Главная / Илм / Занбуруг дар Канзи Шифо (Китоб)

Занбуруг дар Канзи Шифо (Китоб)

zanburug-660x330Занбуруг — Инро дар як катор махалхо точикон корч хам мегуянд. Ин растаниест, ки дар заминхои намнок баъди боришхо ба шакли телпак медамад. Навъхои бисёр дорад: хурданбоб ва захрнок. Хурданбоби онро корч меноманд. Хуллас, хар як корч часпак набуда, буйи бад надошта, сафеди моил ба андак тираги бошад ва дар заминхон гайри шуразор бируяд — хуроки, яъне хурданбоб аст. Сиёх ва сурхи онро намехуранд, зеро бисёр захрнок аст. Инчунин дар зери дарахтони анчир, чормагз ва дар саргинхо руйидааш хам захрнок мебошад.

Фарк кардани корч ва занбуруги захрнок бо ин аломатхост: агар навъи захрнокро бурида бигузоранд, зуд вайрон ва бадбу мегардад ва инчунин хар чиро, ки бар он бимоланд, онро вайрон ва мурдор месозад. Вале дар корч ин хислат мавчуд нест. Мизочи корч дар дарачаи севум сард ва тар аст.

Хислатхои шифобахши он: агар корчро бисёр бихуранд, карахти меоварад, ба иллатхои фолич ва сакта (мурда барин бехаракат мондан) гирифтор мекунад. Аз хад зиёд бихуранд, шошиданро душвор мегардонад. Ва агар аз хама зиёдтар ва бардавом бихуранд, наслро катъ менамояд.

Корчи хушкро куфта, бо елими мохи хамир сохта гузошта банданд, чурраро (даббаро), ки аз даридани пардахои шикам ё фуромадани об ва ё чамъ шудани бод дар хояхо бошад, шифо мебахшад, нофи беруномадаро ислох менамояд.

Корчи тару тозаро ба чашм кашанд ё оби онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро кувват мебахшад, кутури пилки чашм ва худи чашмро шифо мебахшад, фуромадани зардобро ба гавхарак манъ мекунад, хусусан чун сурмаро дар оби он парварда, яъне як шаб дар он об тар карда, баъд ба чашм кашанд, дар ин бобат кави мегардад.

Агар корчро бихуранд, дер хазм мешавад, аз он моддаи гализ ва бадбу пайдо мегардад. Агар инро бисёр бихуранд, исхол меоварад, вале агар дар шикам буйи бад пазирад, худаш хам зуд ва бехад бадбу мегардад, дар узвхо гирех, дарди меъда ва кулинчро ба хам мерасонад.

zanburug-2-300x169Хушкашро соида бихуранд, хамаи намудхои исхолро ба гайр аз исхоли хунин, манъ мекунад. Бехтарин ислохкунандаи зарари корч хардал (горчица); бо намак, шибит, пудина, равгани кунчид, равгани зайтун, кокути ва мурч пухта, бо ноки тару тоза ё ноки хушк хурдан аст. Корч хурда, аз болояш оби хунук бинушанд, хамчунин онро бо тухми мург ё бо гушт хурдан зарар дорад.

Яке аз хусусиятхои он чунин аст, ки хар як чонвари захрнок касеро, ки корч хурда бошад, бигазад, хануз он корч дар меъдаи у бошад, барои начоти вай хеч давое фоида намебахшад.

Чун касе занбуруги захрнок хурда бошад, араки сард мекунад, нафасаш танг мегардад, бехуш ва меъдааш вазнин мешавад, кулинч ва гулугиршави ба хам мерасад ва инчунин аъзошикани, ки аз аломатхои он аст, ходис мегардад. Тарёки ин гуна зарараш турб, оби пудина, танакор, намак, сиканчабин бо пудинаи кухи (кийикути), саргини чучахурус бо сиканчабини ансули ё хокистари чуби анчир, ё оби гарм бо андак сирко, намак, чучаи мокиён ё бо сирко ва ё асали бисёр хурдан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …