Главная / Гуногун / Зикри бино кардани хонаи Каъбаро хазрати Иброхим аллайхиссалом

Зикри бино кардани хонаи Каъбаро хазрати Иброхим аллайхиссалом

Чун Иброхим /а/ аз курбон фориг шуд, Исмоил /а/-ро ба Хочара супурд ва шукри Бори таъоло кард ва аз пеши Хочара равон шуд ва пеши Сора рафт. Чун мудатте баромад, Чабраил /а/ биёмад ва гуфт: «Худоят салом мерасонад ва мегуяд, ба чихати манн хонае дар ин замин бино кун! » Гуфт: «Кучо бино кунам?» Нидо омад, ки ту бар шутуре савор шав, абре пайдо шавад, хар кучо биравад, уро нигох карда бирав, у хар кучо биистад, он чо Каъба бино кун!

Чун абре баромад, Иброхим /а/ бо вай мерафт, то он чо расид, ки имруз хонаи Каъба аст. Ва низ гуфтаанд, ки море биёмад, ба андозаи хонаи Каъба бихуспид, то Иброхим /а/ нишони он бидид ва ба андозаи он хонаи Каъба бино кард. Ва низ гуфтанд: Чабраил /а/ гуфт, ки бад-ин микдор хона бино кун!… Иброхим /а/ гуфт: «Худовандо, санг аз кучо орам?» Нидо омад: « Аз панч кух, аввал Лубнон ва дигар аз кухи Хамза ва аз Абукубайс ва аз кухи Сафо ва Марва» Пас Чабраил /а/ биёмад ва санг меовард ва Иброхим /а/ мениход ва Исмоил /а/ ёри медод. Пас хона тайёр шуд. Иброхим /а/ даст ба дуъо бардошт ва гуфт: «Худовандо, он чи фармуди ба вусъи токати худ ба чо овардам ва тамом кардам. Бипазир, ки ту шунавои ба дуъои ман ва бинои бар холи ман ва донои бар хотири ман».

kaba

Ва дигар бор даст бардошт ва гуфт: «Ин хонаву шахрро аз мевахо рузи кун, то хар ки ба ту имом орад, то киёмат ба мухофизат нигох дорад». Нидо омад: «Ё Иброхим, хар он ки бар ман кофир шавад, хам рузи дихам, валекин бархурдори камтар бувад ва чои кофирон дузах аст». Пас Иброхим /а/-ро дар хотир омад, ки сабру шукру миннат он Худойро, ки ин хона бар дасти ман тамом карда шуд. Чабраил /а/ биёмад ва гуфт: «Ё Иброхим! Худоят салом мерасонад ва мегуяд, ки ин хама ранч бурди ва хона тамом карди. Пеши ман чандон кадре надорад, ки хароба обод куни». Гуфт «Худовандо, кадом хароба? «Нидо омад, ки он бувад, то гуруснаро сер куни ва барахнаро бипуши, чандон фазл бувад наздики ман, ки ин хона бино карда боши ва бар хар рукне хазор ракъат намоз карда боши». Пас нидо омад: «Ё Иброхим, халкро бад-ин хона даъват кун!… Гуфт: «Малико, ман бихонам, ки шунавад ва овози манн кучо расад?» Чавоб омад, ки аз ту хондану аз мо шунавонидан ва аз халк чавоб додан. Ва ман, ки Худоям овози ту ба гуши хама халк расонам, дар аслоби падарону архоми модарон.

Иброхим /а/бар кух омад ва овоз дод, ки эй фарзандони Одам /а/, аз хамаи олам бад-ин Каъба оед ва ру й бад-ин хона оред! Аз чахор суи олам овоз шунид ва касро надид, ки хамин гуфт: «Лаббайка Аллохумма, лаббайка, ло шарика лака лаббайка, инна – л – хамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мука лошарика лака ё сайиди ва мавлои». Иброхим /а/ гирди он хона водихо дид, беобу бекишту бенабот, гуфт: «Малико, ин чо кишт нест, ин фарзандонро ин чо мегузорам, ба умеди ту, ба ту месупорам, ки ту розики». Он гох даст бардошту гуфт: … «Малико, ин хонаро аз мевахо рузи кун, то магар неъмати туро шукр кунанд»…

Пас фармон омад, Чабраил /а/-ро, ки дувоздах фарсанги замини Макка аз сангиХоро аст, заминро баркан ва Шом бубар. Чун заминро баркандида он чо бурд, ки дарёи Нил барканда буд. Ва аз дах фарсанг замин баргирифт, то наздики Каъба овард ва фаришта он замин бароварда буд, то хафт бор тафови хонаи Каъба карда ва дар гирди Хона гардонида он чо бурд, ки Чабраил/а/ барканда буд, замин биниход. Ин нохияро Тоиф хонданд, аз бахри он ки хафт бор тафови хонаи Каъба кардааст. Акнун хар неъмат, ки Маккаро бояд, аз Тоиф оранд ва ба кудрати Худои таъоло зиёдат мегардад.

Пас Иброхим алайхиссалом бархост ва руй бар Шом нихд, аз он ки Хак таъоло гуфт буд, ки ин иморат Хонаи Каъба аст, баробари як хароба набувад, ки ободон куни. Иброхим алайхиссалом мехмонхона сохт ва ахд кард, ки бе мехмон таъом нахурам. Ва руй ба ибодат овард ва халкро таъом медод, то рузе Азроил /а/ бар мисоли одами наздики вай омаду гуфт: «Ту кисти, ки манн туро намедонам?» Гуфт: «Манам Азроил». Гуфт: «Ба зиёрат омадаи ё ба кабзи рух?» Гуфт: «Ба зиёрат омадаам ва туро муждаи дигар медихам, ки Худои таъоло бандаро ба дустии хеш гирифт». Иброхим алайхиссалом гуфт:

«Он банда кист ва нишони у чист?» Гуфт: «Нишони он банда он аст, ки мурда ба дасти у зинда шавад» Иброхим /а/ гуфт: «Кошки он ман будаме ё уро бидидаме, то бо у дусти кардаме». Азроил нопайдо шуд.

Оварданд, ки Иброхим алайхиссалом чун ба иботад биистоди, овози хуши вай то як мил бирафти ва мардумон донисти, ки Иброхим алайхиссалом Худойро ибодат мекунад. Рузе дар хотири вай бигузашт, кошки ман бидидаме, ки Худои таъоло мурдаро чи гуна зинда мекунад. Пас аз Худои таъоло дархост: «Худоё маро бинамо, то мурдаро чи гуна зинда мекуни». Нидо омад: «Ё Иброхим, ту намедони, ки ман кодирам ба хама чиз?» Гуфт: «Илохи, маро маълум аст, ки офаринанда ва миронанда туи, чуз ту дигар нест, валекин мехохам чунон ки ба дил медонам, ба чашм низ бинам, то якини ман зиёдат шавад». Фармон омад: «Ё Иброхим ин хама ба кудрати ман осон аст, хар чи хохам бикунам». Ва гуфт: « Ё Иброхим, чахор мург бигир, аввал хурус, дувум товус, саввум зог, чахорум каргас».

Суол: Чи дорад, ки мург фармуд, чонвари дигареро нагуфт?

Чавоб: «Аз бахри он ки бу хукми офариниш мург фозилтарин аст аз хама чонвар, ки онхо пар надоранд, аммо мург бипарад. Ва хурусро гирифтан ба ин маъно хукм шуд, ки дар шахват зиёда аз он дигар нест, то ту низ шахватро аз вай омухта, нафсро зери пой куни. Ва товусро ба куштан хукм шуд ба маънои он ки дар олам аз вай бозинаттар нест, то ту ороиши дунё зери по нихи. Ва зогро аз бахри он ки дар олам аз вай харистар чонваре нест, то ту низ хисри дунё аз хештан бадар куни. Чахорум, каргас аз бахри он ки дар олам барамалтар аз вай хеч мурге нест, то ту низ хамеша маргро ёд медори ва амали дароз бигзори. Ва камтар каргасеро понсад сол умр бошад».

Чун Иброхим алайхиссалом ба хукми Худои азза ва чалла хар чахор чонварро бигирифт ва бикушт ва сари эшон бигирифт ва дигар пусту гушту устухон дар хован хурд карда ва чахор гулула кард ва чахор гуша биниход.

Ва сархои мургон бар даст гирифт ва гуфт: «Эй мургон, ба амри Худо биёед». Хар чахор гулула ба як бор дар хаво шуданд ва аз якдигар чудо гаштанд ва мисоли зарра гашта пеши Иброхим /а/ омаданд. Ва зарраи хурус бар сарихурус омада ва зарраи товус бар сари товус ва зарраи зог бар сари зог ва зарраи каргас бар сари каргас омаданд. Ва хар як бар сари хеш бипайвастанд ва бар дасти Иброхим /а/ гушту пуст ва пару боли эшон аз нав бирустанд ва бар дасташ чилва карданд. Ва ба кудрати Худои таъоло хар чахор якбора зинда шуданд ва аз дасти Иброхим Халилуллох /а/ париданд. Пас хар чахор мург гирди Иброхим /а/ хафт шабонаруз тавоф карданд.

Фармон омад: «Ё Иброхим /а/! Чунон ки Исмоил /а/-ро таслим карди, молу неъматро таслим кун, то ман, ки Худовандам, туро дусти худ гардонам ва дустии мо муаккад бувад. Пас Иброхим /а/ молу неъмат ба дарвешон дод.

Чун навад сол аз умри Иброхим алайхиссалом бигузашт, дар он овон фарзанде аз Соро /р/ наёмад. Бинобар он гусоларо килодаи зарин дар гардан карда, ба чои фарзанд мепарварид».

Чун Иброхим алайхиссаломхафт шабу руз бе мехмон таъом нахурда буд, аз фармони Раббулиззат дувоздах барнои накуруи хушбуй бар мисоли гуломон ороста биёмаданд. Ва бо Иброхим /а/ салом карданд. Иброхим алайхиссалом пиндошт, ки эшон одамиёнанд, аммо эшон фариштагон буданд. Чавоби саломи эшон боздод ва дасти инхоро гирифта ба хона бурд.

Гуфт: «Ё Сора, мехмони азизу мукаррамонанд. Хар чи азиз чизе хаст, биёр!» Сора-хотун гуфт: «Ё Иброхим, ман аз ин гусола хеч чиз азизтар чизе надорам, ки вайро ба орзуи фарзанди парвардам, вайро курбон кунам».

Иброхим алайхиссалом гусоларо курбон намуда, бирён кард ва ба пеши мехмонон ниход. Ва худ худ хам бо эшон нишаста, Сар фуру карда таъом хурд. Ва чунон ки одоби мехмондори аст, ки вакти таъом хурдан мехмонро нанигаранд, то вайро шарм набувад. Сора – хотун /р/ аз даруни парда овоз дод, ки эй Иброхим, ту таъом мехуриву мехмонат таъом намехуранд. Иброхим /а/ сар бардошт, мехмононро дид хомушнишаста.

Тарсе ба дили у омад ва ба мехмонон гуфт, ки чаро таъом намехуред?

Гуфтанд: «Бе бахо таъоми ту намехурем». Гуфт: «Бахо бидихед» Гуфтанд:

«Чи дихем?» Гуфт: «Бахои таъоми ман он аст ки аввал Бисмилохи-р-рахмони-р-рахим бигуед ва ба охир бигуед: Ал-хамду лиллохи рабби-л-оламин».

Чабраил /а/ гуфт: «Ё Иброхим, туро Худои таъоло аз ин бахо дуст гуфт:

Чабраил /а/ овоз дод, киэй Иброхим, матарс, ки мо Чабраил ва Микоил ва Исрофил ва Дардоил ва Аквоил ва дигар фариштагонем. Моро хукм шуда, ки

аввал пеши Иброхим /а/ биравед, ки хафт шабонаруз рузадор аст, чизе нахурдааст. Магар аз бахри шумо руза бикшояд ва таъом бихурад. Минбаъд аз ин чо ба шахристони Лут равем ва Лут пайгамбари марсалро аз балои он кавм бирахонем. Инак пеши ту омада, руза кушоёндем ва туро низ башорати фарзанди муборак медихем, ки номи у Исхок ва ибни у Яъкуб бувад…Чун Чабраил /а/ башорати фарзанд дод, Сора /р/ бар пой истода бихандид ва гуфт: «Ман пирам ва шавхарам низ пир аст, чи гуна фарзанд шавад, ин ачаб корест!»

Чабраил алайхиссалом гуфт: «Ё Сора, аз кудрати Худованд ачаб мадор! Аз пушти Исхок /а/ хафтод хазор пайгамбарон салавотуллохи алайхим ачмаъин падид оянд».

Сора – хотун аз паси парда овоз дод, ки ин суханро нишон чист? Гуфт: «Бубин». Устухони гусола, ки дар табак, буданд, бар хам ниход ва гуфт: «Кум ба изниллохи». Дар хол он гусола бархост ва пеши модар Давида, хар ду пистони модар дар дахон гирифта, шир бихурд. Ва дигар як мох чуби хушки нимсухта дар хонаи Иброхим алайхиссалом буд. Чабраил алайхиссалом бар оншох пар молид, дар соат сабз гашт ва барг берун овард, рутаб падид омад ва аз он рутаб ба Сора – хотун дод, то бихурад. Чабраил алайхиссалом ба Сора гуфт: «Худои таъоло чуби хушки чандсоларо дар соат сабз кард ва мева баровард ва пухта сохт, то бихурди. Аз кудрати вай чи ачаб бувад, ки туро фарзанде дихад, ки номи вай Исхок ва аз вай фарзанд – Якуб шавад».

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …