Забонгазак (лотини: Polygonum hydropiper) — Инро дар як катор махалхо точикон занчабили оби низ меноманд. Зеро он бештар дар чохои обдор меруяд. Дар вакти онро бо дандон газидан гуё забонро мегазад, яъне дар руйи забон сузише пайдо мекунад. Баргаш монанди барги бед, вале дар миёначояш гуё дог дорад. Гулаш сурх ва монанди шаддаи мухрахои майда дар хуша аст.
Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, меъда ва чигарро гарм мегардонад ва гизоро хазм мекунад. Барг ва самарашро куфта гузошта банданд, варамхои сахти балгамии барчастаро тахлил медихад, догхои пуст ва кабудии зери чашмро, ки аз хуни мурда бошад, дафъ мекунад.
Решаашро куфта, гузошта банданд, доги кунчидак ва хамин кабил догхоро, ки кухна ва сахт шуда бошанд, башиддат дафъ мекунад. Микдори як бор хурдан аз гиёхи хушки забонгазак дар як руз то 7 грамм аст.