Главная / Гуногун / Забткорихои Русия дар Осиёи Маркази дар солхои 70

Забткорихои Русия дар Осиёи Маркази дар солхои 70

Англия аз бомуваффакият истило карда шудани Осиёи Маркази аз тарафи Русия ба ташвиш афтода, соли 1869 рочеъ ба таъсиси давлати ”мобайни”-и бетарафи байни минтакахои зери тасарруфи Англия ва Русия масъала ба миён гузошт. Мувофики накшаи англисхо мебоист Афгонистон чунин давлат мешуд. Дар ин накша ба Афгонистон хамрох карда шудани Бадахшон низ дар назар дошта шуда буд. Дарёи Аму бояд сархади каламрави зери нуфузи Англия ва Русия мукаррар карда мешуд. Максади асосии Англия он буд, ки Афгонистонро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар аввали соли 1873 рохбарони Англия ва Русия ба чунин мувофикаи пинхоние омаданд, ки Русия бар хонии Хева пуштибон будани худро эълон мекунад ва пуштабонии Англия бошад, бар Афгонистон мукаррар карда мешавад. Баъди кабули ин карордод К. П. Кауфман ба Хева лашкар кашид. Охири мохи майи соли 1873 артиши русии Туркистон ва Оренбург ба шахри Хева хучум кард. Хони Хева Мухаммадрахими II аз ин хучуми русхо бохабар шуда, кароргохи худро тарк карда, ба айлоки Хазовоти туркмани рафт. Ба чои Мухаммадрахими II мукобилонаш бародари у Аточонтураро ба тахти хонии Хева мешинонанд. Вале К. П. Кауфман хони навро эътироф накарда, ба назди хони собик – Мухаммадрахими II косид фиристода, талаб мекунад, ки ба кароргохаш баргашта, ичрои вазифаи худро давом дихад. 2 июни соли 1873 Мухаммадрахими II ба Хева баргашт ва 12 августа соли 1873 ба карордоди байни Русия ва Хева, ки онро худи русхо тахия карда буданд ва аз 18 модда иборат буд, имзо гузошт. Дар моддаи аввали он навишта шуда буд, ки хони Хева ба Русия итоат мекунад ва бе ичозати хукумати Русия бо ягон давлати хамчавор муохида намебандад ва ё чанг эълон намекунад. Русия заминхои сохили рости дарёи Амуро аз Хева кашида гирифта, як кисми онро ба ивази дар давраи чанги зидди Хева ба артиши рус кумак расонидани амир ба аморати Бухоро медихад.

0960b2be

Соли 1876 дар хонии Куканд барои хукумати мустамликавии генерал-губернатори Туркистон вазъи ташвишомез ба амал омад. Мардуми он ба муборизаи озодихохона бархоста буд. Хукумати подшохии Русия аз ин бахона истифода бурда, 19 феврали хамон сол хонии Кукандро бархам зада, онро бо номи вилояти Фаргона ба хайати губернияи Туркистон хамрох кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

ozero_krugi_solntse_zakat_peyzaj

ОФТОБ, ХАВО ВА ОБ – ДУСТОНИ БЕХТАРИНИ МО

Агар аз бачахои синф дар ин хусус пурсон шави, албатта, ба ин фикр рози мешаванд. …