Главная / Гуногун / Забони ширин

Забони ширин

Рузи душанбе.

Аз пагохи борон сим-сим меборид.

Аброр дусташ Чабборро гамгину маъюс дида, хавотиромез пурсид:

– Ха, чи шуд? Аз кошу кавокат барфу борон меборад?

– Эъ, ки кашад чабру чафо, ки кунад кайфу сафо, – бо андухи бепоён чавоб дод Чаббор. – Айюби Буз мепарад.

Аз чи бошад, ки Аброр як кад парид.

– Мепарад? Аз вазифа?

– Э, не-е, – даст афшонд Чаббор. – Ба Япония мепарад.

Табиист, ки аз ин хабар Аброр хеле хушхол гашт.

– Боз зиёфат мехурдаем-да!

– Ха, мехури, аз коки нав, – захрханда зад Чаббор. – Умед набанд.

– Чаро намедодааст? Магар у зиёфати дигаронро кам хурдааст?

– Ин зотхо мехуранду намедиханд, – гуфт ва паси хам се бор атса зад.

Аброр кахкос зада хандид.

– Ана худат тасдик карди: Хак асту рост! Ту хам мехури.

– Намехурам!

– Э чаро?

Чаббор нигохи тахдидомезе ба у афканд.

– Аз пули дузди, харом аст.

– Эъ бахили накун. “Рох зану эхсон кун!” – гуфтаанд.

Вокеан хам Айюби Буз чунон зиёфат дод, ки дахони хама воз монд.

– Ана ин чавонмарди! – хитоб намуд яке. – Ин хел одами сахи ва дасткушодро дар умрам надидаам.

– Ха, Худо ба у назар карда будааст, – гуфт дигаре.

– Не, маколи русхо дуруст баромад, – эътирозомез гуфт сеюми.

– Боз кадом макол? – бо хайрони пурсид якуми.

– «Бахт набуд, бадбахти ёри расонд!» – чавоб дод у. – Аз руи инсоф гуед, агар собик Иттифоки Шурави бархам намехурд, Айюби Буз, ки тамоми умр киморбози мекард, сохиби тахту бахт мешуд?!

– Ха, рост. Дар шаби хобаш хам намедид, – тасдик намуд дуюми.

– «Кто был ничем, стал всем!» – хитоб намуд сеюми.

Айюби Буз ба Япония рафта баргашт ва ба назди сардор даромад.

– Ассалом, чаноби раис!

– Эъ, биёед, биёед, Айюбчон! – сардор аз чояш бархоста, бо табассуми ширине уро истикбол намуд.

Айюби Буз аз «Айюбчон» гуфтани сардор ранчид ва бо кахр гуфт:

– Прошу, номи маро бошикаст нагир! О, ман какойта головотяп не-ку?! Маро Айюби Буз мегуянд! Айюби Буз!

– Охир, падаратон ба шумо Айюбчон ном мондаги…

Айюби Буз сухани уро кайчи зад:

– Лекин замона ба ман номи муносибро дод – Айюби Буз.

– Гапатон маъкул-куя, – хичолат кашида, забон хоид сардор. – Лекин…

– Лекинашро я вам скажу раис, берегите нервы, – гуфт у. – Просто Айюби Буз гуед.

Сардор гаранг-гаранг гуфт:

– Илтимос, хамин чизро аз ман талаб накунед.

– Ну и скажете, аз ин хусус переживать накунед. Кароче Айюби Буз гуфтан гиред.

– Охир, забонам намегардад…

– Э, чаро намегаштааст. Охир, забон дар дахони ту-ку? Забоне ки итоат намекунад, бурида партофтан лозим.

– Ха, хуб, хуб. Ана Айюби Буз…

– Э спасибо шавед, раис. Ана дидед, умница.

– Хайр, мархамат шинед, – бо табассум ба у курсиро муроот кард сардор.

– Не, спасибо, как говорится, чухт меистам. Аз шиштана касали безеб заработать кардан мумкин, – табассуми асроромез намуд Айюби Буз.

– Дар урфият: “Аввал таом, баъд калом!” – мегуянд…

– Э, мо ин коидаро паламат кардем! “Аввал калом мезанем, баъд таом!”

– На-хо-од?! Ха, гуфтаги барин, сафари Япония нагз гузашт? – пурсид сардор. – Маъкул шуд, охир?

– Эх, неспрашивайте. Дай бог, ки шумо хам равед. Э, чунон маъкул шуд, ки мондан гиред.

– Духтарош маъкул шудагист-а? – чашмаки зад сардор.

– Ха-ха-хахаха! Э мардак! Ха-ха-хахаха!

Сардор хам баробари у хандид.

– Духтарошба-ку гап нест, сад фоиз! Лекин шаф-шаф накарда, шафтолуи гапро гуям, забонашон чунон ширин, ки мондан гиред!

– Наход?! Хичи ёд гирифтед, охир?

– О-о, не спрашивайте, як чи ним чи ёд гирифтам.

– Хайр, хайр. Ку, ягон гапашро гуед чи?

– Не, шумо пурсед, ман чавоб дихам.

– Хайр, ана ман ба забони япони чи мешавам?

– Пожалуйста, хозир мегуям. Хан!

– Охо, чи забони ширине. Кабинетам чи?

– Хата Хана!

– Котибаам?

– Сучка хана!

– Коргарон?

– Рабы Хана!

– Мошинам?

– Тачка Хана!

– Занам?

– Дайду Хана!

– Духтарам?

– Олуфтасатанг Хана!

– Писарам?

– Сакалту Хана!

– Прокурор?

– Кент Хана!

– Вазир?

– Бог Хана!

– Ту?

– Ачал Хана!

Дар чехраи сардор якбора карохият ва танаффур чун барк чилва намуд. Теги нигох бар у равон карду дод зад:

– Вон ай хата Хана!

Хандае зад захрдор.

– Хай-яй-яй!

Аз гояти газаб сурх шуда буд.

– Чи-и?!

Тахдидомез нидо зад:

– Фаромуш карди!

Хайрати пурсид:

– Чиро?

Айюби Буз дархол хитоб намуд:

– Онро, ки каждый «вон» дорад “звон”!

Асабони шуд, худашро гум кард, ба руяш пак-пак нигох кард.

– А, чи гуфти? Звон?!

– Яъне возврат дорад! – сахту дурушт хитоб намуд Айюби Буз ва аз дар баромад.

– Уф-ф! – гуён, ба курси нишаст.

Нишасту шах шуду карахт.

Баъд дилашро гаму гусса фаро гирифт. Фикри “вон”-у “звон” дар сараш чарх мезад ва уро азоб медод.

Чукур-чукур нафас мегирифт, гуиё рохи нафасгириаш торафт танг шуда мерафт.

Сардор дарк намуд, ки Айюби Буз ба «Хата Хана!» бармегардад.

Бармегардад?!

Ха, хатман!

Хамчун корафтода?!

Э, не-е, не!

Хамчун «Хан!».

Ба пушту пеш, чапу рост ва поину боло чашм давонд.

Хеч буи умед набуд.

Якбора тарсу сиёхи ба дилаш нишаст.

– Худо зад!

Ва дилаш суст шуд!

Дар руяш хун намонд!

Аз хайкали гачи фарк надошт!

7 октябри соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …