Главная / Биология / Занбуругхои пупанак

Занбуругхои пупанак

Дар табиат на хамаи занбуругхо телпакча пайдо мекунанд. Занбуругхои пупанак нисбат ба занбуругхои телпакчадор аз чихати андоза хеле хурд мебошанд. Баъзеи онхоро факат тавассути микроскоп дидан мумкин аст. Яке аз чунин занбуругхо, пупанаки сафед ё занбуруги магор мебошад

Агар нон ё сабзавотро якчанд руз дар чои гарми намнок гузорем, дар болои он кабати патдори сафед пайдо шуда, баъди андак вакт сиёх мегардад. Ин мавчудоти зинда занбуруги пупанаки сапрофити ё магор мебошад.

Занбуруги магор ба гайр аз болои нону сабзавот, инчунин дар болои мевахои гундошта, поруи асп, хок ва гайра пайдо мегардад. Баъзе намудхои магор дар одамон паразити мекунад.

Дар таркиби хок микдори зиёди занбуругхои магор вомехуранд. Онхо дар катори дигар занбуругхо ва бактерияхои дар хок фаъолиятдошта дар раванди хокхосилшави иштирок мекунанд.

Бо микроскоп дидан мумкин аст, ки решаи занбуруги магор аз риштахои борики беранг иборат аст. Вай танхо як хучайраи сершохаест, ки дар ситоплазмааш ядрохои бисёр дорад.

Расми 95. Занбуругхои пупанак – пенисилл ва маеор

Афзоиши магор асосан тавассути спора амали мегардад. Аз риштахои магор микдори зиёди тирчахо ба боло месабзанд. Сараки ин тирчахо васеъ гардида, спорангия (яъне узви спорахосилкунанда) пайдо мекунанд ва онхо ба худ ранги сиёхро мегиранд. Дар спорангия ба микдори зиёд спорахо хосил мешаванд. Баъди пурра ташаккулёбии спорахо, спорангияхо кушода шуда, спорахо ба берун хорич мешаванд ва шамол онхоро ба хар тараф пахн мекунад. Спорахои дар чои мувофик афтода сабзида, ришта — решахои нав хосил мекунанд. Решаи магор чун дигар занбуругхо хлорофилл надорад ва аз моддахои органикии тайёр гизо мегирад.

Занбуруги пенисилл хам ба занбуругхои пупанак дохил мешавад. Вай бо рохи сапрофити дар хок, дар маводи гуногуни гизои, мевахои гундошташуда (захиракардашуда) ва дар партовхои аз моддахои гизои бой нашъунамо карда, зиндаги ме- кунад. Пенисиллро бо осони аз магор бо доштани риштахои сершохреша, ки аз хучайрахои алохида-алохидаи бисёр иборат аст, фарк кардан мумкин аст. Инчунин, шохахои спораовари пенисилл ранги кабуд, сабз, зард, сиёх ва гайрахоро дорад. Шохахои спорапайдокуyандаи пенисилл шохарондаи бисёрхучайра буда, дар он спорахои бисёр хосил мешаванд.

Зарари занбуруги пенисилл дар он аст, ки вай бо равандхои хаётиаш дар маводи гуногуни гизои сабзишу инкишоф ёфта, боиси вайроншавии онхо мегардад.

Баъзе намудхои пенисиллро дар тайёр намудани панир (панири рокфор ва камамбёр) истифода мебаранд. Ахамияти бузурги пенисилл дар он аст, ки онро барои истехсол кардани доруи пенисиллин (доруи антибиотики), ки дар тиб барои табобати бисёр каса- лихо лозим аст, истифода мебаранд. Чунки, дар хучайрахои занбуруги пенисилл моддахои махсусе хосил мешаванд, ки онхо кобилияти нобуд кардани бактерияхои касалиангезро доранд. Ба ин максад занбуруги пенисиллро дар шароитхои махсус парвариш мекунанд. Доруи аз пенисилл гирифташударо (пенисиллинро) барои табобати газаки пардаи гуш, варами шуш, дарди гулу, тарбод, махмалак, касалии сил ва гайрахо васеъ истифода мебаранд.

  1. Занбуруги магор чи хел сохт дорад?
  2. Занбуруги магор чи гуна афзоиш мекунад?
  3. Занбуруги магор аз занбуруги пенисилл бо чи фарк мекунад?
  4. Зарари занбуруги магор ва пенисилл дар чи зохир мешавад?
  5. Пенисилл чи ахамият дорад?
  6. Доруи аз занбуруги пениссил истехсолкардашударо барои табобати кадом касалихо истифода мебаранд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …