Главная / Биология / Занбуругхои паразит

Занбуругхои паразит

Дар байни занбуругхо намудхое, ки хаёти паразити доранд, хеле бисёранд. Онхо дар организми растанихо, хайвонот ва хатто инсон касалихои гуногунро ба вучуд меоваранд. Хусусан, онхо ба хочагихои чангалпарвари ва хочагии кишоварзи зарари калони модди мерасонанд. Яке аз чунин занбуругхои васеъ пахншуда ин сиёхак (ё сиёхкуя) мебошад. Вай паразити хатарноки растанихои хушадор мебошад. Хелхои гуногуни сиёхак дар сули, чав, арзан, чуворимакка, гандум, инчунин дар бисёр алафхои хушадори худруй паразити карда, боиси касалшавии онхо мегардад.

Запбуруехои паразит (дар хугиахо)Дар вакти куфтани галла ва хосилгундори спорахои сиёхи паразит ба дони солим мечаспанд ва хангоми кишт намудани тухми сиро- ятнок (дар замин) ин спорахо низ баробари сабзиши дон месабзанд. Спораи сабзидаистода решаи шохаронда пайдо карда, ба дохили майсаи галладона ворид шуда, дар нуктаи сабзиши поя чой ва аз шираи (моддахои органикии) он гизо мегирад. Ва занбуруги паразит низ баробари инкишофёбии минбаъдаи растании галладона инкишофу ташаккул меёбад.

То дами пайдо шудани хуша растании касалро аз солим фарк кардан бисёр душвор аст. Чунки аломатхои касали холо зохир нашудаанд. Сипас, баъди ташаккули хушагули галладонагихо риштарешаи занбуруг ба он дохил шуда, аз моддахои гизоии хушагул ис- тифода бурда, боавч месабзад ва ба микдори зиёд спорахо хосил мекунад. Дар натича дони нави ба ташаккул огозкарда нобуд шуда, ба хокаи сиёх табдил меёбад.

Барои нобуд кардани спорахои занбуруги сиёхак тухмиро пеш аз коридан бо махлули формалин (як хисса формалин + 300 хисса об) ва ё бо дигар моддахои захрноки химияви тар карда, безарар мегардонанд.

Сиёхмуг (шохкуя). Сиёхмуг дар чавдор ва дар баъзе растанихои хушадори худруй паразити мекунад. Ин ходиса чушш сурат мегирад: сиёхмуг ба гураи мевадон ворид шуда, бофтаи онро нобуд мекунад ва ба чои дони солим сутунчаи (склеросияи) хурди бунафшранги захрнокро, ки дар натичаи бо хам зич печутоб хурдани риштахои занбуруги сиёхмуг пайдо шудааст, ба вучуд меоварад.

Сиёхмуг на танхо хосилро нобуд мекунад, балки сутунчаи бунафшранги захрноки хосилшудаи он ба орд афтида, онро захролуд мекунад ва истеъмоли чунин орд оарои саломагии истеъмол- кунандагонаш хеле хавфиок аст.

Занбуруги чанбуч. Ин занбуруг ба хочагии чангал, богдори ва дигар дарахтон зарари калон мерасонад. Вай чуби дарах- тонро пусонида, онхоро зудшикан мекунад. Чунин дарахтон хатто бо таъсири андак шамол мешикананд. Инкишофу афзоиши ин зан- буруг аз спора сар мешавад. Дар навдахои шикаста ва пусту пусглохи чарохатёфтаи дарахтон ин спорахо чойгир шуда, месабзанд. Онхо решаи шохаронда пайдо мекунанд. Решаи занбуруг ба танаи дарахтон дохил шуда, онро пукка (нарму ковок) мекунад. Пас аз якчанд сол фаъолият доштани решаи шохарондаи занбуруги чан- буч вай дар пустлохи дарахт танамева пайдо мекунад. Танамева сумшакл буда, одатан хеле сахт аст.

Занбуруги паразит — чанбуч
Занбуруги паразит — чанбуч

Бисёр вакт танамева болои хам чойгир шуда, дар танаи дарахтон “рафчахои” махсусро ба вучуд меоварад. Дар кисми поёнии танамева найчахои майда мавчуданд, ки дар онхо спорахо пухта мерасанд. Танамеваи аксари чанбучхои дарахтй бисёрсолаанд.

Барои он ки дарахтон аз занбуруги чанбуч зарар набинанд, шохаю навдахои онхоро аз шикастан хифз намуда, ба захмдор шудани пустлохи дарахтон набояд рох дихем. Инчунин, танамеваи занбуруги чанбучро чамъ карда, сухтан лозим аст.

Занбуругхои дигари паразити. Занбуругхои паразити дар лундаи картошка чой гирифта, боиси касалии сиёхтосак шудани он мегарданд. Баъзеи дигар занбуругхо дар барг, навда ва меваи бектоши паразити карда, дар вай касалии сафедгарди (гард-занй)-ро, ки баъд сиёхтоб мешавад, ба вучуд меоваранд.

Агар занбуруги паразит дар меваи себ пахн шавад, мева догдор гашта мекафад.

Занбуругхои паразити хосилнокии зироатхои хочагии кишлокро кам ва сифати махсулотро паст карда, онхоро чихати истифода корношоям мегардоианд.

Тамоми касалихои занбуруги зуд пахн мешаванд, зеро спорахои майдаи сершумор бо ёрии шамол, боришот ва хашарот бо осони аз растанихои касал ба растаиихои солим бурда мешаванд. Занбуруги паразити растанихоро иллатнок карда, ба хочагии кишоварзи зарари калон мерасонад. Барои пешгири кардани окибатхои нохуши фаъолияти занбуругхои паразити дар хочагихо тадбиру чорабинихои гуногун мегузаронанд ва манбаъхои зараррасони занбуругхои паразитиро махв мекунанд.

  1. Намояндагони занбуругхои паразитиро номбар кунед.
  2. Занбуруги сиёхак дар растанихои галладонаги чи тавр сабзишу афзоиш мекунад?
  3. Спорахои чанбуч дар кучо ташаккул меёбанд?
  4. Дарахтонро аз осеби чанбуч чи тавр нигохдори мекунанд?
  5. Касалихои занбуруги чи тавр пахн мешаванд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …