Главная / Гуногун / Занон авбошу чанчоли

Занон авбошу чанчоли

Дахлнопазири ва авбоши: Огози парвандаи чинояти нисбати 3 нафар занон барои мунокиша бо хамсоя (Навор)


Корманди милитсяи пойтахт дар доираи санчиши холатхои дар наворхо инъикосгардида шахсияти 3 нафар зане, ки лахзахои хамла, дашному хакоратдихи ва ба таври гайриконуни вориди манзили истикоматии мурочиаткунанда Бозорова Хатича гардиданашон дар наворхо омадааст, ошкору муайян намуда, ба макомоти милитсия дастрас намуданд.
Инхо шахрвандон:
Амонова Сайрамби соли таваллудаш 21.09.1986 истикоматкунандаи шахри Душанбе, кучаи Н. Карабоев, бинои 89/5, хучраи 34, оиладор, сохиби 3 фарзанд;


Мадинаи Шарифхон соли таваллудаш 17.12.1994 истикоматкунандаи шахри Душанбе, кучаи Борбад 144, мучаррад;


Хайруллоева Самира Додарчоновна соли таваллудаш 17.08.1995 истикоматкунандаи шахри Душанбе, кучаи Борбад 132, мучаррад.


Дар доираи санчиши холати мазкур муайян карда шуд, ки дастрасшудагон такрибан соати 12:00 дакикаи санаи 17-уми май бо максади касосгири ба хотири он ки гуё фарзандони мурочиаткунанда Бозорова Хатича оромии онхоро халалдор намудаанд, ба таври худсарона дар холати гурухи бо вайрон намудани хукуки дахлнопазирии манзил бидуни хохиши мурочиаткунанда ба хонаи истикоматии у ворид гардидаанд. Ин холатро чабрдида мушохида намуда, холати рафтори дагалона ва кирдори авбошонаи онхоро ба навор гирифтааст. Ин 3-нафар хамсояи дагалрафор чун мебинанд кирдори авбошонаи онхо ба навор гирифта шудааст, ба хотири нобуд сохтани навор дахлнопазирии манзили мурочиаткунанда Бозорова Хатичаро вайрон намуда, худсарона ба манзили у ворид шуда, мехостанд телефони молиашро аз дасташ гирифта наворро нобуд созанд. Ин холати авбошона 2-3 маротиба такрор ёфтааст, ки ба дагалона вайрон намудаи тартиботи чамъияти ва боиси халалдор гардидани оромии дигар истикоматкунандагони бино гардидааст.
Чуноне аз наворхо бармеояд, гумонбарон аз хиссиёти авбоши бо пойафзол охиронро мавриди латукуб низ карор дода, бо овози баланд дашному хакоратхои кабех намуда, шаъну шарафашро дар назди дигар хамсоягон паст задаанд.
Бо назардошти далелхои дастрасгардида нисбати хар се занони гумонбар Амонова Сайрамби, Мадинаи Шарифхон ва Хайруллоева Самира аз чониби Прокуратураи н. Фирдаси бо дастрасии моддахои 147 (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил)-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон парвандаи чинояти огоз гардида, чорахо барои огоз намудани парвандаи чинояти бо моддаи 237 кисми 2 (Авбоши дар хайати гурухи)-и Кодекси номбурда низ андешида шуда истодааст.

Сарчашма: www.dushanbepolice.tj дар санаи 19.05.2020

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …