Главная / Илм / Зардолу дар Канзи Шифо (Китоб)

Зардолу дар Канзи Шифо (Китоб)

zardolu_-500x330Зардолу — Ин меваи маълум аст, ки навъхои гуногун дорад: магзаш талх ва ширин низ мебошад. Бехтарини хамааш пусташ нафис, шодоб, ширин ва берешаи мулоими он аст, ки магзи донакаш низ ширин бошад.

Мизочи ин дар дарачаи дувум сард ва тар аст. Зохиран мизочи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумии зардолу:   кушояндаи   гиреххо ва мулоимкунандаи сахтихо мебошад.

Хурдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон нагардад, барои одамони гарммизоч форам аст, буйи бади даханро дафъ мекунад. Зардолуро дар об чушонида ё хушкашро як шабонаруз дар об тар намуда, он обро бинушанд, моддаи сафроро бо исхол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медихад, фишор ва чушиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оругро дафъ месозад, хусусан майхуши (туршу ширини) он.

Чун бемори таби гарми сафрови пухтагии нави онро бихураду аз болояш оби гарм ва асал ошомида кай кунад, ахлоти кабудранг ва зангори ба кай дафъ гашта, таби он нест мешавад.

Хурдани зардолу зарар хам дорад: дар меъда зуд бадбу ва вайрон мешавад, боднок, оруги турш пайдо менамояд, табхои бадбуро ба амал меоварад; инчунин ба одамони хунукмизоч, касоне, ки баданашон бод дошта бошад, ба иллати сакта гирифторшудагон, оруги турш доштагон, меъдаашон заиф ва пирон зарар дорад. Давои хамаи ин зарархояш шакар, мустако, арпабодиён ва гайра хурдан аст.

Аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро аз болои таоми душворхазм хурдан багоят зарарнок аст. Дар ин маврид илочи он кай карда, баданро ба воситаи ошомидани далила ё чанд руз тухми арпабодиён хурда, пок гардонидан аст.

Зардолуро ба дили надор хурдан бисёр бад аст. Агар зардолуро бардавом бихуранд, сатхи даруни рудахоро мехарошад. Давои ин барои хамаи мизочхо шакар ва арпабодиён хурдан аст.

Мегуянд, ки хар гох баъд аз хурдани зардолу фасд кунанд, яъне хун гиронанд, ранги хун сафед мушохада мешавад. Хуллас, бисёри бад хурдани зардолу иллати песро ба амал меоварад, зеро ки зуд бадбушаванда ва пайдокунандаи моддаи балгами мебошад.

Мизочи кисми магзи донаки талхи он дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он. Хусусиятхои умумии он: бохро ба харакатоваранда, дерхазм аст, вале агар инро, яъне магзашро бирён карда, намак зада бихуранд, зарари мазкураш ислох мегардад.

zardolu_dona-300x300Равгани магзи талх ва ширини онро биёшоманд, гиреххои баданро мекушояд, сахтихоро мулоим мекунад, дагалии халк ва шахшулии пустро дафъ менамояд.

Равгани магзи талхи онро ба кадри 4,5 грамм биёшоманд, кирмхои меъдаро кушта, ба воситаи исхол башиддат дафъ мекунад, варамхои макъадро тахлил медихад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои исхол, ки аз хунуки бошад, даво мешавад. Ва агар инро бимоланд, бавосири зохири ва ботиниро шифо мебахшад.

Ин равганро нимгарм дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад, кирми даруни онро низ мекушад ва гаронии гушро дафъ мекунад, дар ин бобат давои бемисл аст. Дар дигар хислат ба равгани бодоми талх наздик аст.

Микдори як бор ошомидан аз равгани магзи талхи зардолу дар як руз то 14 грамм аст. Мизочи магзи ширини зардолу дар дарачаи якум гарм ва тар аст. Равгани магзи ширини он дар давоги заифтар аз равгани бодоми ширин мебошад.

Мизочи кисмхои дигари дарахти зардолу дар дарачаи дувум сард ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: баргашро  дар     об чушонида, он обро бинушанд, кирми меъдаро мерезонад ва пешобро равон мекунад. Агар ин обро кам-кам ва бардавом бирезанд, варамхоро тахлил медихад.

9 грамм барги хушки онро куфта, бо оби хунук биёшоманд, исхолро мебандад. Оби барги зардолуи талхро бичаконанд, дарди гушро таскин медихад ва кирми даруни онро мекушад. Мизочи гули зардолу сард ва хушк аст. Агар инро бихуранд ё хушкашро куфта бипошанд, хунравихои эохири ва ботиниро кать мекунад.

Магзи донаки талхи онро бихуранд, дилро бехузур мекунад, бехуши меоварад. Илочи он кай кардан аст ва баъд рубби, яъне обхои чушонида гафснамудаи мевахои турши монанди оби гураи ангур ва лиму ошомидан аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …