Главная / Илм / ЗУЛУК (ШУЛУК) дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗУЛУК (ШУЛУК) дар Канзи Шифо (Китоб)

shuluk-660x330Зулукро  дар баъзе махалхои точикон шуллук хам меноманд. Ин чонвар дар чашмахои гуногун ва баъзан дар кулхо низ пайдо мешавад, гуногун мебошад. Он чи дар обхои чашма зиндаги ба сар барад, сиёхи камранг ва дар калониву хурди миёна мебошад, сараш сиёхи кулула ва таги шикамаш андак ало бошад, хуб аст. Инчунин гуфтаанд, ки он чи зери шикамаш сурхранг ва бар пушти он ду хати сабз ва бо суратхои номбурда бошад, некуст. Вале он чи бисёр сиёх, ало ва калон бошад, бад аст — ин дар тиб истеъмол намегардад, инчунин майдааш хам заиф аст.

Мизочаш сард ва хушк мебошад. Хислатхои шифобахпш он: зулукро хушк намуда, куфта, бо асал хамир карда, лесида бихуранд, варам ва дарди гулуро тахлил медихад, санги гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад.

Куфтаи зулукро бо сабир (алоэ) сиришта гузошта банданд, донаи бавосирро хушк мекунад. Агар онро бимоланд, догхои пустро пок месозад. Зулукро дар равгани зайтун пухта, ба закар бимоланд, багоят онро калон мегардонад ва кави месозад. Инчунин зулукро дар равгани зайтун сухта, батакрор ба закар гузошта банданд, онро калон ва кави мегардонад.

Зулукхои майдаро сухта бо сирко ё оби банг (кирмрезонак) сиришта, мижаи зоид ва чаппа руидаро канда, ба он чо гузошта банданд, дигар намеруяд. Сухтаи зулукхои майдаро бо равгани бунафша даромехта, дар сурохи закар ё дар фарч чаконанд, сузиши пешоб (сузок) ва захми хичакро (пешобдонро) шифо мебахшад.

Чун понздах адад зулуки калони зиндаро ба 90 грамм кирми лойхураки шустаги, хушк карда, дар 420 грамм равгани кунчиди тоза хуб чушонида, баъд соф карда, дар шиша нигох доранд. Дар вакти хочат ин равганро ба закар ва атрофи он бимоланд, онро кави ва серхаракат мегардонад. Чунин равганро ба хояе, ки дар он об фуромада, сахт ва кухнашуда бошад, чанд руз паихам гарм карда бимоланд, он обро дур мекунад — шифо мебахшад.

Зулуки навъи аъло, яъне тиббиро ба мавзеъе, ки хуни мурдор, яъне хуни харом дошта бошад, монанди: ширинча, решхои раддии бадфиъол, шукуфаи пуст, доначахои радди, ба чохои нозук ва заиф монанди пилкхои чашм, гушахои чашм, рухсорахо, ба тифлон ё занони заифбунёд (нимчон), ки хун гирондан нахоханд, бичаспонанд, хуни харомро бе азият мекашад, лекин шарташ хамин, ки бадан аз ахлоти мурдор пур набуда, балки аз онхо пок бошад. Баъд аз зулук мондан аз нушидани оби хунук, баромадан ба хавои сард ва аз ошомидани чизхои турш пархез намоянд. Агар рузи дигар ба узве, ки зулук часпонида бошанд, боз бичаспонанд, бакияи хуни харомеро, ки дар он узв мондааст, мекашад — ин бад нест, вале адади зулукхои часпонидашаванда аз пешина камтар бояд бошад, масалан, рузи якум дах адад зулук часпонида бошанд, рузи дувум панч ё се адад бимонанд.

Шартхои зулукмони чунин аст, ки бояд ба як дафъа хуни бисёр нагиранд, ки сусти меоварад; инчунин ба руйи раг хам начаспонанд. Бехтар он аст, ки зулуки хуб ва сараро пеш аз ба бадан часпонидан муддате нигох доранд, то ки хурдаи худро кай карда партояд, пок гардад. Узви шахси беморро чандон бимоланд, ки сурх гардад ва агар мумкии бошад, баъд зулук бичаспонанд. Баъд аз пур шудани он аз хун зулукро мачбуран аз бадан чудо накунанд, балки бигузоранд, то аз хун пур шуда ва сер худ ба худ чудо гардад. Андак хокистар ё намак бар дахани он бипошанд, ки ба ин тадбир худ ба худ чудо мегардад. Баъд чойи дахонаш газидаи онро дам ба дам бо порчаи карбоси кухна мулоим пок намоянд, то хунаш аз рафтан бимонад. Агар хун бисёр ояд, бо ин тадбир банд намегардад. Дар ин маврид бо кадре хокистар ва гайра, ки манъкунандаи хун бошад, банд намоянд. Агар он мавзеъ ба сабаби расидани об ё хаво дард ва варам кунад ва бисёр ба хориш ояд, он чойро бо зардчубаи куфтаги ва бехтаги, ки дар латта баста бошанд, гармбанди намоянд ё зардчубаро бо об хамир карда, батакрор гузошта банданду аз об ва хавои хунук эхтиёт намоянд. Чун баъд аз чудо шудани зулук кадаре намак бар дахани он бипошанд, хамаи хунхои хурдаашро кай мекунад ва мемирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …