Главная / Гуногун / Занони рахруб ва муомилаи тролейбусчии бадахлок

Занони рахруб ва муомилаи тролейбусчии бадахлок

Мегуянд бетарафи бешарафист. Боз мегуянд хомуши бехтар. Аммо ба номи Худо касам дар амали баъзехо хатто сангинтарин калб пора меша. Имшаб буд. Соат 22:20. Трелейбуси раками 1 ба кавли пулчин “дежурка” чониби 9-ум км харакат мекард ва пулчин ё “кандуктор”, “18 мерем” гуён фарёд мезад. Чун назди маркази савдои Садбарг расид, ду зани рохруб дар даст чоруб хостанд ба трелейбуси мазкур савор шаванд. Дар хамин хол ронандаи бадрафтору бадахлоку баддахан бо садои дагалу дурушт суйи модарони муштипари захматкаши тозакори шабкору шабзиндадор, ки корашон озодагии пойтахт аст, баланду вохиманок дуг зад: “ээээ, нашинен, кати хаму чоруботон безор карден. Трелейбуса хами шумо чазир кадаен, акл надорен хутон?, дар чони мо задаен”.
trolebusМагар, модаре, ки то нимашаб дар даст чоруб ба рубучину тозагии мухити атрофи шахр машгул аст, чи тавр бе акл буда метавонад? Оё дар ин нимашаби ун бечорахои муштипари беозор бо кадом наклиёт ба хонашон мерасанд, вакте охирин трелейбус онхоро кабул надошта бошад? Оё як баргаки чоруби ун модаракон дар трелейбуси фарсудаву шалакаву пур аз хоктуда уфтод, олам чапагардон мешавад? Дар холе, ки яке аз модарон ба гохи садои гаши ронанда гуфт, ки “чорубой мо намерезан, мо лаппатеч кардемшон”. Хамоно ронандаи бадсират унхора дар хамин готи шаб савор накард ва модарон хамуш дар истгохи будаашон мунтазир монданд.
Калби ман пора гашт, дилам об шуд, вой бар холи мо. Ман модарамро чойи онхо тасаввур кардам, чаро ки як замон модари ман хам хамин масъулиятро бар душ дошт ва ман поси шаб, шабхои сармо уро то хона хамрохи мекардам. Агар айби чорубхои ун модаракон бошад, майли, аммо ун ронанда аз аввал сари хар гардиш бо хакорату дашном ва садои баланд гап мезад, киро мегуфт, номаълум. Хайрият дохили трелейбус аз чинси латиф як зани рустабор буд, вагарна дар дашномхои у….
Раками трелейбус 11-00. Хатсайри раками 1. Чора бинед масъулин. Ман инро пайгири мекунам, зеро масъалаи эхтироми модар барои ман болотар аз иззати хама бузургиву бузургони олам аст, баъди Худо. Пешвои муаззами миллат хам ба поси эхтироми зан, модар, борхо ибрози акидаи багоят бузург кардаанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …