Главная / Илм / «ЗУМРАД»

«ЗУМРАД»

zumrad«ЗУМРАД», осоишгохест дар ш. Исфара. Дар баландии 940 м аз с.б. вокеъ гаштааст. Мавзеи «З.» ба осорхонаи табии шабохат дошта, зеботарин гушаи нохия ба шумор меравад. Сабаби таъсиси «З.» чашмаи минералии «Обишифо» аст. Дар чои имрузаи «З.» с. 1972 хонаи истирохат (150 кат) барои кормандони сохаи кишоварзи ташкил шуда буд. С. 1976 онро ба осоишгох табдил доданд (барои 260 наф). Феълан дар «З.» дар як баст то 500 наф. истирохат мекунад (дар як сол то 8500 наф.). «З.» дорои 3 бинои икомати, 2 котеч, 3 бинои табобати (барои 250 наф. дар як соат), касри «Шифокорон» (барои 300 наф.), китобхона, чойхонаи «Сино», осорхона, ошхона, озмоишгохи биохимияви, шуъбаи ташхис ва стоматологи мебошад. Дар «З.» ба беморихои дилу рагхо (галаёни хун, миокардитхо, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва г.), узвхои такя ва харакат (тарбод, остеохондроз, остеоартрозхо, остит, бурсит ва г.), силсилаи асаб (атеросклерози рагхои майна, арахноидит, энсефалит, полиомиелит, сарсом, неврастения ва г.), касалихои занона (илтихоби бачадон, бенасли, эндометрит, аднексит, колпит ва г.), илтихоб ва захми меъда, амрози чигар, талхадон, гурда ва роххои пешоб ва г. дармон бахшида мешавад. Табибони «З.» аз усулхои муолича бо оби минерали (обшифои), варзиш, пархез, лойкаи шифобахш, лойкабарк, озокерит (муми кухи), нафталан, баркшифои, магнитшифои, масхшифои, сузаншифои ва г. истифода мекунанд.
Ад.: Бобохонов С.Б., Восидов З. (ва диг.), Зумрад, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …