Главная / Илм / ЗУКОМ

ЗУКОМ

zukomЗУКОМ (Rhinitis), ринит, илтихоби луобпардаи бини; бемории алохида (аз сирояти микробхои мухталиф ва нихоят хунук хурдан ба вучуд меояд) ва бештар аломати чанде дигар амрози сирояти (мас., грипп, хунок, назла, сурхча ва г.) мебошад.
Дар натичаи варами (газаки) луобпардаи бини ё гулу хисси хушк шудани кисми болоии рохи нафас ва сузиши он, хамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд руз оби бинию луоб хеле зиёд меояд. Авзои бемор кам тагйир меёбад, харорат, одатан, муътадил аст ё аз 37 – 37,5° боло намешавад. Бо вучуди ин, мариз сарашро вазнин хис мекунад, кобилияти кори паст, бо бини нафас гирифтан душвор мегардад; баъзан аз сабаби илтихоби пардаи чашм оби чашм меравад, хисси шомма суст мешавад. Хусусан З.-и кудакони ширмак вазнин аст; азбаски ворахои бинии онхо хеле танг мебошанд, андак варамидани луобпардаи бини ба ихтилоли нафас, хоб, логари (сина макида натавонистану гуруснаги)-и кудак сабаб мегардад. Баъзан илтихоб луобпардаи халкум, найчаи гуш, ханчара ва хатто касаба (бронххо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин кабил инкишофи З. рох додан харгиз мумкин нест.
Хангоми З. чунин тадбирхои пешгири ва табобати гузаронида мешаванд: бештар нушидани чой (ширчой, асалчой, чой бо киёми марминчон, кулфинай ва г.); мувофики тавсияи духтур истеъмол кардани дорухои араковар, антибиотикхо ва г. Дар натичаи табобат варами луобпардаи роххои нафас бархам хурда, нафасгири осон мешавад. Сахт бини афшондан ва сулфаи тулони ба сироят ёфтани кисми дохилии гуш мусоидат мекунад. Аз ин ру биниро охиста (бе зур задан) афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст. Аз табобати саривактии З. сар кашидан ва ичро накардани тавсияи духтур (мас., оид ба бистари гаштан) мучиби инкишофи З.-и музмин мегардад. Бояд дар хотир дошт, ки илтихоби бардавоми луобпардаи узвхои нафас ба раванди муътадили нафасгири халал ворид месозад.
З. хамеша окибати нихоят хунук хурдан ё амрози сирояти нест. Шахсони асабони ва хаячонпазир бештар гирифтори З.-и аллерги (З.-и вазомотори) мешаванд. Ин кабил З. бо атсазании муттасил, ихрочи барзиёди оби бини, ашкрези, хориши бинию пилкхои чашм хуруч меёбад (рузе чанд маротиба такрор мешавад).
Барои табобати З.-и аллерги дорухоеро кор мефармоянд, ки онхо хассосияти баланди организмро муътадил мегардонанд. З.-и навъи хасбеда, одатан, айёми гулшукуфти растанихои хушадор пайдо мешавад. Суйистеъмоли нушокихои спиртдор, амрози дилу гурда, шароити кории зарарнок (мас., нихоят чангу губорнок будани хаво) ба иллати музмин гузаштани З.-и шадид мусоидат мекунанд.
Дар натичаи З.-и музмин луобпардаи бини гафс шуда, окибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роххои нафас тунук мешавад. Дар ин сурат баркарор намудани функсияи луобпарда ва хисси шомма басо мушкил хохад гашт. Аз ин ру, ба инкишофи З.-и музмин набояд рох дод. Андешидани тадбирхое, ки З.-ро пешгири мекунанд, хусусан обутоби организм басо мухим аст.
Тавассути обутоби организм одам ба тагйири харорат,сармо ё гармозани, ба бодгар, рутубати барзиёд ё хавои хушк одат мекунад. Организмро хаво ва офтоб дода, ба оббози, намудхои тобистонаю зимистонаи варзиш муттасил машгул шудан лозим аст. Риояи коидахои бехдошт дар хона ва истехсолот хеле муфид мебошад. Хангоми чангу губор будани хавои коргох аз респиратор истифода бурдан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …