли 1986), дехаи Шарораи нохияи Хисор (соли 1989) * рух доданд. Аз хамин сабаб дар чумхурии мо яке аз марказхои тадкикоти илмии зилзиласанчии чахони – Пажуишгохи зилзиласанчй ва иншооти ба зилзила тобовар амал мекунад. Мувофики тавсияи он дар чумхури иншоогхои ба зилзилаи 6-8 балл тобовар сохта мешаванд.

Савол ва супориш

  1. Сабаби заминчунби – зилзила чист?
  2. Манбаъ ва маркази заминчунбй чист?
  3. Заминчунбиро бо кадом асбоб мушохида мекунанд?
  4. Кувваи заминчунбиро аз руи чи муайян мекунанд?
  5. Дар кадом мавзеъхои Точикистон заминчунбихои харобиовар рух медиханд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …