Главная / Илм / Зардчуба

Зардчуба

zardchuba_1Зардчуба ду навъ аст: кучак ва калон. Навъи хурдашро момирон меноманд, ки ин зардчуба нест. Ба забони русси онро «Куркума» меноманд. Вале бузургии он решаи гиёхест, ки пояаш то 1,5 метр мехезад. Пасту баланд руидани он ба обу хаво ва куввати хок вобаста аст. Баргаш васеъ ва дароз-дароз, кариб ба барги банан дар бузурги аст, гулаш зард, дар хуша ба кадри як вачаб, тухмаш сиёхранг ва бисёр майда, решааш зард, ки зардчуба худи хамин решааш мебошад. Хамин решаашро аз пуст чудо сохта, дар соя хушк мекунанд. Дар кухистонхо меруяд.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар 3,5 грамми онро бо шароби сафед ва бо хамвазни он арпабодиён биёшоманд, чашмро равшан мегардонад, гирехи чигарро мекушояд, истиско ва зардпарвинро даво мешавад. Онро андак бирён карда, нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медихад.

Агар инро чун гард махин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, кутури чашм ва гули тунуки онро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро кави мегардонад. Оби онро дар офтоб кивом кунанд, яъне гафс гардонанд, онро усораи зардчуба меноманд. Усораи инро ба чашм кашанд, рушноии чашмро меафзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад.

zardchuba_-140x300Куфтаи онро бипошанд, решхоро хушк ва дарду варами онхоро дафъ мекунад, инак, ахли Хиндустон баъди хичомат кардан, яъне баъд аз хун гирифтан, куфтаи онро ба он чойи хичомат мемоланд. Куфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, доначахои мурчагазак ва решхоро сихат мебахшад. Агар инро дар оташ тафсонида, бо он гармбанди кунанд, дардхои гуногунро сокин мекунад ва варами чойи хунгирифтаро тахлил медихад.

Оби гули онро бимоланд, догхои кунчидак ва доги сафеди пустро дафъ мекунад, инчунин дигар догхоро хам бархам медихад. Зардчубаро ба дарун бо камоли эхтиёт ва дар хадди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хеле зарарнок аст. Давои ин зиёнаш оби лиму нушидан мебошад. Микдори як бор хурдан аз зардчуба дар як руз то 7 грамм аст. Ба чойи ин руянро истеъмол кунанд, равост; дар беморихои чашм баробари ним вазни он момирон (чистотел большой) аст, барои дигар беморихо ним баробари вазни ин окиркирхост.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …