Главная / Илм / Зардуштия (Дини Зороастризм)

Зардуштия (Дини Зороастризм)

ЗАРДУШТИЯ динест дар Осиёи Миёна пайдо шуда, такрибан дар хазораи 0д1086 охири то мелод дар сарзамини Эрон пахн гаштааст.

Зардуштия номи худро аз номи пайгамбари асосгузори ин дин Зардушт /Зардуштра-Зарросп/ гирифтааст, У фарзанди Горшосп /Поурушасп/ буда, шояд Зардушт номи асосии у набошад. Дар хар сурат дар шархи номи Зардушт акидахои гуногун вучуд дорад, ки асосаш аз инхо иборат аст: 1/ акидае дар байни олимон хаст, ки ин бештар ба касбу кори у дахл дорад ва ба маънии галабони шутурхои зард мебошад; 2/ акидае вучуд дорад, ки Зардушт номи мансаб ва унвон аст, ба рухониёни аз хама бонуфуз дода мешуд. Мувофики ривоятхо Зардушт дар сисолаги вахйи илохиро мегирад ва мардумро ба оини зардушти даъват мекунад. У бо худои бузург Ахурамаздо мулокот менамояд.

zardushtizm

Дар баробари парастиши Ахурамаздо дар зардуштия эътикод ба дигар худохо, ки дарачаашон нисбат ба Ахурамаздо пастаранд, вучуд дорад, аз чумла Митра-Напату Сраоша, Аша ва дигарон, дар баъзе сарчашмахо онхо мукаррабон зикр шудаанд. Худои мухолифи Ахурамаздо Ахриман мебошад.

Аз руи таълимоти зардуштия олам аз ду кувва, ду мабдаъ –мабдаи некию бади иборат аст. Офаридгори мавчудоти нек ва неки Ахурамаздо мебошад, у бо холики мавчудоти зисту бад, мабдаи бади-Ахриман дар мубориза аст. Зардуштия мохияти бадиро дар олам кушода, пайравонашро ба муборизаи зидди он сафарбар месозад.

Асоси таълимоти ахлокии зардуштия пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ташкил додааст. Зардуштия хамзистии некию бадиро рад карда, муборизаи оштинопазир бар зидди бади, бадахлоки, беадолати даъват менамояд ва таъкид мекунад, ки инсон бо амали неки худ галабаи Ахурамаздоро бар Ахриман метезонад. Дар оини зардушти илмомузи, ростгуию росткори аз бехтарин унсурхои гуфтору рафтори нек хисоб мешаванд. Дар таълимоти зардуштия хаёти эрониёни кадим инъикос шудааст. Аз чумла зиндагии кишоварзи ва мукими, ки Ахурамаздо онро дастгири мекунад, мукаддас будани :замину об, офтоб ва гайра ба чихатхои мухими зиндагии эрониён алокаманданд. Бояд гуфт, ки дар маросимхои зардуштия одатхою маросимхои милли инъикос ёфтаанд, аз он чумла идхо, никохи махорим ва гайра.

Аз руи акидаи зардуштия Ахурамаздо хилкати одамро дар ду мархала анчом дод: аввал он хама чизро дар шакли рухони бунёд кард, гайричисми гайримарди, баъд ба онхо сурати модди кашид. Хастии модди нисбат ба хастии гайримодди пасттар буд. Азбаски таъсир ба олами модди барои кувваи бади имконпазир буд, фаъолияти харобкорон он сар мешавад.

Мувофики ривоятхо Ахриман ба воситаи доираи поёнии осмони сангин вориди дунё шуд ва камолоти онро тахриб намуд. Масалан, дар об намак хосил карда, онро шур сохт ва ба замин кадам нихода, аксари онро ба биёбон табдил дод, хатто ба махлуки хафтум-оташ хам таъсир карда, онро бод уд халалдор намуд.

Худохо муттахид шуда барои хар чи бештар сабз шудани рустани боронро ба вучуд оварданд. Хонадони инсон тамиз гардид ва микдори инсоният бештар ва гайра. Таърихи олам ба се давра чудо мешавад: аввал – хилкат, давраи дуюм-хучуми Ахриман ва дар натича фосид гаштани олам. Дар ин давра олам комилан аз хайр иборат нест, балки хайру шарр бо хам махлут гаштааст. Одамон бояд ба Ахурамаздо ва шаш маъбуди дигар ибодат кунанд, ки дар онхо бади камтар боки монад. Ин имконият медихад, ки бадихои олам аз байн рафта, худи олам дар шакли мукаммали пештарааш баркарор гардад. Давраи сеюм-давраи чудошавии хайр аз шарр аст. Шарр комилан шикаст мехурад ва пурра аз байн меравад, некию саодат хукмрон мегардад ва ин давра беинтихо давом мекунад. Барои чунин анчоми нек инсон бояд Ахурамаздо ва шаш Амеша-спента /худохои ёрирасон Ахурамаздо/-ро ситоиш ва ибодат намояд.

Лахзаи пирузии неки бар бади-Фрамонеретм /ё худ Фрамегирд/ ном дорад, ки шояд ба маънии муъчиза бошад. Инсон дар таълимоти Зардушт хамкори худост, то неки ба бади пируз шавад. Таксими таърихи олам ба даврахо инкишофро дар олам таъкид менамояд ва инсонро фаъол месозад. Марг бузургтарин бадбахтии инсоният мебошад ва чони инсонро мачбур месозад, ки олами моддиро тарк гуяд. Ва хар чон барои амали анчомдодааш бояд чавоб гуяд. Хама имкони ба чаннат ворид шудан доранд.

Дар назди пули сирот тарозу хаст, савобу гунохи мардум баркашида мешавад. Ба ин мухосиба Митра, ки дар ду тараф Сраоша ва Рашпу тарозуро нигох медоранд, рохбари менамояд. Агар аъмоли неки касе бештар бошад, пули васеъ уро интизор аст, чон бо он пул суи осмон рахсипор мешавад, агар гуноххо бештар бошад, пул чун тег тезу борик мешавад, чонро дошта ба поён ба дузах мекашанд. Дар давраи махлутшави – давраи дуюм, чон ба тамоми файзхо бахраманд намегардад, зеро хушбахтии комил танхо дар давраи Фрашегирд муяссар мешавад. Дар ин давра киёмат коим шуда, хама аз охирин мухокима мегузаранд. Хама бояд аз дарё, ки аз фулузоти гудохта иборат аст, гузаранд. Барои бегунохон он шири нармест.

Гунахгорон комилан нобуд мешаванд ва ба марги абади махкум мегарданд. Бегунохон хаёти абадиро дарёфт мекунанд ва зиндагии босаодат насибашон мегардад. Зардуштия маросиму оинхои зиёде дорад.

Яке аз онхо намози панчвакта аст: сахар, нисфирузи, баъди нисфирузи, намози шом ва намози нисфи шаб. Дар хар кадом намозхо худое бештар ситоиш мешуд. Масалан дар намози сахар худои Митра, дар нисфирузи Аша-Вахишта /худо оташ/ ва гайра.

Хар як эътикодманди зардуштия вазифадор буд, ки хафт иди бузургро чашн гирад: Макр-йой Заремайа – байни бахор, Маидйойшема байни тобистон, Паитшаййа – иди баргардонидани хайвонот аз чарогох, Майдйамрйаирйа – байни зимистон, Хамаспатмаэдайа – рузи баробаршавии рузу шаб дар бахор, нихоят иди соли нав на оташ-иди Навруз.

Дар байни идхо Навруз шахомати хосе дошт ва дорад, Хафт ид инчунин марбут ба хафт навъи офариниш низ мебошад, Дар дини зардуштия парастиши Ахурамаздо, пайрави аз Зарудушт таъкид мегардад ва бо калимаи “Фраваране” – манн эътироф мекунам” огоз мешавад ва онро хар касе, ки ба зардуштия эътикодманд мешуд, Он ба забонбурда такрор мекард. Дар эътирофи ду мабдаъ хусусияти дуалистии зардуштия баръало ошкор мегардад. Барои ибодат дар аввал суханони махсусе набуд, хар кас мувофики саликаи худаш ниёишхоро интихоб мекард. Баъдтар чунин матн ба номи Ясна-Хаптанхапти -ибодати хафтбоб ба вучуд омад. Гайр аз ин дар маросимхо Аш-эм Ваху ва сурудхо – яштхо хонда мешаванд. Дини зардушти оташро мукаддас ва чои ибодати зардуштиён оташкадахо буданд. Оташро рамзи нур дар замин, фарзанди Ахурамаздо, мазхари нури абади мешуморад. Пайравони худро аз амале, ки оташро фосид гардонад, боз медорад, мисли пуф кардани оташ,чизи нопаокро ба он партофтан ва гайра. Зардуштия таъкид месозад, ки ахгаре аз оташ дар дили одами нихон аст ва он ахгар доимо уро ба пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек хидоят мекунад.

Китоби мукадасси Зардуштия Авасто ё Авесто аст. Кушиши чиддии гирдоварии Авесто дар давраи Сосониён ба вукуъ пайваст, махсусан дар давраи Ардашери Бобакони Сосони. Дар таърихи охирини давраи Сосониён, дар ахди хукмронии Хусрави Парвез асри VI солшумории мелоди Авесто аз 21 китоб иборат аст. Он чи ки аз Авесто ба мо расидааст, иборат аз китобхои зерин: Ясно – ибодат, курбони-матнхо барои маросимхои дини; Яштхо яштаабуд – сурудхои динии зардуштия;

Видевдат конунхои зидди девхо-нормахои дини – хукуки, порчахо аз остону ривоятхо ва гайра; Виспарат – мачмуаи матнхои дуохо, ибо-датхо: “Ясно” дорои 72 боб аст. Аз ин 17-тоашро готхо /сурудхо/ ташкил додаанд. Дар готхо асосан худованд Ахуромаздо, мукаррабони у /амшаспандон/ ситоиш карда мешаванд.

“Яштхо” – асосан мачмуи сурудхои дини буда, дар онхо инчунин баъзе ривоятхо накл гардидаанд. Яштхо ба ситоиши Ахуромаздо, худоёни чудогона, ки мартабаашон нисбат ба Ахуромаздо паст аст, мисли Мехр /Митра/ худои сулху амони, мухофизи тартибот, Ардвисура Анохито – худои серхосили, офаридгори файзу баракат дар кишоварзи ва чорводори, Тиштра – худоии борону дарёхо, фариштахои дастёри Ахуро амшаспандон бахшида шудаанд. Дар яштхо инчунин фравашхо – рухи ачдодон, ки метавонанд ба такдири инсон таъсир расонанд, парастида мешаванд.

“Видевдат” – ягона китобест аз китобхои “Авесто”, ки дар шакли пуррааш то замони мо омада расидааст. Он аз мачмуи конухо оид ба маросимхои дини, масъалахои фарк кардани халолу харом, парвариши хайвонот, манъи корхои ношоиста иборат аст. Ба гайр аз ин маълумоти муайяне доир ба тасаввуроти зардуши оид ба кайхоншиноси медихад.

Авесто на танхо ёдгорию сарчашмаи дини, балки ёдгории бузурги Эрони кадим аст.

Ин китоб дар бораи тарзи зиндаги, одату маросимхо, акидаю тасаввуротхо, хунару адабиёти эрониёни кадим маълумот медихад. Эътикодмандони оини зардушти, баъди пахншавии ислом, аз руи нуфус хеле кам шуда бошанд хам, холо хам мавчуданд ва бо номи порсхо дар Хиндустон микдоре аз онхо зиндаги мекунанд. Зардуштиён инчунин дар Эрону Покистон хам хастанд. супориш на саволхо.

  1. Кадом достонхоро дар бораи Ахурамаздо ва Ахриман медонед?
  2. Кадом унсурхои дини Зардуштия дар рузгори мо боки мондаанд?

Дини Зардуштия дар кадом давлатхо пахн гашта буд ?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …