Главная / Гуногун / Забти Хисор

Забти Хисор

Мухаммадамини Хисори баробари марди часур ва сипохи будан, бо хунхори ном бароварда буд. Касони зиёд аз у тарсида ва норизо гашта, аз вилоят фирор намуданд. Хатто баъзе нохияхо аз тасарруфи беки мазкур баромада ба тобеияти Бухоро гузаштанд. Бар абас рафтани накшаи хони Бухоро нисбати Уротеппа ва иштироки хокими Хисор дар он корзор, норозигии мардуми вилояти мазкур аз Мухаммадаминби, хони Бухороро водор намуд, ки накшаи чандинсолаи худро амали гардонад. Мухаммадрахимхон ба суи Хисор ду маротиба лашкар кашида, солхои 1757-1758, баъди чанги шадид мулки мазкурро забт кард. Хокими он Мухаммадамини юз асир афтод, вале назди хони Бухоро cap фуруд наовард. Мухаммадрахимхон уро ба катл хукм кард. Асирро ба сари бозори Хисор бурда, ба дор овехтанд.

hissor

Дар Хисор истехкомоти нав сохта шуд. Чун Хисор ва вилоятхои атрофи он барои хони Бухоро ахамияти калон доштанд ва феодалони ин махалхо саркаш буданд, Мухаммадрахимхон амаки худ Дониёлбиро хокими Хисор ва вилоятхои Кухистон таъин намуд. Бо ин галабааш Мухаммадрахимхон дар Хисор, Кубодиён, Кундуз ба якбораги дастболо гардид. Мулки Балх ва тобеоти он – Кулоб ва Бадахшон тобеи мулки Хисор, яъне Дониёлби шуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …